Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:42

[1] Пас ба қаиқ савор шуда, убур кард ва ба шаҳри Худ омад.

[2] Ва инак, мафлуҷеро, ки бар бистар хобида буд, назди Ӯ оварданд. Чун Исо имони онхоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Далер бош, эй фарзанд! Гуноҳҳои ту омурзида шуд».

[3] Дар айни ҳол баъзе аз китобдонон дар дили ҳуд гуфтанд: «Ӯ куфр мегӯяд».

[4] Лекин Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, гуфт: «Барои чӣ дар дили худ андешаҳои бад доред?

[5] Зеро кадомаш осонтар аст: гуфтани ин ки „гуноҳҳои ту омурзида шуд“, ё гуфтани он ки „бархез ва равона шав“?

[6] Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», — он гоҳ ба мафлуҷ гуфт: «Бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».

[7] Дарҳол бархоста, ба хонаи худ равона шуд.

[8] Чун мардум инро диданд, ҳайрон шуданд ва Худоро, ки ба одамизод чунин қудрате бахшидааст, ҳамду сано хонданд.

[9] Ва Исо аз он ҷо гузашта, Матто ном шахсеро дид, ки дар боҷгох нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё». Вай бархоста, аз паи Ӯ равона шуд.

[10] Ва ҳангоме ки Исо дар хона дар сари суфра нишаста буд, бисьёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ омада, бо Ӯ ва шогирдонаш дар сари суфра нишастанд.

[11] Чун фарисиён инро диданд, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Устоди шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад?»

[12] Исо чун шунид, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд;

[13] Ва шумо биравед ва маънои ин суҳанро биомӯзед: „Марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ“; зеро Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».

[14] Шогирдони Яҳьё назди Ӯ омада, гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён бисьёр рӯза медорем, лекин шогирдони Ту рӯза намедоранд?»

[15] Исо ба онҳо гуфт: «Оё аҳли кӯшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, мотам дошта метавонанд? Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва он гоҳ рӯза хоҳанд дошт.

[16] Ва ҳеҷ кас бар ҷомаи кӯҳна аз матои нав ямоқ намемонад; зеро ямоқи нав аз ҷома ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад.

[17] Ва шароби навро дар машки кӯҳна намеандозанд; вагар на машк дарида, шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав меандозанд, ва ҳар ду маҳфуз мемонад».

[18] Ханӯз ин суханонро Ӯ ба онҳо мегуфт, ки сардоре омада, пеши Ӯ зону зад ва гуфт: «Духтари ман ҳозир мурд; лекин биё ва дасти Худро бар вай бигузор, ва зинда хоҳад шуд».

[19] Исо бархоста, бо шогирдонаш аз паи вай равона шуд.

[20] Ва инак, зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд, аз қафо наздик шуда, домани Ӯро ламс намуд.

[21] Зеро ки ба дили худ гуфт: «Агар маҳз либоси Ӯро ламс кунам, шифо меёбам».

[22] Исо ба қафо нигоҳ карда, занро дид ва гуфт: «Далер бош, эй духтар! Имонат туро шифо бахшид». Ҳамон соат зан шифо ёфт.

[23] Ва ҳангоме ки Исо ба хонаи сардор омада, найнавозон ва мардуми навҳакунандаро дид,

[24] Ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷо бароед; зеро ки духтар намурдааст, балки хуфтааст». Онҳо бар Ӯ хандиданд.

[25] Чун мардум берун рафтанд, Ӯ даромада, дасти вайро гирифт, ва духтар бархост.

[26] Ва овозаи ин дар тамоми он сарзамин паҳн шуд.

[27] Вақте ки Исо аз он ҷо мерафт, ду кӯр аз паи Ӯ рафта, фарьёд мезаданд: «Эй Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».

[28] Ва чун ба хона расид, кӯрон назди Ӯ даромаданд. Исо ба онҳо гуфт: «Оё имон доред, ки Ман ин корро карда метавонам?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Оре, Худовандо!»

[29] Он гоҳ чашмони онҳоро ламс карда, гуфт: «Мувофиқи имонатон ба шумо бишавад».

[30] Ва чашмони онҳо кушода шуд. Ва Исо онҳоро таъкид карда, гуфт: «Зинҳор, касе аз ин огоҳӣ наёбад».

[31] Лекин онҳо берун рафта, овозаи Ӯро дар тамоми он сарзамин паҳн карданд.

[32] Ва ҳангоме ки онҳо берун мерафтанд, касеро назди Ӯ оварданд, ки девонаи гунг буд.

[33] Ва чун дев берун карда шуд, гунг ба гап даромад. Ва мардум дар ҳайрат монда, гуфтанд: «Чунин ҳодиса дар Исроил ҳаргиз дида нашудааст».

[34] Лекин фарисиён гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи калони девҳо берун мекунад».

[35] Ва Исо дар ҳамаи шаҳрҳо ва деҳот гашта, дар куништҳои онҳо таълим медод, Инҷили Малакутро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва заъфи мардумро шифо медод.

[36] Ва анбӯҳи мардумро дида, ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон бемадор ва пароканда буданд.

[37] Он гоҳ ба шогирдони Худ гуфт: «Дарав бисьёр аст, лекин коргарон кам;

[38] Пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад».

Инҷили Матто — Chapters