[1] Дар он замон Мерӯдак Балъадон ибни Балъадон, подшоҳи Бобил, ба Ҳизқиё нома ва ҳадия фиристод, зеро шунида буд, ки вай бемор будааст ва сиҳат ёфтааст.
[2] Ва Ҳизқиё аз онҳо хурсанд шуд, ва хазинахонаи худро: нуқра ва тилло, ва атриёт ва равғани аъло, ва тамоми қӯрхонаи худ, ва ҳар чиро, ки дар хазоини ӯ ёфт мешуд, ба онҳо нишон дод; ҷизе набуд, ки Ҳизқиё ба онҳо дар хонаи худ ва дар тамоми қаламрави худ нишон надода бошад.
[3] Ва Ишаъёи набӣ назди подшоҳ Ҳизқиё омад, ва ба ӯ гуфт: «Ин одамон чӣ гуфтанд? Ва аз куҷо назди ту омадаанд?» Ва Ҳизқиё гуфт: «Аз кишвари дур, аз Бобил онҳо назди ман омадаанд».
[4] Ва Ишаъё гуфт: «Дар хонаи ту чӣ диданд?» Ва Ҳизқиё гуфт: «Ҳар он чи дар хонаи ман ҳаст, диданд; чизе дар хазоини ман намонд, ки ба онҳо нишон надода бошам».
[5] Ва Ишаъё ба Ҳизқиё гуфт: «Каломи Худованди лашкарҳоро бишнав:
[6] Инак, рӯзҳо меояд, ва ҳар он чи дар хонаи туст, ва он чи падаронат то имрӯз андӯхтаанд, ба Бобил бурда хоҳад шуд; чизе боқӣ нахоҳад монд, — мегӯяд Худованд.
[7] Ва аз писаронат, ки аз ту ба вуҷуд оянд, ва ту онҳоро ба дуньё оварӣ, хоҳанд гирифт, — ва онҳо дар қасри подшоҳи Бобил хоҷасаро хоҳанд шуд».
[8] Ва Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Каломи Худованд, ки ту ба забон рондӣ, барҳақ аст». Ва гуфт: «Бигзор дар рӯзҳои ман осоиштагӣ ва пояндагӣ бошад!»