Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 5:39

[1] Зеро Малакути Осмон монанди соҳиби хонаест, ки бомдодон берун рафт, то ки барои токзори худ коргаронро киро кунад,

[2] Ва бо коргарон рӯзе як динорӣ паймон карда, онҳоро ба токзори худ фиристод.

[3] Ва қариби соати сеюм берун рафта, дигаронро дид, ки дар бозор бекор истодаанд,

[4] Ва ба онҳо гуфт: „Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод“. Ва онҳо рафтанд.

[5] Боз қариби соатҳои шашум ва нӯҳум берун рафта, ҳамчунин кард.

[6] Ва қариби соати ёздаҳум берун рафта, дигаронро дид, ки бекор истодаанд, ва ба онҳо гуфт: „Барои чӣ шумо тамоми рӯз дар ин ҷо бекор истодаед?“

[7] Ба вай гуфтанд: „Касе моро киро накард“. Ба онҳо гуфт: „Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод“.

[8] Чун шом расид, соҳиби токзор ба амалдори худ гуфт: „Коргаронро ҷеғ зада, муздашонро аз охирин то аввалин бидеҳ“.

[9] Онҳое ки қариби соати ёздаҳум омада буданд, ҳар яке диноре гирифтанд.

[10] Онҳое ки аввалин шуда омада буданд, хаёл карданд, ки бештар хоҳанд гирифт; лекин онҳо низ ҳар яке диноре гирифтанд;

[11] Ва чун гирифтанд, аз соҳиби хона шикоят карда,

[12] Гуфтанд: „Ин охиромадагон як соат кор карданд, ва ту онҳоро бо мо, ки сахтӣ ва гармии рӯзро аз сар гузарондем, баробар донистӣ“.

[13] Лекин вай дар ҷавоби яке аз онҳо гуфт: „Эй рафиқ! Туро озор надодаам; оё ту ба як динор бо ман паймон накардӣ?

[14] Музди худро гирифта, рав; мехоҳам ба ин охирин мисли ту диҳам;

[15] Оё ҳақ надорам, ки бо чизи худ он чи хоҳам, бикунам? Оё аз он ки ман некдил ҳастам, ту ҳасад мебарӣ?“

[16] Ба ин тариқа охиринҳо аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо — охирин; зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон — кам».

[17] Ва ҳангоме ки ба Ерусалим мерафтанд, Исо дар аснои роҳ дувоздаҳ шогирдашро танҳо назди Худ хонда, ба онҳо гуфт:

[18] «Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро ба марг маҳкум хоҳанд кард;

[19] Ва Ӯро ба дасти ғайрияҳудиён таслим хоҳанд кард, то ки тамасхур намоянд, тозиёна зананд ва маслуб кунанд; ва дар рӯзи сеюм эҳьё хоҳад шуд».

[20] Он гоҳ модари писарони Забдой бо писарони худ назди Ӯ омада ва саҷда бурда, аз Ӯ чизе илтимос кард.

[21] Исо ба вай гуфт: «Чӣ хоҳиш дорӣ?» Гуфт: «Бифармо, ки ду писари ман дар Малакути Ту яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат биншинанд».

[22] Исо дар ҷавоб гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, биёбед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Метавонем».

[23] Ба онҳо гуфт: «Косаи Маро хоҳед нӯшид, ва таъмидеро, ки Ман меёбам, хоҳед ёфт; лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам; ҷуз онҳое ки барояшон аз ҷониби Падари Ман муҳайё шуда бошад».

[24] Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз он ду бародар норозӣ шуданд.

[25] Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ки мирони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд;

[26] Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад.

[27] Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи шумо шавад;

[28] Чунки Писари Одам на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад».

[29] Ва ҳангоме ки онҳо аз Ериҳӯ мебаромаданд, мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ мерафтанд.

[30] Ва инак, ду кӯр, ки дар канори роҳ нишаста буданд, гузаштани Исоро шунида, фарьёдкунон гуфтанд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».

[31] Мардум онҳоро ба хомӯш шудан водор мекарданд; лекин онҳо боз ҳам бештар фарьёд мезаданд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».

[32] Исо истода, онҳоро назди Худ хонд ва гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барои шумо бикунам?»

[33] Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Мехоҳем чашмони мо кушода шавад».

[34] Пас Исо ба онҳо раҳм карда, чашмҳошонро ламс намуд; ва дарҳол бино гашта, аз ақиби Ӯ равона шуданд.

Инҷили Матто — Chapters