[1] Дар он вақт Исо рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт; ва шогирдонаш гурусна монда, ба чидан ва хӯрдани хӯшаҳо сар карданд.
[2] Фарисиён инро дида, ба Ӯ гуфтанд: «Инак, шогирдони Ту коре мекунанд, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест».
[3] Ба онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд?
[4] Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он ба вай ва ҳамроҳонаш раво набуд, балки фақат ба коҳинон раво буд?
[5] Ё дар Таврот нахондаед, ки коҳинон дар рӯзҳои шанбе дар маъбад оини шанберо риоят намекунанд ва бо вуҷуди он бегуноҳанд?
[6] Лекин ба шумо мегӯям, ки дар ин ҷо Шахсе ҳаст, ки аз маъбад бузургтар аст;
[7] Ва агар медонистед, ки „марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ“ чӣ маъно дорад, бегуноҳонро мазаммат намекардед;
[8] Зеро ки Писари Одам оғои рӯзи шанбе низ мебошад».
[9] Ва аз он ҷо рафта, ба куништи онҳо даромад.
[10] Ва инак, дар он ҷо одаме буд, ки дасти хушкшудае дошт. Аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан ҷоиз аст?» Қасдашон ин буд, ки Ӯро айбдор кунанд.
[11] Ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки як гӯсфанд дошта бошад, ва он дар рӯзи шанбе ба мағоке афтаду онро гирифта набарорад?
[12] Пас чӣ қадар аз гӯсфанд одам азизтар аст! Бинобар ин дар рӯзҳои шанбе некӣ кардан ҷоиз аст».
[13] Он гоҳ ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай дароз кард; ва мисли дасти дигараш сиҳат шуд.
[14] Фарисиён берун рафта, дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд.
[15] Лекин Исо инро дарьёфта, аз он ҷо дур шуд. Ва мардуми бисьёре аз паи Ӯ равона шуданд, ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо бахшид,
[16] Ва ба онҳо фармоиш дод, ки овозаи Ӯро паҳн накунанд,
[17] То ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи набӣ гуфта шудааст:
[18] «Инак Бандаи Ман, ки Ӯро баргузидаам, ва Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст; Рӯҳи Худро бар Ӯ хоҳам ниҳод, то ки довариро ба халқҳо эълон кунад;
[19] Ситеза ва фиғоне нахоҳад кард, ва касе дар кӯчаҳо овози Ӯро нахоҳад шунид;
[20] Наи хамидаро нахоҳад шикаст ва фатилаи нимсӯхтаро хомӯш нахоҳад кард, то даме ки довариро ба ғалаба оварда расонад;
[21] Ва халқҳо ба исми Ӯ умед хоҳанд баст».
[22] Он гоҳ девонаеро назди Ӯ оварданд, ки кӯр ва гунг буд; Ӯ вайро шифо бахшид, ба тавре ки он кӯр ва гунг гӯё ва бино шуд.
[23] Ва тамоми мардум дар ҳайрат афтода, гуфтанд: «Оё ин Шахс Писари Довуд нест?»
[24] Лекин фарисиён инро шунида, гуфтанд: «Ӯ девҳоро фақат ба воситаи Баал‐Забул, калони девҳо, берун мекунад».
[25] Аммо Исо фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад; ва ҳар шаҳр ё хонае ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, устувор истода наметавонад.
[26] Ва агар шайтон шайтонро берун кунад, вай бар зидди худ аз ҳам ҷудо шуда бошад: пас салтанати вай чӣ гуна устувор истода метавонад?
[27] Ва агар Ман девҳоро ба воситаи Баал‐Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо хоҳанд шуд.
[28] Лекин агар Ман девҳоро бо Рӯҳи Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст.
[29] Ё касе чӣ гуна ба хонаи шахси зӯроваре даромада, чизҳои вайро ғорат карда метавонад, бе он ки аввал он зӯроварро бибандад ва пас аз он хонаи вайро ғорат кунад?
[30] Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад.
[31] Аз ин сабаб ба шумо мегӯям: ҳар навъ гуноҳ ва куфр ба одамизод омурзида мешавад; лекин куфр бар зидди Рӯҳ ба одамизод омурзида нахоҳад шуд.
[32] Ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, ба вай омурзида мешавад; лекин ҳар кӣ бар зидди Рӯҳулқудс сухане гӯяд, ба вай омурзида нахоҳад шуд, на дар ин олам, на дар олами оянда.
[33] Ё дараҳтро нек гардонед ва меваашро нек; ё дарахтро бад гардонед ва меваашро бад; зеро ки дарахт аз мевааш шинохта мешавад.
[34] Эй афъизодагон! Шумо чӣ тавр суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед? Зеро ки забон аз пурии дил сухан мегӯяд.
[35] Шахси нек аз ганҷинаи нек чизи нек берун меоварад; ва шахси бад аз ганҷинаи бад чизи бад берун меоварад.
[36] Лекин ба шумо мегӯям, ки мардум барои ҳар сухани ботиле ки мегӯянд, дар рӯзи доварӣ ҷавоб хоҳанд дод:
[37] Зеро ки аз суханони худ сафед хоҳӣ шуд ва аз суханони худ маҳкум хоҳӣ шуд».
[38] Он гоҳ баъзе аз китобдонон ва фарисиён ба ҷавоб гуфтанд: «Эй Устод! Мехоҳем аломате аз Ту бубинем».
[39] Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Насли шарир ва зинокор аломате металабад: ва ба вай, ҷуз аломати Юнуси набӣ, аломате дода нахоҳад шуд;
[40] Зеро, чунон ки Юнус се шабонарӯз дар шиками моҳӣ буд, Писари Одам низ се шабонарӯз дар оғӯши замин хоҳад буд.
[41] Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳанд кард, зеро ки онҳо бо мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Юнус бузургтар аст.
[42] Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Сулаймон бузургтар аст.
[43] Вақте ки рӯҳи палид аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва намеёбад;
[44] Он гоҳ мегӯяд: „Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам“. Ва гашта омада, онро холӣ, ҷорӯбзада ва ороста меёбад;
[45] Пас аз он рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва дохил шуда, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад. Ҳоли ин насли шарир низ ҳамин тавр хоҳад шуд».
[46] Ҳанӯз Ӯ бо мардум сухан мегуфт, ки модар ва бародаронаш омада, дар берун истоданд ва мехостанд бо Ӯ гуфтугӯ кунанд.
[47] Ва шахсе ба Ӯ гуфт: «Инак, модарат ва бародаронат дар берун истодаанд ва мехоҳанд бо Ту гуфтугӯ кунанд».
[48] Лекин Ӯ дар ҷавоби он шахс гуфт: «Кист модари Ман, ва кист бародарони Ман?»
[49] Ва бо дасти Худ шогирдони Худро нишон дода, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман;
[50] Зеро, ҳар кӣ хости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».