Skip to content
Opens in a new window

[1] Кошки ту барои ман бародаре ки пистонҳои модари маро макидааст, мебудӣ! Он гоҳ, дар берун бо ту вохӯрда, туро мебӯсидам, ва маро мазаммат намекарданд;

[2] Барои ту роҳбалад мешудам ва туро ба хонаи модарам меовардам, ки вай маро таълим додааст; туро аз шароби дорувордор, аз шарбати анори худ менӯшонидам.

[3] Дасти чапаш дар таги сари ман аст, ва дасти росташ маро ба оғӯш мекашад.

[4] Эй духтарони Ерусалим! Шуморо қасам медиҳам, ки маҳбубамро, то вақте ки худаш хоҳад, бедор накунед ва аз хоб нахезонед.

[5] Ин кист, ки аз биёбон, бар маҳбуби худ такья карда, сууд менамояд? Дар таги дарахти себ туро бедор кардам; он ҷо модарат туро зоидааст.

[6] Маро мисли мӯҳре бар дили худ, мисли мӯҳре бар бозуи худ бигузор; зеро ки муҳаббат мисли марг пурзӯр аст, ва рашки он мисли дӯзах бераҳм аст; барқҳои он барқҳои оташ аст, алангаи илоҳист.

[7] Обҳои бисьёр наметавонад муҳаббатро хомӯш кунад, ва наҳрҳо наметавонад онро фурӯ нишонад. Агар касе тамоми сарвати хонаи худро барои муҳаббат бидиҳад, аз ӯ албатта нафрат хоҳанд кард.

[8] Моро хоҳари хурде ҳаст, Ва ӯ пистон надорад; бо хоҳари худ чӣ кор кунем, вақте ки ӯро хостгор шаванд?

[9] Агар ӯ ҳисор мебуд, назди ӯ кӯшки нуқра бино мекардем; ва агар ӯ дарвоза мебуд, бар вай ғалақае аз чӯби арз мехкӯб мекардем.

[10] Ман ҳисор ҳастам, ва пистонҳоям мисли бурҷҳост; бинобар ин дар назари ӯ мисли чашмаи саодат будам.

[11] Сулаймон токзоре дар Баал‐Ҳамӯн дошт; токзорро ба дидбонон супурд; ҳар кас барои меваи он ҳазор нуқра медод.

[12] Аммо токзори ман назди ман аст. Барои ту, эй Сулаймон, ҳазор, ва барои дидбонони меваи он дусад хоҳад буд.

[13] Эй он ки дар боғот менишинӣ! Рафиқон ба овози ту гӯш медиҳанд; онро ба ман бишнавон!

[14] Бигрез, эй маҳбуби ман! Ва мисли оҳу ё барраи ғизолон бар кӯҳҳои атриёт бош.

Китоби Суруди Сурудҳо — Chapters