Skip to content
Opens in a new window

[1] Худованд ба масеҳи Худ, ба Куруш, чунин мегӯяд: «Ман дасти рости туро гирифтаам, то халқҳоро пеши ту мағлуб намоям, ва Ман камарҳои подшоҳонро хоҳам кушод, то ки дарҳо пеши ту кушода шавад, ва дарвозаҳо баста нашавад.

[2] Ман пешопеши ту хоҳам рафт ва ноҳамвориҳоро ҳамвор хоҳам кард, дарҳои мисинро пора‐пора хоҳам кард ва ғалақаҳои оҳанинро хоҳам шикаст.

[3] Ва хазинаҳои зулмот ва ганҷҳои ниҳониро ба ту хоҳам дод, то бидонӣ, ки Ман — Худованде ки туро ба номи ту хондаам, Худои Исроил ҳастам.

[4] Ба хотири бандаи Худ Яъқуб ва баргузидаи Худ Исроил туро ба номат хондам ва мӯҳтарам доштам, гарчанде ки ту Маро намешинохтӣ.

[5] Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест; ғайр аз Ман Худое нест; Ман камари туро бастаам, гарчанде ки ту Маро намешинохтӣ,

[6] То ки аз тулӯи офтоб ва аз ғуруби он бидонанд, ки ҷуз аз Ман нест: Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест.

[7] Ман рӯшноиро ба вуҷуд меоварам ва зулмотро меофарам, сулҳу осоиштагӣ барқарор менамоям ва мусибатҳоро ба вуҷуд меоварам; Ман — Худованд ҳамаи инҳоро ба амал меоварам.

[8] Эй афлок! Аз боло биборон, то ки абрҳо адлу инсофро фурӯ резад. Бигзор замин рӯи худро бикшояд, то ки наҷотро ба миён оварад, ва адлу инсоф бо он нумӯ кунад. Ман — Худованд инро офаридаам».

[9] Эй вой бар касе ки бо Офаринандаи худ муноқиша мекунад, дар сурате ки худаш сафолпорае аз сафолпораҳои рӯи замин аст! Оё гил ба кӯзагар мегӯяд: «Чӣ чизе сохтаӣ?» Ва ё маснӯи ту мегӯяд: «Ӯ дасти моҳир надорад!»

[10] Эй вой бар касе ки ба падари худ гӯяд: «Чаро ту маро ба дуньё овардаӣ?» Ва ба модари худ: «Чаро ту маро зоидаӣ?»

[11] Худованд, ки Қуддуси Исроил ва Офаринандаи вай аст, чунин мегӯяд: «Оё шумо дар бораи ояндаи писарони Ман ба Ман савол медиҳед, ва дар бораи амали дастҳои Ман Маро амр мефармоед?

[12] Ман заминро ба вуҷуд овардаам, ва инсонро бар он офаридаам; дастҳои Ман афлокро паҳн кардааст, ва ҳамаи лашкарҳои онро Ман амр фармудаам.

[13] Ман ӯро барои адолат барангехтаам, ва ҳамаи роҳҳояшро ҳамвор хоҳам кард. Ӯ шаҳри Маро бино хоҳад кард, ва матрудони Маро хоҳад фиристод, лекин на дар ивази фидия ва на дар ивази инъомҳо», — мегӯяд Худованди лашкарҳо.

[14] Худованд чунин мегӯяд: «Сарвати Миср, ва тиҷорати Ҳабаш, ва аҳли Сабо, ки мардуми баландқоматанд, аз ҳудуди ту хоҳанд гузашт ва аз они ту хоҳанд шуд: онҳо аз паи ту хоҳанд рафт, дар занҷирҳо хоҳанд гузашт, ва пеши ту саҷда намуда, бо дуо ба ту хоҳанд гуфт: „Худо фақат дар туст, ва ғайр аз Ӯ Худои дигаре нест“».

[15] Ба яқин, Ту Худои мастур ҳастӣ, эй Худои Исроил, эй Наҷотдиҳанда!

[16] Ҳамаи ҳунармандони санамсоз хиҷил ва расво хоҳанд шуд; онҳо якҷоя ба расвоӣ хоҳанд рафт.

[17] Аммо Исроил дар Худованд наҷот хоҳад ёфт, ки наҷоти ҷовидонӣ хоҳад буд; шумо то абад хиҷил ва расво нахоҳед шуд,

[18] Зеро Худованде ки афлокро офаридааст, чунин мегӯяд; Ӯ Худоест, ки заминро ба вуҷуд овардааст ва сохтааст; Ӯ онро барқарор намудааст; онро на аз барои он офаридааст, ки бодияе бошад, балки аз барои он ба вуҷуд овардааст, ки маскун бошад. «Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест.

[19] Ба таври ниҳонӣ, дар макони тираи замин сухан нарондаам; ба насли Яъқуб нагуфтаам: „Маро беҳуда биҷӯед“; Ман Худованди ҳақгӯй ҳастам, ки чизҳои ростро баён мекунам.

[20] Ҷамъ шуда биёед, ва бо ҳам наздик шавед, эй растагорони халқҳо! Онҳое ки санами чӯбини худро бардошта мегарданд, ва пеши худое ки наметавонад наҷот диҳад, дуо мегӯянд, нодон ҳастанд.

[21] Бигӯед, ва пешниҳод кунед, ва бо ҳам машварат намоед: кист, ки инро аз қадимулайём эълон намуда, аз он замон пешакӣ гуфтааст? Оё на Ман, ки Худованд ҳастам? Ва ғайр аз Ман Худои дигаре нест, — Худои одил ва наҷотдиҳандае ҷуз аз Ман нест.

[22] Ба Ман руҷӯъ намоед ва наҷот хоҳед ёфт, эй тамоми ақсои замин! Зеро ки Ман Худо ҳастам, ва дигаре нест.

[23] Ба Зоти Худ қасам хӯрдаам: „Аз даҳони Ман ростӣ, каломи барнагаштанӣ берун омадааст, ки пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд, ва ҳар забоне ба исми Ман қасам хоҳад хӯрд,

[24] Ва ҳар кас хоҳад гуфт: адолат ва қудрат барои ман фақат дар Худованд аст“». Ҳаман онҳое ки бар Ӯ ғазаб доштанд, сӯи Ӯ хоҳанд омад ва хиҷил хоҳанд шуд.

[25] Тамоми насли Исроил дар Худованд сафед хоҳанд шуд ва ҷалол хоҳанд ёфт.

Китоби Ишаъёи Набӣ — Chapters