Skip to content
Opens in a new window

[1] Биёбон ва саҳрои хушк ба ваҷд хоҳад омад, ва чӯл шод хоҳад гардид, мисли гули савсан хоҳад шукуфт;

[2] Гул‐гул шукуфта ва шод гардида, аз хурсандӣ ва тараннум пур хоҳад шуд; ҷалоли Лубнон ва шавкати Кармил ва Шорӯн ба вай ато хоҳад шуд; онҳо ҷалоли Худованд ва шавкати Худои моро хоҳанд дид.

[3] Дастҳои беқувватро қавӣ кунед, ва зонуҳои ларзонро тақвият диҳед.

[4] Ба дилҳои тарсончак бигӯед: «Қавӣ бошед! Натарсед! Инак, Худои шумо бо интиқом меояд, бо подоши илоҳии Худ меояд: Ӯ омада, шуморо наҷот хоҳад дод».

[5] Он гоҳ чашмони кӯрон кушода хоҳад шуд, гӯшҳои карон воз хоҳад шуд.

[6] Он гоҳ ланг мисли гавазн ҷастухез хоҳад кард, ва забони гунг тараннум хоҳад намуд, зеро ки обҳо дар биёбон, ва рӯдҳо дар чӯл ҷӯш хоҳад зад.

[7] Ва сароб ба кӯл табдил хоҳад ёфт, ва хушкӣ — ба чашмаҳои об; дар маскане ки шағолон мехобанд, маконе барои най ва қамиш хоҳад буд.

[8] Ва дар он ҷо шоҳроҳе ва ҷоддае хоҳад буд, ва он роҳи муқаддас номида хоҳад шуд; наҷисе аз он нахоҳад гузашт; балки он барои онҳо хоҳад буд, ва ҳар кӣ бо ин роҳ равад, ҷоҳил бошад ҳам, гумроҳ нахоҳад шуд.

[9] Шере дар он ҷо нахоҳад буд, ва ҳайвони даррандае бар он нахоҳад баромад ва дар он ҷо ёфт нахоҳад шуд, балки растагорон бар он қадамгузор хоҳанд шуд.

[10] Ва растагорони Худованд баргашта, бо тараннум ба Сион хоҳанд омад, ва хурсандии абадӣ бар сари онҳо хоҳад буд; онҳо ба шодӣ ва хурсандӣ ноил хоҳанд гардид, ва андӯху фиғон нест хоҳад шуд.

Китоби Ишаъёи Набӣ — Chapters