[1] Насабномаи Исои Масеҳ, Писари Довуд, Писари Иброҳим.
[2] Иброҳим Исҳоқро ба дуньё овард; ва Исҳоқ Яъқубро ба дуньё овард; ва Яъқуб Яҳудо ва бародарони ӯро ба дуньё овард;
[3] Ва Яҳудо Форас ва Зораҳро аз Томор ба дуньё овард; ва Форас Ҳесрӯнро ба дуньё овард; ва Ҳесрӯн Ромро ба дуньё овард;
[4] Ва Ром Аминодобро ва дуньё овард; ва Аминодоб Наҳшӯнро ба дуньё овард; ва Наҳшӯн Салмӯнро ба дуньё овард;
[5] Ва Салмӯн Бӯазро аз Роҳоб ба дуньё овард; ва Бӯаз Убидро аз Рут ба дуньё овард; ва Убид Йисойро ба дуньё овард;
[6] Ва Йисой подшоҳ Довудро ба дуньё овард; ва подшоҳ Довуд Сулаймонро аз зани Уриё ба дуньё овард;
[7] Ва Сулаймон Раҳабъомро ба дуньё овард; ва Раҳабъом Абиёро ба дуньё овард; ва Абиё Осоро ба дуньё овард;
[8] Ва Осо Еҳӯшофотро ба дуньё овард; ва Еҳӯшофот Еҳӯромро ба дуньё овард; ва Еҳӯром Узиёро ба дуньё овард;
[9] Ва Узиё Ютомро ба дуньё овард; ва Ютом Оҳозро ба дуньё овард; ва Оҳоз Ҳизқиёро ба дуньё овард;
[10] Ва Ҳизқиё Менашшеро ба дуньё овард; ва Менашше Омӯнро ба дуньё овард; ва Омӯн Йӯшиёро ба дуньё овард;
[11] Ва Йӯшиё Еконьё ва бародарони ӯро дар замони ҷалои Бобил ба дуньё овард;
[12] Ва баъд аз ҷалои Бобил Еконьё Шаалтиилро ба дуньё овард; ва Шаалтиил Зарубобилро ба дуньё овард;
[13] Ва Зарубобил Абиҳудро ба дуньё овард; ва Абиҳуд Эльёқимро ба дуньё овард; ва Эльёқим Озурро ба дуньё овард;
[14] Ва Озур Содӯқро ба дуньё овард; ва Содӯқ Ёкинро ба дуньё овард; ва Ёкин Элиҳудро ба дуньё овард;
[15] Ва Элиҳуд Элъозорро ба дуньё овард; ва Элъозор Маттонро ба дуньё овард; ва Маттон Яъқубро ба дуньё овард;
[16] Ва Яъқуб Юсуф, шавҳари Марьямро ба дуньё овард, ва аз Марьям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ номида мешавад.
[17] Пас, ҳамаи наслҳо аз Иброҳим то Довуд чордаҳ насл аст; ва аз Довуд то ҷалои Бобил чордаҳ насл аст; ва аз ҷалои Бобил то Масеҳ чордаҳ насл аст.
[18] Ва мавлуди Исои Масеҳ чунин буд: вақте ки модари Ӯ Марьям ба ақди Юсуф даромад, пеш аз он ки ҳамбистар шаванд, маълум гардид, ки вай аз Рӯҳулқудс ҳомиладор аст.
[19] Ва шавҳари вай Юсуф, ки марди одил буд ва намехост вайро нангин кунад, ба дили худ гуфт, ки вайро пинҳонӣ ҷавоб дода фиристонам.
[20] Аммо вақте ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоби ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марьям натарс; зеро ки он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст;
[21] Ва Писаре хоҳад зоид, ва ту Ӯро Исо хоҳӣ номид; зеро ки Ӯ қавми Худро аз гуноҳҳошон наҷот хоҳад дод».
[22] Ва ҳамаи ин воқеъ шуд, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони набӣ гуфтааст:
[23] «Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш ин аст: Худо бо мо».
[24] Ва Юсуф аз хоб бедор шуда, ончунон рафтор кард, ки фариштаи Худованд ба ӯ фармуда буд, ва зани худро қабул кард.
[25] Ва бо вай ҳамбистар нашуд то даме ки вай Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро Исо ном ниҳод.