[1] Чун Исо ҳамаи ин суханонро ба поён расонд, ба шогирдони Худ гуфт:
[2] «Шумо медонед, ки пас аз ду рӯз иди фисҳ аст, ва Писари Одам таслим карда хоҳад шуд, то ки маслуб гардад».
[3] Он гоҳ саркоҳинон ва китобдонон ва пирони қавм дар ҳавлии саркоҳин, ки Қаёфо ном дошт, ҷамъ омаданд,
[4] Ва машварат карданд, ки Исоро бо ҳила дастгир карда, ба қатл расонанд;
[5] Лекин мегуфтанд: «На дар ид, мабодо дар байни мардум ошӯбе рӯй диҳад».
[6] Ва ҳангоме ки Исо дар Байт‐Ҳинӣ дар хонаи Шимъӯни махавӣ буд,
[7] Зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони гаронбаҳо назди Ӯ омад ва дар ҳолате ки Ӯ дар сари суфра нишаста буд, бар сари Ӯ рехт.
[8] Ва шогирдонаш, чун инро диданд, норозӣ шуда, гуфтанд: «Ин исрофкорӣ барои чист?
[9] Зеро ки равғани атрафшонро ба қимати гарон фурӯхта, ба мискинон додан мумкин буд».
[10] Лекин Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро занро хиҷил мекунед? Вай барои Ман коре некӯ кард;
[11] Зеро мискинон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам;
[12] Вай ин равғани атрафшонро бар Бадани Ман рехта, Маро барои дафн тайёр кард;
[13] Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр хоҳад ёфт».
[14] Он гоҳ яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудои Исқарьют ном дошт, пеши саркоҳинон рафт
[15] Ва гуфт: «Ба ман чӣ хоҳед дод, то ки Ӯро ба шумо таслим кунам?» Онҳо ба вай сӣ сиккаи нуқра таклиф карданд;
[16] Ва аз он дам вай фурсат меҷуст, ки Ӯро таслим кунад.
[17] Дар рӯзи аввали иди фатир шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ фисҳро барои хӯрдани Ту тайёр кунем?»
[18] Гуфт: «Ба шаҳр назди фалонӣ биравед ва бигӯед: „Устод мегӯяд: вақти Ман наздик аст, ва фисҳро бо шогирдони Худ дар хонаи ту мегузаронам“».
[19] Ва шогирдон он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд, ва фисҳро омода карданд.
[20] Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ дар сари суфра нишаст;
[21] Ва ҳангоме ки таом мехӯрданд, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумоён Маро таслим ҳоҳад кард».
[22] Онҳо бисьёр ғамгин шуданд ва паси ҳамдигар ба Ӯ мегуфтанд: «Худовандо, оё он манам?»
[23] Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Он ки бо Ман даст дар табақ меандозад, ҳамон кас Маро таслим хоҳад кард;
[24] Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим карда шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт».
[25] Дар ҷавоб Яҳудо, ки таслимкунандаи Ӯ буд, гуфт: «Эй ӯстодам, оё он манам?» Ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ».
[26] Ва ҳангоме ки онҳо таом мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон доду гуфт: «Бигиред ва бихӯред, ки ин Бадани Ман аст».
[27] Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дода, гуфт: «Ҳама аз ин бинӯшед;
[28] Зеро ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисьёр касон аз баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад.
[29] Аммо ба шумо мегӯям, ки минбаъд аз ин шираи ангур нахоҳам нӯшид, то ҳамон рӯзе ки дар Малакути Падари Худ онро бо шумо тоза бинӯшам».
[30] Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд.
[31] Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод, зеро навишта шудааст: „Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандони рама пароканда хоҳанд шуд“.
[32] Аммо пас аз эҳьё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт».
[33] Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Агар ҳама дар ҳаққи Ту ба васваса афтанд ҳам, ман ҳаргиз намеафтам».
[34] Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хохӣ кард».
[35] Петрус ба Ӯ гуфт: «Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, Туро инкор намекунам». Ҳамаи шогирдон низ ҳамчунин гуфтанд.
[36] Баъд аз ин Исо бо онҳо ба мавзее ки Ҷатсамонӣ ном дошт, омад ва ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо бинишинед, то дар он ҷо дуо гӯям».
[37] Ва Петрус ва ҳар ду писари Забдойро бо Худ бурд; ва хеле маҳзун ва дилтанг шуд.
[38] Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бо Ман бедор бошед».
[39] Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо карда, гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман бигзарад; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту».
[40] Ва назди шогирдонаш омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Оё натавонистед соате бо Ман бедор бошед?
[41] Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон».
[42] Бори дигар рафта, боз дуо кард ва гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин набошад, ки ин коса, бе он ки онро бинӯшам, аз Ман бигзарад, пас он чи иродаи Туст, бишавад».
[43] Ва омада, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд.
[44] Ва онҳоро гузошта, боз рафт ва бори сеюм бо ҳамон суханон дуо гуфт.
[45] Он гоҳ назди шогирдонаш омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Инак, соат расидааст, ва Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад;
[46] Бархезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад».
[47] Ва ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисьёре аз ҷониби саркоҳинон ва пирони қавм бо шамшеру таёқҳо омаданд.
[48] Таслимкунандаи Ӯ ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бибӯсам, Ӯ Ҳамон аст, Ӯро дастгир кунед».
[49] Ва дарҳол назди Исо омада, гуфт: «Ассалом, эй Устод!» Ва Ӯро бӯсид.
[50] Лекин Исо ба вай гуфт: «Эй рафиқ, барои чӣ омадӣ?» Ва онҳо наздик омада, дастҳои худро бар Исо андохтанд, ва Ӯро гирифтанд.
[51] Ва ногоҳ яке аз ҳамроҳони Исо даст оварда, шамшери худро аз ғилоф кашид ва ба ғуломи саркоҳин зада, гӯши вайро бурида партофт.
[52] Исо ба вай гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун, зеро ҳар кӣ шамшер кашад, ба шамшер кушта шавад;
[53] Ё гумон мекунӣ, ки алҳол наметавонам аз Падари Худ хоҳиш намоям, ки барои Ман зиёда аз дувоздаҳ фавҷ фариштагонро равона кунад?
[54] Лекин дар он сурат Навиштаҳо чӣ гуна ба амал меояд, ки ҳамин тавр бояд бишавад?»
[55] Дар ҳамон соат Исо ба мардум гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед; ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад нишаста, таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед.
[56] Лекин ин ҳама шуд, то ки навиштаҳои анбиё ба амал ояд». Он гоҳ ҳамаи шогирдон Ӯро вогузошта, гурехтанд.
[57] Ва онҳое ки Исоро дастгир карданд, Ӯро назди саркоҳин Қаёфо оварданд, ки дар он ҷо китобдонон ва пирон ҷамъ омада буданд.
[58] Лекин Петрус аз дур, то ҳавлии саркоҳин, аз паи Ӯ равона шуд; ва ба даруни он даромада, бо хизматгорон нишаст, то ки анҷоми корро бубинад.
[59] Саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон дар ҷустуҷӯи шаҳодати бардурӯғе бар зидди Исо буданд, то Ӯро ба қатл расонанд,
[60] Лекин наёфтанд; бо вуҷуди он ки бисьёр шоҳидони козиб омада буданд, ҳеҷ наёфтанд. Ниҳоят, ду шоҳиди козиб омада,
[61] Гуфтанд: «Ӯ мегуфт: „Метавонам маъбади Худоро вайрон кунам ва дар зарфи се рӯз онро аз нав бино кунам“».
[62] Ва саркоҳин бархоста, ба Ӯ гуфт: «Ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?»
[63] Аммо Исо хомӯш монд. Ва саркоҳин ба Ӯ гуфт: «Туро ба Худои Ҳай қасам медиҳам, ба мо бигӯ, ки оё Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ?»
[64] Исо ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ; аммо Ман ба шумо мегӯям: пас аз ин Писари Одамро хоҳед дид, ки ба ямини Қудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд».
[65] Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро дарронда, гуфт: «Ӯ куфр гуфт! Дигар ба шоҳидон чӣ ҳоҷат дорем? Инак, акнун шумо куфри Ӯро шунидед!
[66] Чӣ мулоҳиза доред?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Сазовори марг аст».
[67] Он гоҳ ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд, ва Ӯро мезаданд; баъзеҳо Ӯро торсакӣ мезаданд
[68] Ва мегуфтанд: «Эй Масеҳ, ба мо нубувват кун, ки Туро кӣ задааст?»
[69] Аммо Петрус дар берун, дар рӯи ҳавлӣ нишаста буд. Ва канизе назди вай омада, гуфт: «Ту низ бо Исои Ҷалилӣ будӣ».
[70] Лекин вай дар назди ҳама инкор карда, гуфт: «Намедонам, ки ту чӣ мегӯӣ».
[71] Вақте ки аз дарвоза берун мерафт, канизи дигаре вайро дида, ба онҳое ки дар он ҷо буданд, гуфт: «Ин ҳам бо Исои Носирӣ буд».
[72] Вай бори дигар инкор карда, қасам хӯрд, ки Он Одамро намешиносад.
[73] Пас аз муддате ҳозирон наздик омада, ба Петрус гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту низ яке аз онҳо мебошӣ, зеро ки лаҳҷаи ту ба ин шаҳодат медиҳад».
[74] Он гоҳ вай ба савганду қасам хӯрдан оғоз намуда, гуфт: «Он Одамро намешиносам». Ва дарҳол хурӯс бонг зад.
[75] Ва Петрус сухани Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард». Ва берун рафта, зор‐зор гирист.