Skip to content
Opens in a new window

[1] Бил фурӯ ғалтидааст, Набӯ сари таслим овардааст, бутҳои онҳо бар ҳайвонот ва чорпо бор карда шудааст: он чизҳое ки шумо бардор‐бардор мекардед, барои ҳайвоноти лакот бори гароне гардидааст.

[2] Онҳо якҷоя фурӯ ғалтида, сари таслим овардаанд, он борро натавонистаанд раҳо кунанд, балки худашон низ ба асирӣ рафтаанд.

[3] «Маро бишнавед, эй хонадони Яъқуб, ва эй тамоми бақияи хонадони Исроил, ки аз батн шуморо бар Худ бор кардаам, ва аз раҳим шуморо бардоштаам,

[4] Ва то пирии шумо Ман хамон ҳастам, ва то мӯйсафедии шумо Ман шуморо хоҳам бардошт: Ман шуморо ба вуҷуд овардаам, ва Ман бар Худ бор хоҳам кард, ва Ман хоҳам бардошт ва хоҳам раҳонид.

[5] Маро ба кӣ монанд мекунед ва баробар медонед, ва Маро ба кӣ мисол мезанед, то ки монандӣ дошта бошам?

[6] Тиллоро аз ҳамьён мерезанд, ва нуқраро бо тарозу бармекашанд; заргареро киро мекунанд, то ки худое аз он бисозад; пеши он саҷда мекунанд ва онро мепарастанд.

[7] Онро бар китфи худ бардошта мебаранд, ва дар маконаш мегузоранд, ва он меистад ва аз ҷояш намеҷунбад; пеши он доду фарьёд мекунанд, вале ҷавоб намедиҳад, онҳоро аз мусибаташон раҳо намекунад.

[8] Инро ба ёд оваред ва худро даст гиред; инро, эй осиён, ба дили худ гузаронед!

[9] Паёмҳои пешинаро аз замони қадим ба ёд оваред, зеро ки Ман Худо ҳастам, ва Худои дигаре нест, ва амсоли Ман нест.

[10] Оқибатро аз ибтидо, ва он чиро, ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим баён менамоям; Ман мегӯям: „Иродаи Ман иҷро хоҳад шуд, ва ҳар он чиро, ки хостаам, ба ҷо хоҳам овард“.

[11] Уқоберо аз шарқ, иҷрокунандаи қарори Худро аз кишвари дурдаст хондаам; он чи гуфтаам, яқинан ба амал хоҳам овард; он чи пешбинӣ намудаам, яқинан иҷро хоҳам кард.

[12] Маро бишнавед, эй сахтдилон, ки аз адолат дур шудаед!

[13] Ман адолати Худро наздик овардаам, ва он дур нест, ва наҷоти Ман таъхир нахоҳад кард; ва наҷотро дар Сион барои Исроил, ки шукӯҳи Ман аст, хоҳам бахшид».

Китоби Ишаъёи Набӣ — Chapters