[1] Ва дар он рӯз хоҳӣ гуфт: «Туро, эй Худованд, ҳамд мегӯям, зеро ки ҳарчанд бар ман ғазаб кардӣ, аммо ғазабат фурӯ нишаст, ва маро тасаллӣ додӣ.
[2] Инак, Худо наҷоти ман аст: ман ба Ӯ таваккал мекунам, ва наметарсам, зеро ки қуввати ман ва суруди ман Худованд Худост, ва Ӯ наҷоти ман гардидааст».
[3] Ва бо шодмонӣ аз чашмаҳои наҷот об хоҳед кашид.
[4] Ва дар он рӯз хоҳед гуфт: «Худовандро ҳамд гӯед, исми Ӯро бихонед; корҳои Ӯро дар миёни қавмон хабар диҳед; зикр намоед, ки исми Ӯ олист.
[5] Худовандро бисароед, зеро ки Ӯ корҳои бузург кардааст; ин дар тамоми замин маълум аст.
[6] Ба ваҷд ой ва бисарой, эй сокинаи Сион, зеро ки Қуддуси Исроил андаруни ту бузург аст».