Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:48

[1] Дар он замон Малакути Осмон монанди даҳ бокирае хоҳад буд, ки чароғҳои худро бардошта, ба пешвози домод берун рафтанд;

[2] Аз онҳо панҷ нафар доно ва панҷ нафар нодон буданд;

[3] Нодонон чароғҳои худро гирифтанд, вале бо худ равған нагирифтанд;

[4] Лекин доноён бо чароғҳои худ дар зарфҳо низ равған гирифтанд;

[5] Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хуфтанд.

[6] Ва дар нисфи шаб овозе баланд шуд: „Инак, домод меояд, ба пешвози вай берун оед“.

[7] Он гоҳ ҳамаи он бокираҳо бархоста, чароғҳои худро тайёр карданд.

[8] Ва нодонон ба доноён гуфтанд: „Аз равғани худ ба мо диҳед, зеро чароғҳои мо хомӯш мешавад“.

[9] Аммо доноён дар ҷавоб гуфтанд: „Не, мабодо барои мо ва шумо камӣ кунад; беҳтар аст, ки шумо назди фурӯшандагон рафта, барои худ бихаред“.

[10] Ва ҳангоме ки онҳо барои харидан рафтанд, домод омад, ва онҳое ки тайёр буданд, бо вай ба тӯи арӯсӣ даромаданд, ва дар баста шуд.

[11] Баъд аз он, бокираҳои дигар низ омада, гуфтанд: „Эй оғо! Эй оғо! Ба мо воз кун“.

[12] Лекин вай дар ҷавоби онҳо гуфт: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам“.

[13] Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Писари Одам дар кадом рӯз ва кадом соат меояд.

[14] Зеро монанди касест, ки ба сафари дур рафтанӣ шуда, ғуломони худро талабид ва молу мулкашро ба онҳо супурд:

[15] Ба яке панҷ талант, ба дигаре ду, ба сеюмӣ як, яъне ба ҳар кадом алоқадри ҳолаш дода, дарҳол ба сафар рафт.

[16] Он ки панҷ талант гирифта буд, рафта ба тиҷорат машғул шуд ва панҷ таланти дигар фоида кард;

[17] Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, ду таланти дигар ба даст овард;

[18] Лекин он ки як талант гирифта буд, рафта заминро канд ва пули оғои худро пинҳон кард.

[19] Пас аз муддати дуру дарозе оғои он ғуломон омада, аз онҳо ҳисобот талаб кард.

[20] Он ки панҷ талант гирифта буд, панҷ таланти дигарро ҳам оварда, гуфт: „Эй оғо! Ту ба ман панҷ талант дода будӣ; инак, бо онҳо панҷ таланти дигар ба даст овардам“.

[21] Оғояш ба вай гуфт: „Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будӣ, туро бар чизҳои бисьёр бигуморам; ба шодии оғои худ шарик шав“.

[22] Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: „Эй оғо! Ту ба ман ду талант дода будӣ; инак, бо онҳо ду таланти дигар ба даст овардам“.

[23] Оғояш ба вай гуфт: „Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будӣ, туро бар чизҳои бисьёр бигуморам; ба шодии оғои худ шарик шав“.

[24] Пас он ки як талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: „Эй оғо! Чун медонистам, ки ту марди сахтгире ҳастӣ, аз ҷое ки накоштаӣ, медаравӣ, ва аз ҷое ки напошидаӣ, ҷамъ мекунӣ;

[25] Бинобар ин тарсидам ва рафта таланти худро дар замин пинҳон кардам; инак, моли ту ин ҷост“.

[26] Оғояш дар ҷавоби вай гуфт: „Эй ғуломи шарир ва танбал! Ту медонистӣ, ки ман аз ҷое ки накоштаам, медаравам, ва аз ҷое ки напошидаам, ҷамъ мекунам;

[27] Аз ин рӯ ту мебоист пули маро ба саррофон медодӣ, ва ман омада, пули худро бо фоидааш мегирифтам;

[28] Пас он талантро аз вай гирифта, ба касе ки даҳ талант дорад, бидиҳед.

[29] Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзуда шавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад;

[30] Ва он ғуломи нобакорро ба зулмоти берун бароварда партоед: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд“.

[31] Лекин вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст,

[32] Ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад;

[33] Ва гӯсфандонро ба тарафи рост ва бузҳоро ба тарафи чапи Худ ҷой хоҳад дод.

[34] Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Биёед, эй баракатьёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред:

[35] Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед; ташна будам, ба Ман об додед; ғариб будам, Маро пазируфтед;

[36] Бараҳна будам, Маро пӯшондед; бемор будам, Маро иёдат кардед; дар зиндон будам, ба дидани Ман омадед“.

[37] Он гоҳ одилон дар ҷавоб хоҳанд гуфт: „Худовандо! Кай Туро гурусна дидему хӯрок додем? Ё ташна дидему об додем?

[38] Кай Туро ғариб дидему пазируфтем? Ё бараҳна дидему пӯшондем?

[39] Кай Туро бемор ё маҳбус дидему ба дидани Ту омадем?“

[40] Ва Подшоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардаед, ба Ман кардаед“.

[41] Он гоҳ ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Эй малъунон, аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидоние ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед:

[42] Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок надодед; ташна будам, ба Ман об надодед;

[43] Ғариб будам, Маро напазируфтед; бараҳна будам, Маро напӯшондед; бемор ва маҳбус будам, ба иёдати Ман наомадед“.

[44] Онҳо низ дар ҷавоби Ӯ хоҳанд гуфт: „Худовандо! Кай Туро гурусна, ё ташна, ё ғариб, ё бараҳна, ё бемор, ё маҳбус дидему ба Ту хизмат накардем?“

[45] Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо ба яке аз ин хурдтаринҳо накардаед, ба Ман накардаед“.

[46] Ва онҳо ба азоби ҷовидонӣ хоҳанд рафт, вале одилон — ба ҳаёти ҷовидонӣ».

Инҷили Матто — Chapters