[1] Гӯсфандони парвориро барои ҳокими замин аз Салъ бо роҳи биёбон ба кӯҳи духтари Сион бифиристед.
[2] Ва духтарони Мӯоб назди маъбарҳои Арнӯн мисли мурғи оворае ки аз лонааш ронда шуда бошад, хоҳанд буд.
[3] «Машварат бидеҳ, додгарӣ бикун, сояи худро пешингоҳон мисли шаб бар мо биафкан, рондашудагонро пинҳон намо, оворагонро таслим накун.
[4] Бигзор мӯобиёни рондашудаи ман назди ту маскан гиранд: барои онҳо аз дасти тороҷгар паноҳгоҳ бош, то даме ки золим нест шавад, тороҷ хотима ёбад, ва ситамгарон аз рӯи замин маҳв гарданд.
[5] Ва бигзор тахт бо марҳамат устувор бошад, ва бар он дар хаймаи Довуд доваре дар садоқат нишинад, ки толиби инсоф ва роғиби адолат бошад».
[6] Дар бораи ғурури Мӯоб, ки вай бағоят мағрур аст, дар бораи кибр ва ғурур ва хашми вай шунидаем: лофу газофи вай пуч аст.
[7] Бинобар ин аҳли Мӯоб ба ҳоли Мӯоб вовайло мекунанд, саросар вовайло мекунанд. Ба ёди кулчаҳои мавизии Қир‐Ҳарешет аз дили пурхун нолиши ҷонсӯз хоҳед кард!
[8] Киштзорҳои Ҳешбӯн хароб шудааст, токзори Сибмо низ: ҳокимони халқҳо разҳои онро шикастаанд, ки то Яъзир расида, дар биёбон паҳн шуда буд; навдаҳои он вусъат ёфта, ба тарафи баҳр гузашта буд.
[9] Бинобар ин ман ҳамроҳи Яъзир ба ҳоли токзори Сибмо гирья мекунам; шуморо, эй Ҳешбӯн ва Элъоле, бо ашкҳои худ сероб менамоям, зеро ки бар ғунучини меваи тобистони ту ва бар мавсими ангуркании ту гулбонг афтодааст.
[10] Ва аз саҳроҳо хурсандӣ ва сурур барҳам хӯрдааст ва дар токзорҳо садоҳои тараннум ва шодмонӣ шунида намешавад; токдоре ангурро дар чархуштҳо пахш намекунад: гулбонги шодиро Ман барҳам додаам.
[11] Бинобар ин амъои ман ба ҳоли Мӯоб, ва ботини ман ба ҳоли Қир‐Ҳарешет мисли барбат нолиш мекунад.
[12] Ва ҳарчанд Мӯоб ҳозир шуда, бар минбарҳо заҳмат кашад ва ба макони муқаддаси худ барои дуо биёяд, манфиате нахоҳад дид.
[13] Ин аст каломе ки Худованд дар ҳаққи Мӯоб аз қадимулайём гуфтааст.
[14] Ва алҳол Худованд чунин мегӯяд: «Баъд аз се сол, мисли солҳои муздур, ҷалоли Мӯоб бо тамоми оммаи сершумори он ба залолат хоҳад афтод, ва бақияи он бағоят хурд ва беқувват хоҳад буд».