Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:19

[1] Он гоҳ китобдонон ва фарисиён, ки аз Ерусалим буданд, назди Исо омада, гуфтанд:

[2] «Чаро шогирдони Ту ривоятҳои муршидонро вайрон мекунанд? Зеро ки пеш аз хӯрдани нон дастҳои худро намешӯянд».

[3] Ӯ ба онҳо ҷавоб дода, гуфт: «Чаро шумо ҳам ба хотири ривоятҳои худ ҳукми Худоро вайрон мекунед?

[4] Зеро ки Худо хукм кардааст: „Падару модари худро иззат намо“; ва: „Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад“.

[5] Лекин шумо мегӯед: „Ҳар гоҳ касе ба падар ё модари худ гӯяд: «Он чи аз ман нафъ ёбӣ, ҳадия барои Худост»,

[6] Баъд аз он вай набояд падар ё модари худро ҳурмат кунад“. Ба ҳамин тариқ шумо ҳукми Худоро бо ривояти худ бартараф намудаед.

[7] Эй риёкорон! Ишаъё дар бораи шумо некӯ пайғом дода, гуфтааст:

[8] „Ин мардум бо забони худ ба Ман наздик мешаванд ва бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст;

[9] Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд“».

[10] Ва мардумро даъват намуда, гуфт: «Гӯш диҳед ва бифаҳмед:

[11] На он чи ба даҳон медарояд, одамро палид мекунад; балки он чи аз даҳон мебарояд, одамро палид мекунад».

[12] Он гоҳ шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Оё медонӣ, ки фарисиён ин суханро шунида, ба васваса афтоданд?»

[13] Дар ҷавоб гуфт: «Ҳар ниҳоле ки Падари Ман, ки дар осмон аст, нашинонда бошад, решакан хоҳад шуд;

[14] Онҳоро ба ҳоли худашон бигзоред; онҳо кӯроне ҳастанд, ки ба кӯрон роҳнамоӣ мекунанд; ва ҳар гоҳ кӯре ба кӯри дигаре роҳнамоӣ кунад, ҳар ду дар чоҳ хоҳанд афтод».

[15] Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Ин масалро ба мо фаҳмонда деҳ».

[16] Исо гуфт: «Оё шумо низ то ҳанӯз бефаҳм ҳастед?

[17] Оё ҳанӯз дарк накардаед, ки ҳар он чи ба даҳон медарояд, ба шикам меравад ва аз он хориҷ мешавад?

[18] Лекин ҳар он чи аз даҳон мебарояд, аз дил пайдо мешавад; ва ин чизҳо одамро палид мекунад;

[19] Зеро ки аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, фисқ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ ва куфр пайдо мешавад:

[20] Ин чизҳо одамро палид мекунад; лекин бо дасти ношуста хӯрок хӯрдан одамро палид намекунад».

[21] Ва Исо аз он ҷо берун шуда, ба ҳудуди Сӯр ва Сидӯн рафт.

[22] Ва инак, як зани канъонӣ дар он ҳудуд пеш омада, фарьёдкунон ба Ӯ гуфт: «Худовандо, Писари Довуд, ба ман марҳамат кун! Зеро ки духтарам сахт дар чанги дев аст».

[23] Лекин Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, илтимос карданд: «Вайро ҷавоб деҳ, зеро ки аз ақиби мо фарьёд мезанад».

[24] Дар ҷавоб гуфт: «Ман фақат барои гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода шудаам».

[25] Лекин зан омада, ба Ӯ саҷда кард ва гуфт: «Худованно! Ба ман мадад кун».

[26] Дар ҷавоб гуфт: «Нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест».

[27] Зан гуфт: «Оре, Худовандо! Лекин сагон низ нонрезаҳоеро, ки аз суфраи оғоёнашон меафтад, мехӯранд».

[28] Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Эй зан! Имони ту бузург аст; пас он чи хостӣ, барои ту бишавад». Ва духтари вай ҳамон соат шифо ёфт.

[29] Исо аз он ҷо ҳаракат карда, назди баҳри Ҷалил омад ва бар фарози кӯҳе баромада, дар он ҷо нишаст.

[30] Ва мардуми бисьёре назди Ӯ бо лангон, кӯрон, гунгон, маъюбон ва хеле беморони дигар омада, онҳоро пеши пойҳои Исо гузоштанд; ва Ӯ онҳоро шифо дод,

[31] Ба тавре ки мардум гунгонро гӯё, маъюбонро солим, лангонро равон ва кӯронро бино дида, дар ҳайрат монданд; ва Худои Исроилро ҳамду сано хонданд.

[32] Ва Исо шогирдони Худро пеш хонда, гуфт: «Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро ки се рӯз боз назди Ман мебошанд ва барои хӯрдан чизе надоранд; намехоҳам онҳоро гурусна ҷавоб диҳам, ки мабодо дар роҳ бемадор шаванд».

[33] Шогирдонаш дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Аз куҷо дар биёбон он қадар нон ёбем, ки чунин анбӯҳро сер кунем?»

[34] Исо ба онҳо гуфт: «Чандто нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто, ва андак моҳии майда».

[35] Пас ҷамоатро фармуд, ки бар замин биншинанд,

[36] Ва ҳафт нон ва моҳиёнро гирифта, бо изҳори шукргузорӣ пора кард ва ба шогирдонаш дод, ва шогирдон ба мардум доданд.

[37] Ва ҳама хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд;

[38] Хӯрандагон, ғайр аз занону кӯдакон, чор ҳазор мард буданд.

[39] Пас Ӯ мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ савор шуд ва ба худуди Маҷдал омад.

Инҷили Матто — Chapters