Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 5:09

[1] Баъд аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъқуб ва бародари вай Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард,

[2] Ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд: чеҳрааш чун офтоб дурахшид, ва либосаш чун нур сафед гардид.

[3] Ва инак, Мусо ва Ильёс ба онҳо намоён шуданд, ки бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд.

[4] Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Худовандо! Дар ин ҷо будани мо некӯст; агар хоҳӣ, дар ин ҷо се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс».

[5] Ханӯз вай сухан мегуфт, ва инак абри дурахшандае бар онҳо соя андохт; ва инак овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст; Ӯро бишнавед».

[6] Чун шогирдон инро шуниданд, рӯй ба замин афтоданд ва бисьёр тарсиданд.

[7] Лекин Исо наздик омада, ба онҳо даст расонд ва гуфт: «Бархезед ва ҳаросон нашавед».

[8] Ва онҳо чашмони худро кушода, ҷуз Исо касеро надиданд.

[9] Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуда, гуфт: «То Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, ин рӯъёро ба касе нагӯед».

[10] Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки Ильёс бояд аввал биёяд?»

[11] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Ильёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад;

[12] Лекин ба шумо мегӯям, ки Ильёс аллакай омад, ва онҳо вайро нашиноҳтанд, ва бо вай он чи ҳостанд, карданд; Писари Одам низ аз дасти онҳо уқубат ҳоҳад кашид».

[13] Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи Яҳьёи Таъмиддиҳанда ба онҳо суҳан мегуфт.

[14] Чун онҳо назди мардум омаданд, марде пеш омада, назди Ӯ зону зад,

[15] Ва гуфт: «Худовандо! Ба писари ман марҳамат кун; вай масрӯъ аст ва саҳт азият мекашад, зеро ки худро дам ба дам дар оташ меандозад ва дам ба дам дар об;

[16] Вайро ба шогирдони Ту овардам, онҳо шифо дода натавонистанд».

[17] Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимон ва каҷрафтор! То кай бо шумо бошам? То ба кай шуморо тоқат кунам? Вайро ин ҷо назди Ман биёред».

[18] Ва Исо ба вай амр фармуд; ва дев аз вай берун рафт; ва он писар дарҳол шифо ёфт.

[19] Шогирдонаш назди Исо омада, ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?»

[20] Исо ба онҳо гуфт: «Ба сабаби беимонии шумо; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: „Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун“, он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд;

[21] Лекин ин ҷинс фақат ба воситаи дуо ва рӯза берун меравад».

[22] Вақте ки онҳо дар Ҷалил мегаштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Писари Одам ба дасти одамон таслим карда ҳоҳад шуд,

[23] Ва Ӯро хоҳанд кушт, ва дар рӯзи сеюм эҳьё ҳоҳад шуд». Ва онҳо бисьёр ғамгин шуданд.

[24] Чун онҳо ба Кафарнаҳум расиданд, ҷамъкунандагони дудирҳам назди Петрус омада, гуфтанд: «Оё Устоди шумо дудирҳамро намедиҳад?»

[25] Гуфт: «Оре». Ва чун ба хона даромад, пеш аз он ки чизе бигӯяд, Исо ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн, фикри ту чист? Подшоҳони ҷаҳон боҷ ва хироҷро аз киҳо мегиранд? Аз фарзандони худ ё аз бегонагон?»

[26] Петрус ба Ӯ гуфт: «Аз бегонагон». Исо ба вай гуфт: «Пас фарзандон озоданд;

[27] Лекин барои он ки онҳоро ба васваса наандозем, ба соҳили баҳр рафта, қалмоқе биандоз, ва аввалин моҳиро, ки банд шуд, бигир; ва даҳонашро кушода, истатир хоҳӣ ёфт; онро гирифта, барои Ман ва барои худат ба онҳо бидеҳ».

Инҷили Матто — Chapters