[1] Дар он айём Яҳьёи Таъмиддиҳанда зоҳир шуда, дар биёбони Яҳудо мавъиза мекард,
[2] Ва мегуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст».
[3] Зеро ӯ ҳамон аст, ки Ишаъёи набӣ аз ӯ хабар дода, гуфтааст: «Овози нидокунандае дар биёбон: „роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ӯро рост кунед“».
[4] Ва ин Яҳьё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт; ва хӯроки ӯ малах ва асали ёбоӣ буд.
[5] Он вақт аҳли Ерусалим ва тамоми Яҳудо ва музофоти Урдун назди ӯ берун меомаданд,
[6] Ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Урдун таъмид меёфтанд.
[7] Чун бисьёре аз фарисиён ва саддуқиёнро дид, ки назди ӯ барои таъмид меоянд, ба онҳо гуфт: «Эй афъизодагон! Кӣ ба шумо талқин кард, ки аз ғазаби оянда бигрезед?
[8] Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад,
[9] Ва дар дили худ нагӯед, ки „падари мо Иброҳим аст“; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад;
[10] Ва алҳол теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва дар оташ андохта хоҳад шуд;
[11] Ман шуморо бо об барои тавба таъмид медиҳам, лекин Он ки пас аз ман меояд, аз ман тавонотар аст; ман сазовори он нестам, ки пойафзоли Ӯро бардорам; Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид ҳоҳад дод;
[12] Ӯ ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандуми Худро дар анбор гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи ҳомӯшнашаванда ҳоҳад сӯзонд».
[13] Он гоҳ Исо аз Ҷалил ба Урдун назди Яҳьё омад, то ки аз вай таъмид ёбад.
[14] Лекин Яҳьё Ӯро боздошта, гуфт: «Маро лозим аст, ки аз Ту таъмид ёбам, ва Ту назди ман меоӣ?»
[15] Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Алҳол бигзор; зеро ки моро лозим аст ҳар навъ адолатро ин тавр ба ҷо оварем». Пас Яҳьё Ӯро вогузошт.
[16] Ва Исо таъмид ёфта, дарҳол аз об баромад, ва инак, осмон ба рӯи Ӯ кушода шуд, ва Рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре нозил шуда, бар Ӯ қарор мегирад.
[17] Ва инак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст».