Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 5:10

[1] Фарисиён ва саддуқиён омаданд ва Ӯро озмуда, хоҳиш карданд, ки аломати осмонӣ ба онҳо нишон диҳад.

[2] Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шомгоҳон шумо мегӯед: „Ҳаво хуб хоҳад шуд, чунки осмон сурх аст“;

[3] Бомдодон мегӯед: „Имрӯз ҳаво бад хоҳад шуд, чунки осмон арғувонӣ ва гирифта мебошад“. Эй риёкорон! Қиёфаи осмонро фарқ карда метавонеду аломоти замонҳоро наметавонед?

[4] Насли шарир ва зинокор аломате металабад, ва ба вай ҷуз аломати Юнуси набӣ дода нахоҳад шуд». Ва онҳоро тарк карда, равона шуд.

[5] Ва чун шогирдон ба соҳили дигар убур карданд, нон гирифтанро фаромӯш карда буданд.

[6] Исо ба онҳо гуфт: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед».

[7] Онҳо дар дили худ андешида мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон нагирифтаем».

[8] Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро дар дили худ андеша мекунед, ки нон нагирифтаед?

[9] Оё ҳанӯз намефаҳмед ва дар хотир надоред он панҷ нон ва панҷ ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед?

[10] Ва он ҳафт нон ва чор ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед?

[11] Чаро намефаҳмед, ки на дар бораи нон ба шумо гуфтам, ки аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед?»

[12] Он гоҳ фаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо амр фармудааст на аз хамиртуруши нон, балки аз таълими фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунанд.

[13] Вақте ки Исо ба музофоти Қайсарияи Филиппус омад, аз шогирдони Худ пурсид: «Мардум Маро, ки Писари Одам ҳастам, кӣ мегӯянд?»

[14] Гуфтанд: «Баъзе мегӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ, баъзе мегӯянд, ки Ильёсӣ, ва баъзе мегӯянд, ки Ирмиёӣ ё яке аз пайғамбаронӣ».

[15] Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?»

[16] Шимъӯни Петрус ҷавоб дода гуфт: «Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ».

[17] Ва Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Хушо ту, эй Шимъӯн писари Юнус, чунки башар инро ба ту зоҳир накардааст, балки Падари Ман, ки дар осмон аст.

[18] Ва Ман ба ту мегӯям: ту Петрус ҳастӣ, ва бар ин сахра Ман калисои Худро бино мекунам, ва дарвозаҳои дӯзах бар он ғолиб нахоҳад шуд;

[19] Ва калидҳои Малакути Осмонро ба ту месупорам, ва он чи ту бар замин бибандӣ, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чи бар замин кушоӣ, дар осмон кушода хоҳад шуд».

[20] Он гоҳ ба шогирдони Худ таъин кард, ки ба ҳеҷ кас нагӯянд, ки Ӯ Исои Масеҳ аст.

[21] Аз ҳамон вақт Исо ба фаҳмондан ба шогирдони Худ оғоз намуд, ки Ӯ бояд ба Ерусалим равад ва аз дасти пирон, саркоҳинон ва китобдонон бисьёр азоб кашад, ва кушта шавад, ва пас аз се рӯз эҳьё шавад.

[22] Ва Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз кардан шурӯъ намуд: «Ҳошо Туро, эй Худованд! Ин ба Ту ҳаргиз рӯй нахоҳад дод!»

[23] Аммо Ӯ баргашта ба Петрус гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав! Ту васвасакоре барои Ман ҳастӣ, зеро ту на дар бораи амру наҳйи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ».

[24] Он гоҳ Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд;

[25] Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро пайдо мекунад;

[26] Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад? Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?

[27] Зеро ки Писари Одам дар ҷалоли Падари Худ бо фариштагони Худ хоҳад омад, ва он вақт ба ҳар кас мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.

[28] Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Писари Одамро, ки дар Малакути Худ меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд чашид».

Инҷили Матто — Chapters