[1] Дар он ҳангом овозаи Исо ба гӯши тетрарх Ҳиродус расид,
[2] Ва ба хизматгузорони худ гуфт: «Ин Яҳьёи Таъмиддиҳанда аст; вай аз мурдагон эҳьё шудааст, ва аз ин сабаб ин мӯъҷизот аз вай ба зуҳур меояд».
[3] Зеро ки Ҳиродус Яҳьёро дастгир карда ва баста, ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия, зани Филиппус бародараш;
[4] Зеро Яҳьё ба вай гуфта буд: «Ба ту раво нест, ки вайро ба занӣ бигирӣ».
[5] Ва мехост ӯро ба қатл расонад, лекин аз мардум тарсид, чунки ӯро набӣ медонистанд.
[6] Аммо вақте ки Ҳиродус рӯзи таваллуди худро ҷашн мегирифт, духтари Ҳиродия дар пеши аҳли базм рақсид, ва ин ба Ҳиродус бисьёр писанд афтод;
[7] Аз ин рӯ ба вай қасам ёд карда, ваъда дод, ки ҳар он чи хоҳад, ба вай медиҳад.
[8] Пас вай, бо талқини модари худ, гуфт: «Каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро дар ҳамин ҷо дар табақе ба ман ҳадия бикун».
[9] Подшоҳ ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, амр фармуд, ки дода шавад,
[10] Ва ҷаллодеро фиристод, то дар зиндон каллаи Яҳьёро аз танаш ҷудо кунад.
[11] Ва каллаи ӯро дар табақе оварда, ба духтар доданд, ва онро вай ба модари худ бурд.
[12] Ва шогирдонаш омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гӯр карданд; ва рафта, ба Исо хабар доданд.
[13] Чун Ӯ инро шунид, ба қаиқ савор шуда, аз он ҷо танҳо ба ҷои хилвате рафт; ва мардум, чун шуниданд, аз ақиби Ӯ аз шаҳрҳо пиёда равона шуданд.
[14] Ва Исо берун омада, анбӯҳи мардумро дид, ва ба онҳо раҳмаш омад, ва беморони онҳоро шифо дод.
[15] Дар вақти аср шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷои хилват аст, вақт ҳам дер шуд; мардумро ҷавоб деҳ, то ки ба деҳот рафта, барои худ хӯроке бихаранд».
[16] Ба онҳо гуфт: «Ҳоҷате нест, ки онҳо бираванд: шумо ба онҳо хӯрок диҳед».
[17] Ба Ӯ гуфтанд: «Мо дар ин ҷо фақат панҷ нон ва ду моҳӣ дорем».
[18] Гуфт: «Онҳоро ин ҷо назди Ман биёред».
[19] Ва мардумро фармуд, ки бар сабза биншинанд, ва панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигаристу баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба мардум доданд.
[20] Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд;
[21] Ва хӯрандагон, ба ғайр аз занону бачагон, тақрибан панҷ ҳазор мард буданд.
[22] Дарҳол Исо шогирдони Худро фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пеш аз Ӯ ба соҳили дигар равона шаванд, то Ӯ мардумро ҷавоб диҳад.
[23] Ва чун мардумро ҷавоб дод, барои дуо гуфтан танҳо бар фарози кӯҳе баромад; бегоҳирӯзӣ низ дар он ҷо танҳо буд.
[24] Ва қаиқ ҳанӯз дар миёнаи баҳр буд ва аз мавҷҳо лат мехӯрд, зеро ки боди мухолиф мевазид.
[25] Ва дар поси чоруми шаб Исо бар баҳр қадам зада, назди онҳо омад.
[26] Ва шогирдон чун Ӯро диданд, ки бар баҳр қадам мезанад, дар изтироб афтода, гуфтанд: «Ин шабаҳ аст!» Ва аз тарс фарьёд заданд.
[27] Лекин Исо дарҳол ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед».
[28] Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо! Агар ин Туӣ, ба ман амр деҳ, то ки бар рӯи об назди Ту биёям».
[29] Гуфт: «Биё». Ва Петрус аз қаиқ баромада, бар рӯи об равона шуд, то ки назди Исо биёяд;
[30] Лекин чун боди шадидро дид, ҳаросон шуд ва дар ҳолате ки ғарқ мешуд, фарьёд кашид: «Худовандо! Маро халос кун».
[31] Исо фавран дасташро дароз карда, вайро нигоҳ дошт ва гуфт: «Эй сустимон! Чаро шубҳа кардӣ?»
[32] Вақте ки ба қаиқ даромаданд, бод сокит шуд.
[33] Онҳое ки дар қаиқ буданд, назди Ӯ омада, саҷда карданд ва гуфтанд: «Ҳақиқатан Ту Писари Худо ҳастӣ».
[34] Ва аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омаданд.
[35] Ва сокинони он мавзеъ Ӯро шинохтанд ва ба тамоми музофот касонеро фиристода, ҳамаи беморонро назди Ӯ оварданд,
[36] Ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат домани ҷомаи Ӯро ламс кунанд; ва ҳар кӣ ламс кард, шифо ёфт.