Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:05

[1] Ва Исо суханашро бо масалҳо давом дода, ба онҳо гуфт:

[2] «Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки барои писари худ тӯи арӯсӣ барпо кард,

[3] Ва ғуломони худро фиристод, то ки даъватшудагонро ба тӯи арӯсӣ бихонанд; лекин онҳо нахостанд биёянд.

[4] Боз ғуломони дигарро фиристод ва гуфт: „Ба даъватшудагон бигӯед, ки «инак, дастархони худро оростаам, говҳо ва бӯрдоқиҳои ман сар бурида шудаанд, ва ҳама чиз тайёр аст; ба тӯи арӯсӣ биёед»“.

[5] Лекин онҳо беэътиноӣ карда, яке ба киштзори худ ва дигаре ба тиҷоратхонаи худ рафтанд;

[6] Ва баъзеи дигарон ғуломони ӯро гирифта, ҳақорат доданд ва куштанд.

[7] Подшоҳ, чун шунид, хашмгин шуд ва аскарони худро фиристода, он қотилонро маҳв намуд ва шаҳрашонро оташ дода сӯзонд.

[8] Он гоҳ ба ғуломони худ гуфт: „Тӯй тайёр аст, лекин даъватшудагон сазовори он набуданд;

[9] Пас, ба сари гузар бароед ва ҳар киро биёбед, ба тӯи арӯсӣ даъват кунед“.

[10] Ва ғуломон ба сари роҳ баромада, ҳар киро ёфтанд, хоҳ нек буд хоҳ бад, ҷамъ карданд; ва тӯйхона аз меҳмонон пур шуд.

[11] Подшоҳ барои дидани аҳли маҷлис даромада, шахсеро дид, ки ҷомаи тӯёна дар бар надорад,

[12] Ва ба вай гуфт: „Эй рафиқ, чӣ тавр ба ин ҷо даромадӣ, дар ҳолате ки ҷомаи тӯёна дар бар надорӣ?“ Лекин вай хомӯш монд.

[13] Подшоҳ ба ходимони худ гуфт: „Дасту пои вайро баста, ба зулмоти берун бароварда партоед: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд“.

[14] Зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон — кам».

[15] Он вақт фарисиён рафта, машварат карданд, ки чӣ тавр Ӯро аз суханаш афтонанд.

[16] Ва шогирдони худро бо ҳиродиён назди Ӯ фиристода, гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ;

[17] Пас ба мо бигӯ, ки фикри Ту чист? Оё ба қайсар ҷизья додан ҷоиз аст, ё не?»

[18] Аммо Исо макри онҳоро дарьёфта, гуфт: «Эй риёкорон, чаро Маро меозмоед?

[19] Сиккаи ҷизьяро ба Ман нишон диҳед». Онҳо ба Ӯ диноре оварданд.

[20] Ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва рақам аз они кист?»

[21] Ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар». Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо».

[22] Чун инро шуниданд, дар ҳайрат монданд ва Ӯро гузошта, рафтанд.

[23] Ҳамон рӯз саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:

[24] «Эй Устод! Мусо гуфтааст: „Агар касе бимирад ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад“.

[25] Назди мо ҳафт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва чун фарзанд надошт, занашро ба бародари худ гузошт;

[26] Ҳамчунин дуюм ва сеюм, то ҳафтум;

[27] Баъд аз ҳама зан низ мурд.

[28] Пас, дар эҳьёи мурдагон вай зани кадоме аз он ҳафт нафар хоҳад буд? Зеро ки ҳама вайро ба занӣ гирифта буданд».

[29] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро;

[30] Зеро ки дар эҳьёи мурдагон на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагони Худо дар осмон мебошанд.

[31] Аммо дар бораи эҳьёи мурдагон оё каломеро, ки Худо ба шумо гуфтааст, нахондаед:

[32] „Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб“? Худо на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон».

[33] Ва мардум шунида, аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд.

[34] Аммо чун фарисиён шуниданд, ки Ӯ даҳони саддуқиёнро бастааст, бо ҳам чамъ омаданд.

[35] Ва яке аз онҳо, ки шариатдон буд, Ӯро озмуданӣ шуда, чунин савол дод:

[36] «Эй Устод! Кадом ҳукм дар шариат бузургтар аст?»

[37] Исо ба вай гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор.

[38] Ҳамин аст ҳукми аввалин ва бузургтарин;

[39] Ва дуюмаш монанди он аст: Ёри худро мисли худ дӯст бидор.

[40] Ба ин ду ҳукм тамоми Таврот ва суҳафи анбиё асос ёфтааст».

[41] Ҳангоме ки фарисиён бо ҳам ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо савол дода,

[42] Гуфт: «Дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Писари Довуд».

[43] Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ тавр Довуд, аз рӯи илҳом, Ӯро Худованд хонда, чунин мегӯяд:

[44] „Худованд ба Худованди ман гуфт: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам»“?

[45] Модоме ки Довуд Ӯро Худованд мехонад, чӣ сон Ӯ писари вай будааст?»

[46] Ва ҳеҷ кас дар ҷавоби Ӯ сухане гуфта натавонист; ва пас аз он рӯз касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.

Инҷили Матто — Chapters