[1] Дар он айём Ҳизқиё бемор шуда, наздик ба мурдан буд; ва набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: барои аҳли байти худ васият намо, зеро ки ту хоҳӣ мурд ва шифо нахоҳӣ ёфт».
[2] Ва Ҳизқиё рӯи худро ба девор гардонида, сӯи Худованд дуо хонд,
[3] Ва гуфт: «Лутфан, эй Худованд, ба ёд овар, ки чӣ гуна ман ба ҳузури Ту бо ростӣ ва аз самими қалб рафтор намудаам, ва он чи дар назари Ту мақбул буд, ба амал овардаам». Ва Ҳизқиё зор‐зор гирист.
[4] Ва каломи Худованд бар Ишаъё нузул карда, гуфт:
[5] «Бирав ва ба Ҳизқиё бигӯй: Худованд, Худои падарат Довуд, чунин мегӯяд: дуои туро шунидам, ашкҳои туро дидам. Инак, Ман бар рӯзҳои ту понздаҳ сол илова менамоям.
[6] Ва туро ва ин шаҳрро аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо хоҳам намуд, ва ин шаҳрро ҳимоят хоҳам кард.
[7] Ва аломат аз ҷониби Худованд дар бораи он ки Худованд каломеро, ки гуфтааст, ба амал хоҳад овард, барои ту чунин аст:
[8] Инак, Ман сояи зинаҳоро, ки аз офтоб бар зинаҳои Оҳоз фуромадааст, даҳ зина қафо мегардонам». Ва офтоб аз зинаҳое ки фуромада буд, даҳ зина қафо гашт.
[9] Таронаи Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, вақте ки ӯ бемор шуд ва аз бемории худ шифо ёфт:
[10] Ман гуфтам, ки дар миёнаи рӯзҳои худ ба дарвозаи дӯзах хоҳам рафт: ман аз бақияи солҳои худ маҳрум шудаам.
[11] Ман гуфтам, ки Худовандро дигар нахоҳам дид, — Худовандро дар замини зиндаҳо; дар миёни сокинони дуньё инсонро дигар нахоҳам дид;
[12] Маскани ман барканда шудааст ва мисли хаймаи чӯпон аз ман дур рафтааст; мисли бофандае ман риштаи умри худро кӯтоҳ кардаам; Ӯ маро аз навард хоҳад бурид; аз рӯз то шаб Ту кори маро тамом хоҳӣ кард.
[13] То субҳ ман сокит будам; мисли шер Ӯ ҳамаи устухонҳои маро хоҳад шикаст; аз рӯз то шаб Ту кори маро тамом хоҳӣ кард.
[14] Мисли фароштурук, мисли лайлак ман садо мебаровардам, мисли кабӯтар нолиш мекардам; чашмонам сӯи афроз баланд мешуд: Худовандо! Гирифтори ситам ҳастам; маро халосӣ бидеҳ.
[15] Чӣ метавонам бигӯям? Ӯ ба ман гуфт — ва Ӯ ба ҷо овард. Тамоми солҳои худро бо талхии ҷонам оҳиста‐оҳиста ба сар хоҳам бурд.
[16] Худовандо! Бо ин чизҳо зиндагӣ мекунанд, ва ҳаёти рӯхи ман бо ҳамаи инҳост; ва Ту маро шифо бидеҳ ва ба ман ҳаёт бибахш.
[17] Инак, талхӣ барои ман ба саломатӣ мубаддал шуд, ва Ту лутф намуда, ҷони маро аз чоҳи ҳалокат баровардӣ, чунки ҳамаи гуноҳҳои маро ба пушти Худ партофтӣ.
[18] Зеро ки дӯзах Туро ҳамд намегӯяд, мамот Туро ситоиш намекунад, ба гӯр фурӯ рафтагон ростии Туро интизор надоранд.
[19] Зинда, фақат зинда Туро ҳамд мегӯяд, чунон ки ман имрӯз мегӯям; падар ба писаронаш ростии Туро мефаҳмонад.
[20] Худованд маро наҷот медиҳад, ва сурудҳоямро тамоми рӯзҳои ҳаёти худ дар хонаи Худованд хоҳам хонд.
[21] Ва Ишаъё гуфт: «Бигзор кулӯлае аз анҷирқоқ биёранд, ва бар захм бимоланд, ва ӯ шифо хоҳад ёфт».
[22] Ва Ҳизқиё гуфт: «Аломати он ки ба хонаи Худованд хоҳам рафт, чист?»