Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 11:07

[1] Чун бомдод расид, ҳамаи саркоҳинон ва пирони қавм дар бораи Исо машварат карданд, ки Ӯро ба қатл расонанд;

[2] Ва Ӯро баста бурданду ба ҳоким Понтиюс Пилотус таслим карданд.

[3] Таслимкунандаи Ӯ, Яҳудо, чун дид, ки Ӯро маҳкум карданд, пушаймон шуд ва сӣ сиккаи нуқраро ба саркоҳинон ва пирон гардонда дод,

[4] Ва гуфт: «Ман гуноҳ кардам, ки Хуни бегуноҳро таслим кардам». Онҳо ба вай гуфтанд: «Ба мо чӣ? Худат медонӣ».

[5] Ва сиккаҳои нуқраро вай дар маъбад партофта, баромада рафт ва худро буғӣ карда кушт.

[6] Лекин саркоҳинон сиккаҳои нуқраро гирифта, гуфтанд: «Инро ба ганҷинаи маъбад андохтан ҷоиз нест, чунки ин хунбаҳост».

[7] Ва машварат карда, ба ин пул киштзори кулолгарро барои қабристони ғарибон харида гирифтанд;

[8] Ба ин сабаб он киштзор то имрӯз «Мазрааи хун» номида мешавад.

[9] Он гоҳ каломе ки бо забони Ирмиёи набӣ гуфта шудааст, ба амал омад: «Онҳо сӣ сиккаи нуқраро гирифтанд, яъне баҳои Он Баҳомондашудае ки банӣ‐Исроил ба Ӯ таъин карда буданд.

[10] Ва онро барои киштзори кулолгар доданд, чунон ки Худованд ба ман гуфт».

[11] Аммо Исо дар назди ҳоким истода буд. Ва ҳоким аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ба вай гуфт: «Ту мегӯӣ».

[12] Вақте ки саркоҳинон ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавоб намедод.

[13] Он гоҳ Пилотус ба Ӯ гуфт: «Оё намешунавӣ, чӣ қадар бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?»

[14] Лекин дар ҷавоби вай як сухан ҳам нагуфт, ба тавре ки ҳоким бисьёр дар ҳайрат монд.

[15] Ҳоким одат дошт, ки дар ҳар ид як бандиро, ки мехостанд, барои мардум озод мекард.

[16] Дар он вақт дар он ҷо бандии шӯҳратноке буд, ки Бараббос ном дошт.

[17] Пас, вақте ки онҳо ҷамъ шуданд, Пилотус ба онҳо гуфт: «Киро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам: Бараббосро, ё Исоро, ки Масеҳ меноманд?»

[18] Зеро медонист, ки Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд.

[19] Вақте ки вай бар курсии доварӣ нишаста буд, занаш кас фиристода, гуфт: «Бо Он Одил туро коре набошад, чунки имрӯз дар хоб аз боиси Ӯ заҳмати бисьёр кашидам».

[20] Лекин саркоҳинон ва пирон мардумро барангехта буданд, ки озодии Бараббос ва қатли Исоро талаб кунанд.

[21] Пас ҳоким ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Аз ин ду кадомашро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам?» Онҳо гуфтанд: «Бараббосро».

[22] Пилотус ба онҳо гуфт: «Пас Исоро, ки Масеҳ меноманд, чӣ кунам?» Ҳама гуфтанд: «Ӯро маслуб кун!»

[23] Ҳоким гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!»

[24] Пилотус чун дид, ки ҳеҷ гап фоида надорад, балки ошӯб бештар мегардад, об талабида, дасти худро дар назди мардум шуст ва гуфт: «Ман аз хуни Ин Одил барӣ ҳастам; шумо бидонед».

[25] Тамоми қавм дар ҷавоб гуфтанд: «Хуни Ӯ бар гардани мо ва фарзандони мо бошад».

[26] Пас Бараббосро барои онҳо озод кард, ва Исоро тозиёна зада, барои маслуб кардан таслим кард.

[27] Он гоҳ сарбозони ҳоким Исоро ба сарбозхона бурда, тамоми фавҷро гирди Ӯ ҷамъ оварданд,

[28] Ва либоси Ӯро кашида, ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд;

[29] Ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд ва қамише ба дасти рости Ӯ доданд; ва назди Ӯ зону зада, масхаракунон гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!»

[30] Ва бар Ӯ туф карданд ва қамишро гирифта, бар сараш заданд.

[31] Пас аз он ки Ӯро басе истеҳзо карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд ва Ӯро берун бурданд, то ки маслуб кунанд.

[32] Чун берун рафтанд, касеро, ки Шимъӯн ном дошт ва аз Қурин буд, дида, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад.

[33] Ва чун ба ҷое ки Ҷолҷолто, яъне «Ҷои косахонаи сар» ном дошт, расиданд,

[34] Сиркои бо заҳра омеҳтае барои нӯшиданаш доданд, лекин чун чашид, нахост, ки бинӯшад.

[35] Ононе ки Ӯро маслуб карданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст: «Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд».

[36] Ва дар он ҷо нишаста, Ӯро посбонӣ карданд.

[37] Ва айбномае навишта, болои сари Ӯ овехтанд, ки чунин буд: «Ин аст Исо, Подшоҳи Яҳудиён».

[38] Бо Ӯ ду роҳзанро: яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш, маслуб карданд.

[39] Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар ҷунбонда,

[40] Мегуфтанд: «Эй! Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рӯз аз нав бино мекунӣ! Худатро наҷот деҳ; агар Ту Писари Худо бошӣ, аз салиб фурӯд ой».

[41] Ҳамчунин саркоҳинон бо китобдонон ва пирон Ӯро истеҳзо карда, мегуфтанд:

[42] «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад! Агар Ӯ Подшоҳи Исроил бошад, акнун аз салиб фурӯд ояд, то ба Ӯ имон оварем;

[43] Ба Худо таваккал карда буд: акнун Ӯро раҳо кунад, агар дилхоҳаш бошад. Зеро Ӯ гуфта буд: „Ман Писари Худо ҳастам“».

[44] Ҳамчунин роҳзаноне ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, Ӯро дашном медоданд.

[45] Ва аз соати шашум тамоми рӯи заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт.

[46] Ва наздик ба соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Ламма сабақтанӣ?» Яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»

[47] Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Ӯ Ильёсро мехонад».

[48] Дарҳол яке аз онҳо исфанҷеро гирифта, аз сирко пур кард ва бар сари най ниҳода, наздики даҳони Ӯ бурд, то бинӯшад.

[49] Лекин дигарон гуфтанд: «Биистед, бубинем, ки оё Ильёс меояд, то ки Ӯро наҷот диҳад».

[50] Исо боз бо овози баланде фарьёд зада, ҷон дод.

[51] Ва инак, пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд: ва замин ҷунбид; ва сангҳо шикофта шуд;

[52] Ва қабрҳо кушода шуд; ва бисьёр ҷасадҳои муқаддасон, ки оромида буданд, эҳьё шуданд,

[53] Ва баъд аз эҳьёи Ӯ аз қабрҳо баромада, ба шаҳри муқаддас рафтанд ва ба бисьёр касон зоҳир шуданд.

[54] Аммо мирисад ва онҳое ки бо вай Исоро посбонӣ мекарданд, ҷунбиши замин ва рӯйдодҳои дигарро дида, бағоят тарсиданд ва гуфтанд: «Ба ростӣ Ӯ Писари Худо буд».

[55] Ҳамчунин занони бисьёре ки аз Ҷалил аз ақиби Исо омада буданд, ва ба Ӯ хизмат мекарданд, дар он ҷо истода, аз дур менигаристанд;

[56] Дар миёни онҳо Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъқуб ва Йӯсе буд, ва модари писарони Забдой низ буданд.

[57] Ва чун шом шуд, Юсуф ном давлатманде ки аз аҳли Ҳаромот ва ӯ низ аз шогирдони Исо буд, омад;

[58] Ва назди Пилотус рафта, ҷасади Исоро талаб кард. Пилотус фармон дод, ки дода шавад.

[59] Юсуф ҷасадро гирифта, ба катони тозае печонд

[60] Ва онро дар қабри наве ки аз санг барои худ тарошида буд, ниҳод ва санги калонеро бар дари қабр ғелонида, рафт.

[61] Марьями Маҷдалия ва он Марьями дигар дар он ҷо, дар рӯ ба рӯи қабр нишаста буданд.

[62] Фардои он, ки пас аз рӯзи ҷумъа буд, саркоҳинон ва фарисиён назди Пилотус ҷамъ омаданд

[63] Ва гуфтанд: «Эй оғо! Дар хотир дорем, ки он фиребгар, вақте ки зинда буд, гуфта буд, ки „пас аз се рӯз эҳьё хоҳам шуд“;

[64] Пас бифармо, ки қабрро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, то шогирдонаш шабона Ӯро дуздида, ба қавм нагӯянд, ки аз мурдагон эҳьё шуд; ва фиреби охирин аз аввалин бадтар шавад».

[65] Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо посбонҳо доред; биравед ва, чунон ки медонед, посбонӣ кунед».

[66] Онҳо рафта, дар назди қабр посбононро гузоштанд ва санги онро мӯҳр карданд.

Инҷили Матто — Chapters