[1] «Шод бош, эй безурьёт, ки назоидаӣ; тараннум намо ва хурсандӣ бикун, ки дарди зоиш накашидаӣ; зеро писарони зане ки матрук аст, назар ба зани шавҳардор зиёдтаранд, — мегӯяд Худованд.
[2] Ҷои хаймаи худро васеътар бикун, то ки пардаҳои масканҳоят паҳн шавад; дареғ надор: танобҳоятро дароз карда, мехҳоятро маҳкамтар бизан.
[3] Зеро ки ту ба тарафи рост ва чап паҳн хоҳӣ шуд, ва насли ту халқҳоро тасарруф хоҳанд намуд ва шаҳрҳои харобаро маскун хоҳанд кард.
[4] Натарс, зеро ки хиҷил нахоҳӣ шуд; ва ошуфта нашав, зеро ки бадном нахоҳӣ гардид, чунки хиҷолати ҷавонии худро фаромӯш хоҳӣ кард, ва бадномии бевагии худро дигар ба ёд нахоҳӣ овард.
[5] Зеро ки Офаринандаи ту шавҳари туст, ки исми Ӯ Худованди лашкарҳост; ва Қуддуси Исроил Раҳокунандаи туст; Ӯ Худои тамоми замин хонда хоҳад шуд.
[6] Зеро ки Худованд туро мисли завҷаи матрук ва афтодарӯҳе даъват менамояд, ва мисли завҷаи айёми ҷавонӣ, ки мардуд буд, — мегӯяд Худои ту.
[7] Ба андак муддате Ман туро тарк кардаам, ва бо марҳамати бузурге туро фароҳам хоҳам овард.
[8] Дар оташи ғазаб рӯи Худро як лаҳза аз ту пинҳон доштаам, ва бо эҳсони абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард, — мегӯяд Худованди Раҳокунандаи ту.
[9] Зеро ки ин дар назари Ман мисли обҳои Нӯҳ аст: чунон ки Ман қасам хӯрдаам, ки обҳои Нӯҳ дигар бар замин ҷорӣ нахоҳад шуд, ончунон Ман қасам хӯрдаам, ки бар ту ғазаб накунам ва туро мазаммат нанамоям.
[10] Зеро ки кӯҳҳо аз ҷои худ дур хоҳад шуд, ва теппаҳо футур хоҳад рафт, вале эҳсони Ман аз ту дур нахоҳад шуд, ва аҳди сулҳу осоиштагии Ман футур нахоҳад рафт, — мегӯяд Худованде ки ба ту раҳм мекунад.
[11] Эй шӯрбахт, ки дар изтироб афтодаӣ ва тасаллӣ наёфтаӣ! Инак, Ман сангҳои туро бар сурма хоҳам ниҳод, ва буньёди туро бар ёқути кабуд.
[12] Ва кунгураҳои туро аз ёқути руммонӣ, ва дарвозаҳои туро аз сангҳои баҳрамон, ва тамоми девори туро аз сангҳои гаронбаҳо хоҳам сохт.
[13] Ва ҳамаи писарони ту аз Худованд таълим хоҳанд ёфт, ва писарони туро осоиштагии бузурге хоҳад буд.
[14] Бар адолат асос хоҳӣ ёфт; аз ситам дур хоҳӣ буд, зеро ки нахоҳӣ тарсид, ва аз даҳшат, — зеро ки он ба ту наздик нахоҳад шуд.
[15] Агар барои ҷанг ҷамъ шаванд, аз ҷониби Ман нахоҳад буд. Ҳар кӣ бар зидди ту ҷамъ шудааст, пеши ту фурӯ хоҳад ғалтид.
[16] Инак, Ман оҳангареро офаридаам, ки вай ангиштро дар оташ дам медиҳад, ва олате барои кори худ месозад; ва Ман низ вайронкорро барои хароб кардан офаридаам.
[17] Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт; ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад, айбдор хоҳӣ кард. Ин аст насибаи бандагони Худованд, ва сафед кардани онҳо аз ҷониби Ман аст», — мегӯяд Худованд.