[1] Худовандо! Ту Худои ман ҳастӣ. Туро такбир менамоям, исми Туро ҳамд мегӯям, чунки корҳои аҷиб кардаӣ; муқаддароти қадими Ту ҳақ асту рост.
[2] Зеро ки Ту шаҳрро ба сангтӯдае, пойтахти истеҳкомдорро ба харобазор табдил додаӣ; қасри бегонаҳоро аз шаҳр маҳв намудаӣ, ки он ҳаргиз бино нахоҳад ёфт.
[3] Бинобар ин қавмони зӯровар Туро ҷалол хоҳанд дод; шаҳрҳои халқҳои мустабид аз Ту хоҳанд тарсид.
[4] Зеро ки Ту қалъае барои бенаво, қалъае барои мискин дар вақти тангии вай, паноҳгоҳе аз борони сел, сояе аз гармо будӣ; зеро ки нафаси қаҳролуди мустабидон мисли селоби деворшикан аст.
[5] Ҳаёҳуи бегонаҳоро мисли гармо дар саҳрои хушк Ту фурӯ хоҳӣ нишонид; тараннуми мустабидон мисли гармо аз сояи абр паст хоҳад шуд.
[6] Ва Худованди лашкарҳо бар ин кӯҳ барои ҳамаи қавмон базме аз таомҳои равғанин, базме аз шаробҳои кӯҳна — аз таомҳои равғанини болаззат ва аз шаробҳои кӯҳнаи мусаффо — хоҳад орост;
[7] Ва бар ин кӯҳ рӯпӯшеро, ки бар ҳамаи қавмон пӯшонида шудааст, ва пардаеро, ки бар ҳамаи халқҳо густурда шудааст, барҳам хоҳад дод;
[8] Маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд, ва Худованд Худо ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо пок хоҳад кард, ва нанги қавми Худро аз рӯи тамоми замин дур хоҳад сохт; зеро ки Худованд гуфтааст.
[9] Ва дар он рӯз хоҳанд гуфт: «Инак, Худои мо, ки ба Ӯ умед бастаем, ва Ӯ моро наҷот хоҳад дод! Ин аст Худованде ки ба Ӯ умед бастаем, пас дар наҷоти Ӯ шодӣ ва хурсандӣ хоҳем кард!»
[10] Зеро ки дасти Худованд бар ин кӯҳ қарор хоҳад ёфт, ва Мӯоб дар ҷои худ поймол хоҳад шуд, чунон ки коҳ дар ахлот поймол мешавад;
[11] Ва ҳарчанд вай дастҳои худро андаруни он ҳаракат диҳад, чунон ки шиновар барои шино кардан ҳаракат медиҳад, — вале Ӯ такаббури варо бо якҷоягии ҳилаҳои дастҳои вай паст хоҳад кард.
[12] Ва Ӯ ҳисорҳои баланди истеҳкомдори туро вожгун намуда, фурӯ хоҳад ғалтонид, бар замин афканда, ба хок яксон хоҳад кард.