[1] Вақте ки Ӯ аз кӯҳ фуромад, мардуми бисьёре аз паи Ӯ равона шуданд.
[2] Ва инак, махавие наздик омада, назди Ӯ зону зад ва гуфт: «Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ».
[3] Ва Исо дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Меҳоҳам, пок шав». Ва дарҳол вай аз махав пок шуд.
[4] Ва Исо ба вай гуфт: «Зинҳор, ба касе магӯ; балки рафта, худро ба коҳин нишон деҳ ва он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, тақдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад».
[5] Чун Исо вориди Кафарнаҳум шуд, мирисаде назди Ӯ омад ва илтимос карда, гуфт:
[6] «Худовандо! Хизматгори ман гирифтори фалаҷ шуда, дар ҳона хобидааст ва азоби сахте дорад».
[7] Исо ба вай гуфт: «Ман омада, ӯро шифо хоҳам дод».
[8] Мирисад дар ҷавоб гуфт: «Худовандо! Ман лоики он нестам, ки Ту зери сақфи ман биёӣ; балки фақат сухане бигӯ, ва хизматгори ман шифо хоҳад ёфт;
[9] Зеро ки ман як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам; ба яке мегӯям: „Бирав“, меравад; ба дигаре мегӯям: „Биё“, меояд; ба ғуломи худ мегӯям: „Фалон корро бикун“, мекунад».
[10] Ва Исо ин суҳанонро шунида, дар тааҷҷуб монд ва ба пайравони Худ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: чунин имоне дар Исроил ҳам наёфтаам.
[11] Ва ба шумо мегӯям, ки бисьёр касон аз шарқ ва ғарб омада, дар Малакути Осмон бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб хоҳанд нишаст;
[12] Лекин фарзандони малакут ба зулмоти берун бадар ронда хоҳанд шуд: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон ҳоҳад буд».
[13] Ва Исо ба мирисад гуфт: «Бирав, мувофиқи имонат ба ту ато шавад». Ва ҳамон соат хизматгори ӯ шифо ёфт.
[14] Вақте ки Исо ба хонаи Петрус омад, модарарӯси ӯро дид, ки дар ҳолати табларза хобидааст,
[15] Ва дасти ӯро ламс кард, ва табларзаи ӯ қатъ шуд; ва ӯ бархоста, ба парастории онҳо машғул гашт.
[16] Чун шом шуд, бисьёр девонагонро назди Ӯ оварданд, ва Ӯ бо сухане арвоҳро берун кард ва ҳамаи беморонро шифо дод,
[17] То ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи набӣ гуфта шудааст: «Ӯ заъфҳои моро гирифт ва бемориҳои моро бардошт».
[18] Чун Исо мардуми бисьёрро дар гирди Худ дид, фармуд, ки ба соҳили дигар гузаранд.
[19] Он гоҳ як китобдон назди Ӯ омада, гуфт: «Устод! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард».
[20] Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошьёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад».
[21] Ва дигаре аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам».
[22] Лекин Исо ба вай гуфт: «Маро пайравӣ кун ва бигзор, ки мурдагон мурдагони худро дафн кунанд».
[23] Чун ба қаиқ савор шуд, шогирдонаш бо Ӯ ҳамроҳӣ карданд.
[24] Ногоҳ ғалаёни бузурге дар баҳр ба амал омад, то ба ҳадде ки мавҷҳо қаиқро фаро мегирифтанд; ва Ӯ хуфта буд.
[25] Шогирдонаш пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Худовандо! Моро наҷот деҳ, ки ҳалок мешавем».
[26] Ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро ҳаросонед?» Баъд бархоста, бодҳо ва баҳрро манъ кард, ва оромии комил барқарор шуд.
[27] Ва мардум дар тааҷҷуб монда, гуфтанд: «Ин кист, ки бодҳо ва баҳр низ ба Ӯ итоат мекунанд?»
[28] Ва чун дар соҳили дигар ба сарзамини ҷарҷасиён расид, ду девона аз мағоки гӯрҳо берун омада, ба Ӯ рӯ ба рӯ шуданд, ва чунон бадхашм буданд, ки ҳеҷ кас ҷуръат надошт аз он роҳ бигзарад.
[29] Ва инак, онҳо фарьёд зада, гуфтанд: «Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худо? Ту ба ин ҷо омадаӣ, то ки моро пеш аз вақт азоб диҳӣ!»
[30] Ва дар ҷои аз онҳо дуртаре галаи бузурги хукон мечарид.
[31] Ва девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Агар моро берун кунӣ, ба галаи хукон моро равона кун».
[32] Ба онҳо гуфт: «Биравед». Ва онҳо берун шуда, ба галаи хукон даромаданд. Ва инак, тамоми галаи хукон аз баландӣ ба баҳр ҷаста, дар об ғарқ шуд.
[33] Ва хукбонҳо давида рафтанд ва ба шаҳр расида, тамоми ҳодисаро, низ он чиро, ки ба девонагон рӯй дод, нақл карданд.
[34] Ва инак, тамоми аҳли шаҳр ба пешвози Исо берун омаданд ва чун Ӯро диданд, илтимос карданд, ки аз ҳудуди онҳо берун равад.