Skip to content
Opens in a new window

[1] Дар он рӯз ин суруд дар замини Яҳудо сароида хоҳад шуд: «Мо шаҳри мустаҳкаме дорем; Ӯ наҷотро чун ҳисор ва садд ба вуҷуд овардааст.

[2] Дарвозаҳоро бикшоед, то халқи одиле ки имонашонро нигоҳ медоранд, ворид шаванд.

[3] Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад.

[4] Ба Худованд то абад таваккал кунед, зеро ки Худованд Худо сахраи ҷовидонист.

[5] Зеро ки Ӯ болонишинонро вожгун намудааст, шаҳри олишонро фурӯ ғалтонидааст, онро то ба замин фурӯ ғалтонида, ба хок яксон кардааст.

[6] Онро пойҳо поймол мекунад, — пойҳои мискинон, қадамҳои бенавоён».

[7] Роҳи одил рост аст; Ту, эй Росткор, тариқи одилро ҳамвор мекунӣ.

[8] Ва дар роҳи довариҳои Ту, эй Худованд, мо ба Ту умед бастаем, ва ҷони мо иштиёқманди исми Ту ва зикри Ту мебошад.

[9] Шабонгаҳ ман бо ҷони худ муштоқи Ту ҳастам, ва саҳаргоҳон ман бо рӯҳи худ дар андарунам Туро металабам; зеро вақте ки довариҳои Ту бар замин ба амал ояд, сокинони дуньё инсофро таълим хоҳанд гирифт.

[10] Агар шарир омурзида шавад, адлу инсофро таълим нахоҳад гирифт, — дар замини росткорон ноинсофӣ хоҳад кард, ва кибриёи Худовандро нахоҳад дид.

[11] Худовандо! Дасти Ту баланд бардошта шудааст, аммо онҳо намебинанд; чун рашки Туро барои қавмат бинанд, хиҷил хоҳанд шуд; оташи хашмат адуёни Туро фурӯ хоҳад бурд.

[12] Худовандо! Осоиштагиро барои мо барқарор намо; зеро ки ҳамаи корҳои моро низ Ту барои мо ба амал овардаӣ.

[13] Худовандо, Худои мо! Ҳокимон ба ғайр аз Ту бар мо салтанат меронданд, аммо танҳо ба Ту умед баста, исми Туро зикр менамудем.

[14] Мурдагон зинда нахоҳанд шуд; арвоҳи мурдагон нахоҳанд бархост; зеро ки Ту онҳоро тафаққуд намуда, нобуд сохтаӣ, ва тамоми зикрашонро маҳв кардаӣ.

[15] Халқро афзун намудаӣ, эй Худованд, халқро афзун намуда, Худро ҷалол додаӣ, тамоми ҳудуди заминашонро васеъ кардаӣ.

[16] Худовандо! Дар вақти тангии худ онҳо Туро талабидаанд; чун аз Ту ҷазо меёфтанд, бо зорию илтиҷо дуо мегуфтанд.

[17] Чунон ки зани ҳомиладор ҳангоми наздик омадани зоиданаш аз дардҳои сахти худ печутоб хӯрда, фарьёд мезанад, ончунон мо низ, эй Худованд, ба ҳузури Ту будем.

[18] Ҳомила шуда, печутоб мехӯрдем, вале гӯё ки бодро мезоидем: ҳеҷ наҷоте барои замин ба амал наомад, ва сокинони дуньё фурӯ нағалтиданд.

[19] Бигзор мурдагони Ту зинда шаванд, майитҳои ман бархезанд! Эй сокинони хок, бедор шавед ва тараннум намоед! Зеро ки шабнами Ту шабнами наботот аст, ва замин мурдагонро берун хоҳад афканд.

[20] Эй қавми ман, биёед, ба ҳуҷраҳои худ дароед, ва дарҳои худро аз қафои худ бибандед, як лаҳзае пинҳон шавед, то даме ки ғазаб бигзарад.

[21] Зеро инак, Худованд аз макони Худ берун меояд, то ки сокинони заминро барои гуноҳашон сазо диҳад; ва замин хунҳои фурӯбурдаи худро ошкор хоҳад кард, ва мақтулони худро дигар пинҳон нахоҳад дошт.

Китоби Ишаъёи Набӣ — Chapters