[1] Ҳукм накунед, то ки ҳукм карда нашавед;
[2] Зеро ба ҳар тариқ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон тариқ шумо ҳукм карда хоҳед шуд; ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда ҳоҳад шуд.
[3] Ва чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ?
[4] Ё чӣ тавр ба бародари худ мегӯӣ: „Иҷозат деҳ, ки ҳасро аз чашми ту дур кунам“; ва ҳол он ки чӯбе дар чашми туст?
[5] Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки ҳасро аз чашми бародари худ дур кунӣ.
[6] Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон наандозед, то ки онҳоро поймол накунанд ва баргашта, шуморо надаранд.
[7] Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, ҳоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода ҳоҳад шуд;
[8] Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ биҷӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
[9] Ва кадом одамест аз шумо, ки писараш аз ӯ нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад?
[10] Ё моҳие аз ӯ биталабад, ва море ба вай бидиҳад?
[11] Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медонед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳое ки аз Ӯ металабанд, чанд маротиба зиёдтар чизҳои нек ҳоҳад дод.
[12] Пас, ҳар он чи меҳоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед; зеро ин аст Таврот ва суҳафи анбиё.
[13] Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисьёранд;
[14] Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд.
[15] Аз анбиёи козиб ҳазар кунед, ки ба либоси меш назди шумо меоянд, лекин дар ботин гургони даррандаанд:
[16] Онҳоро аз меваҳошон хоҳед шиноҳт. Оё аз буттаи олуча ангур ва аз мушхор анҷир мечинанд?
[17] Ҳамчунин ҳар дарахти нек меваи нек меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад меоварад;
[18] Наметавонад дарахти нек меваи бад оварад, ва дарахти бад — меваи нек.
[19] Ҳар дарахте ки меваи нек намеоварад, бурида ва дар оташ андохта мешавад.
[20] Пас, онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт.
[21] На ҳар касе ки ба Ман: „Худовандо! Худовандо!“ мегӯяд, ба Малакути Осмон дохил хоҳад шуд, балки он касе ки иродаи Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад.
[22] Бисьёр касон дар он рӯз ба Ман хоҳанд гуфт: „Худовандо! Худовандо! Оё ба исми Ту нубувват накардем? Оё ба исми Ту девҳоро нарондем? Оё ба исми Ту мӯъҷизоти зиёде нишон надодем?“
[23] Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳам гуфт: „Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!“
[24] Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард;
[25] Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; лекин он фурӯ нарафт, чунки бар санг бино шуда буд.
[26] Ва ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо наоварад, ба марди нодоне монанд аст, ки ҳонаи худро бар рег бино кард;
[27] Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; ва он хона фурӯ рафт, ва харобии он бузург буд».
[28] Вақте ки Исо ин суханонро ба поён расонд, мардум аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд,
[29] Зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон ва фарисиён.