Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:53

[1] Ва дувоздаҳ шогирдашро назди Худ хонда, ба онҳо бар арвоҳи палид қудрат дод, то ки онҳоро берун кунанд ва ҳар беморӣ ва бетобиро шифо диҳанд.

[2] Ва номҳои дувоздаҳ ҳавворӣ ин аст: аввал Шимъӯн, ки Петрус номида шуда буд, ва бародараш Андриёс, Яъқуб ибни Забдой ва бародараш Юҳанно,

[3] Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Маттои боҷгир, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Лаббой, ки лақабаш Таддо буд,

[4] Шимъӯни Канно ва Яҳудои Исқарьют, ки Ӯро таслим кард.

[5] Ин дувоздаҳро Исо фиристод ва ба онҳо ҳукм дода, гуфт: «Ба роҳи ғайрияҳудиён наравед ва ба шаҳри сомариён надароед;

[6] Балки назди гӯсфандони гумшудаи ҳонадони Исроил биравед;

[7] Ва чун меравед, мавъиза карда, гӯед, ки Малакути Осмон наздик аст;

[8] Беморонро шифо диҳед, махавиёнро пок кунед, мурдагонро эҳьё кунед, девҳоро берун кунед; муфт ёфтаед, муфт диҳед.

[9] Дар камарбанди худ тилло ё нуқра ё мис захира накунед,

[10] Ва барои сафар на тӯрбае дошта бошед, на ду пероҳан, на чоруқ ва на асо. Зеро ки меҳнаткаш сазовори хӯроки худ мебошад.

[11] Ва дар ҳар шаҳр ё деҳа, ки медароед, суроғ кунед, ки дар он ҷо шахси шоиста кист, ва то вақти баромаданатон дар он ҷо бимонед;

[12] Вақте ки ба хонае медароед, салом бигӯед;

[13] Агар аҳли он хона лоиқ бошанд, саломи шумо бар онҳо қарор мегирад; ва агар лоиқ набошанд, саломатон сӯи шумо бармегардад.

[14] Ва ҳар кӣ шуморо қабул накунад, ва ба сухани шумо гӯш надиҳад, аз он хона ва ё шаҳр берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед;

[15] Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати замини Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварӣ аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд.

[16] Инак, Ман шуморо монанди гӯсфандон ба миёни гургон мефиристам. Пас, мисли морон зирак ва мисли кабӯтарон содда бошед.

[17] Лекин аз мардум хазар кунед: зеро шуморо ба маҳкамаҳо хоҳанд супурд ва дар куништҳои худ шуморо қамчинкорӣ хоҳанд кард,

[18] Ва ба хотири Ман шуморо назди ҳокимон ва подшоҳон хоҳанд бурд, то ки барои онҳо ва халқҳо шаҳодате шавад.

[19] Лекин чун шуморо таслим кунанд, андеша накунед, ки чӣ гуна ва ё чӣ бояд бигӯед; зеро ки дар он соат ба шумо ато хоҳад шуд, ки чӣ бояд гуфт;

[20] Зеро ки гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳи Падари шумост, ки дар шумо гӯянда аст.

[21] Ва бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳад кард; ва фарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳанд расонд;

[22] Ва аз барои исми Ман тамоми мардум аз шумо нафрат хоҳанд кард; лекин ҳар кӣ то ба охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.

[23] Агар дар шаҳре шуморо таъқиб кунанд, ба дигаре бигрезед. Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки ҳамаи шаҳрҳои Исроилро тай кунед, Писари Одам хоҳад омад.

[24] Шогирд аз муаллими худ ва ғулом аз оғои худ авло нест:

[25] Басанда аст, ки шогирд чун муаллими худ бошад, ва ғулом чун оғои худ бошад. Агар соҳиби хонаро Баал‐Забул номида бошанд, аҳли хонаи вайро чӣ қадар зиёдтар хоҳанд номид.

[26] Пас, аз онҳо натарсед: зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад.

[27] Он чи дар торикӣ ба шумо мегӯям, дар рӯшноӣ бигӯед; ва он чи дар гӯш мешунавед, дар болои бомҳо мавъиза кунед.

[28] Ва аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳ қодир нестанд, натарсед; балки аз Ӯ ҳаросон бошед, ки қодир аст ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳро дар дӯзах нобуд кунад.

[29] Оё ду гунҷишк ба як фулус фурӯхта намешавад? Ва ҳол он ки ягонтои онҳо бе хости Падари шумо ба замин намеафтад;

[30] Лекин ҳамаи мӯйҳои сари шумо низ шумурда шудааст;

[31] Пас, натарсед: шумо аз бисьёр гунҷишкон бартарӣ доред.

[32] Пас, ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард;

[33] Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард.

[34] Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер;

[35] Зеро ки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш чудо кунам.

[36] Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд.

[37] Хар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё духтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест;

[38] Ва ҳар кӣ салиби худро намебардорад ва маро пайравӣ намекунад, лоиқи Ман нест.

[39] Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ хоҳад кард.

[40] Ҳар кӣ шуморо қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад;

[41] Ҳар кӣ пайғамбарро ба исми пайғамбар қабул кунад, мукофоти пайғамбарро хоҳад ёфт; ва ҳар кӣ одилро ба исми одил қабул кунад, мукофоти одилро хоҳад ёфт.

[42] Ва ҳар кӣ яке аз ин хурдонро фақат як пиёла оби сард бинӯшонад, чунки исми шогирд дорад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки мукофоти худро аз даст нахоҳад дод».

Инҷили Матто — Chapters