[1] Инак, Худованд заминро холӣ ва хароб мекунад, ва сатҳи онро дигаргун месозад, ва сокинони онро пароканда менамояд.
[2] Ва чунон ки қавм бошанд, ончунон коҳин хоҳад буд, чунон ки ғулом — ончунон оғояш, чунон ки каниз — ончунон хотунаш, чунон ки харидор — ончунон фурӯшанда, чунон ки қарзхоҳ — ончунон қарздор, чунон ки даъвогар — ончунон ҷавобгар.
[3] Замин тамоман беодам ва толону тороҷ хоҳад шуд, зеро ки Худованд ин суханро гуфтааст.
[4] Замин мотам гирифтааст, сархам шудааст; дуньё афсурдахотир ва сархам шудааст; олимақомони қавми замин афсурдахотир шудаанд.
[5] Ва замин зери сокинонаш палид шудааст, зеро ки онҳо дастурҳоро поймол кардаанд, аз фароиз берун баромадаанд, аҳди ҷовидониро шикастаанд.
[6] Бинобар ин лаънат заминро хӯрдааст, ва сокинони он ба ҷазо дучор шудаанд; бинобар ин сокинони замин сӯхтаанд, ва аз одамон андаке боқӣ мондаанд.
[7] Шираи ангур мотам гирифтааст; ток афсурдахотир шудааст; ҳамаи шоддилон оҳ мекашанд.
[8] Шодмонии дафҳо барҳам хӯрдааст; ғавғои айёшон хотима ёфтааст; шодмонии барбатҳо барҳам хӯрдааст.
[9] Дигар бо суруд шароб наменӯшанд; арақ барои нӯшандагонаш талх шудааст.
[10] Шаҳри хароба ба шикаст гирифтор шудааст; ҳар хона баста аст, ва касе наметавонад дарояд.
[11] Дар кӯчаҳо аз барои шароб фиғон мекашанд; ҳар гуна сурур тира гардидааст; шодмонии замин талаф шудааст.
[12] Дар шаҳр харобӣ ҳукмфармост, ва дарвозаи он шикаста пора‐пора шудааст.
[13] Ва дар миёни замин, дар байни қавмон ончунон хоҳад шуд, чунон ки дар вақти зада афшондани дарахти зайтун ва баъд аз анҷоми ангурчинӣ якчанд шингиле боқӣ мемонад.
[14] Онҳо овози худро баланд карда, тараннум хоҳанд намуд: дар бораи кибриёи Худованд аз ҷониби баҳр бо шодӣ садо хоҳанд баровард.
[15] Бинобар ин Худовандро дар шарк, ва исми Худованд Худои Исроилро дар ҷазираҳои ғарб ҷалол диҳед.
[16] Аз ақсои замин мо сурудҳоро шунидаем: «Одилро ҷалол бод!» Ва ман гуфтам: «Дареғо бар ман! Дареғо бар ман! Вой бар ман! Хоинон хиёнат кардаанд, ва хоинон хиёнат бар хиёнат зам кардаанд».
[17] Эй сокини замин, тарс ва чоҳ ва дом бар туст!
[18] Ва воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кӣ аз овози тарс бигрезад, ба чоҳ хоҳад афтод; ва ҳар кӣ аз даруни чоҳ барояд, ба дом хоҳад афтод; зеро ки равзанҳо аз афроз кушода хоҳад шуд, ва асосҳои замин ба ларза хоҳад омад.
[19] Замин пора‐пора шудааст, замин аз ҳам ҷудо шудааст, замин вожгун гардидааст.
[20] Замин мисли маст мекалавад, ва мисли арғунчак алвонҷ мехӯрад; ва ҷинояташ бар он гаронӣ мекунад; ва фурӯ хоҳад ғалтид, ва дигар нахоҳад бархост.
[21] Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд лашкари афрозро бар афроз, ва подшоҳони заминро бар замин тафаққуд намуда, ҷазо хоҳад дод.
[22] Ва мисли издиҳоми бандиён дар чоҳе ҷамъ оварда хоҳанд шуд, ва дар зиндон баста хоҳанд шуд, ва баъд аз рӯзҳои бисьёр тафаққуд карда хоҳанд шуд.
[23] Ва моҳ хиҷил, ва офтоб шармсор хоҳад шуд, зеро ки Худованди лашкарҳо бар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим салтанат хоҳад ронд, ва ба хузури пирони Худ ҷалол хоҳад ёфт.