[1] Ва Исо аз маъбад баромада, мерафт. Ва шогирдонаш назди Ӯ омаданд, то ки иморатҳои маъбадро ба Ӯ нишон диҳанд.
[2] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ин ҷо санге бар санге нахоҳад монд; ҳамааш хароб хоҳад шуд».
[3] Вақте ки Ӯ бар кӯҳи Зайтун нишаста буд, шогирдонаш ба танҳоӣ назди Ӯ омада, пурсиданд: «Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати омадани Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?»
[4] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳушьёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад;
[5] Зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки „ман Масеҳ ҳастам“, ва мардуми бисьёрро гумроҳ хоҳанд кард.
[6] Ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид. Зинҳор, натарсед; зеро ҳамаи ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанӯз интиҳо нест:
[7] Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард, ва дар ҳар ҷо қаҳтиҳо, вабоҳо ва зилзилаҳо рӯй хоҳад дод;
[8] Аммо ҳамаи инҳо ибтидои дардҳост.
[9] Он гоҳ шуморо ба шиканҷаҳо таслим карда, хоҳанд кушт; ва ҳамаи қавмҳо аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт.
[10] Дар он замон бисьёр касон ба васваса хоҳанд афтод; ва якдигарро таслим хоҳанд кард ва аз якдигар нафрат хоҳанд дошт;
[11] Ва басе анбиёи козиб ба майдон омада, мардуми бисьёрро гумроҳ хоҳанд кард;
[12] Ва ба сабаби афзудани шарорат, муҳаббати бисьёр касон сард хоҳад шуд;
[13] Лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.
[14] Ва ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид.
[15] Пас, чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷои муқаддас бар по бубинед, — ҳар кӣ хонад, дарк кунад, —
[16] Он гоҳ онҳое ки дар Яхудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд;
[17] Ва ҳар кӣ бар бом бошад, барои гирифтани чизе аз хонаи худ, поён нафурояд;
[18] Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад.
[19] Лекин вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём!
[20] Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон ва ё рӯзи шанбе рӯй надиҳад;
[21] Зеро дар он замон чунон мусибати бузурге хоҳад шуд, ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст, ва бори дигар нахоҳад шуд.
[22] Ва агар он айём кӯтоҳ намешуд, ҳеҷ касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагон он айём кӯтоҳ хоҳад шуд.
[23] Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: „Инак Масеҳ дар ин ҷост“ ё „дар он ҷост“, бовар накунед;
[24] Зеро ки масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизоти бузурге нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд.
[25] Инак, Ман пешакӣ ба шумо гуфтам.
[26] Пас, агар ба шумо гӯянд: „Инак, дар биёбон аст“, — берун наравед; „инак дар ҳуҷра аст“, — бовар накунед;
[27] Зеро, чӣ тавре ки барқ дар шарқ зоҳир шуда, дар ғарб ҳам намудор мегардад, омадани Писари Одам низ чунин хоҳад шуд;
[28] Ҳар ҷо, ки лошае бошад, каргасон дар он ҷо ҷамъ шаванд.
[29] Ва фавран, пас аз мусибати он айём, офтоб хира шавад, ва моҳ рӯшноии худро надиҳад, ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд;
[30] Он гоҳ аломати Писари Одам дар осмон намудор хоҳад гардид; ва он гоҳ ҳамаи қабилаҳои рӯи замин навҳа кунанд ва Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд;
[31] Ва фариштагони Худро бо карнаи баландовоз хоҳад фиристод, ва баргузидагони Ӯро аз чор ҷониб, аз як канори осмон то канори дигараш фароҳам хоҳад овард.
[32] Акнун аз дараҳти анҷир мисол гиред: чун шохааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст;
[33] Ҳамчунин шумо чун ҳамаи ин чизҳоро дидед, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст.
[34] Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд.
[35] Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
[36] Аммо он рӯз ва соатро, ғайр аз Падари Ман, ҳеҷ кас, ҳатто фариштагони осмон ҳам намедонанд;
[37] Чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ шуда буд, дар омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд:
[38] Зеро, чӣ тавре ки дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯх ба киштӣ даромад, мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мерафтанд,
[39] Ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард, — омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд;
[40] Он вақт аз ду нафаре ки дар киштзор ҳастанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
[41] Ва аз ду зане ки бо дастос машғуланд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд.
[42] Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Худованди шумо дар кадом соат меояд.
[43] Лекин ҳаминро шумо медонед, ки агар соҳиби хона медонист, ки дар кадом поси шаб дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки ба хонааш нақб занад.
[44] Бинобар ин шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд.
[45] Пас он ғуломи мӯътамад ва доно кист, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад?
[46] Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад;
[47] Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард.
[48] Лекин агар он ғулом бадкирдор бошад ва дар дили худ гӯяд, ки „оғои ман ба зудӣ намеояд“,
[49] Ва ба задани ғуломони дигар шурӯъ кунад ва бо бадмастон ба хӯрдан ва нӯшидан машғул шавад, —
[50] Оғои он ғулом дар рӯзе ки вай мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, хоҳад омад,
[51] Ва ӯро ду пора карда, қисматашро бо риёкорон баробар хоҳад кард: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд.