[1] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[2] «Дар рӯзи якуми моҳи якум маскани хаймаи ҷомеъро барпо намо.
[3] Ва дар он ҷо сандуқи шаҳодатро бимон, ва пардаро бар сандуқ паҳн намо.
[4] Ва мизро дохил карда, лавозимоташро ба тартиб овар; ва чароғдонро дароварда, чароғҳояшро барафрӯз.
[5] Ва қурбонгоҳи тиллои бухурро пеши сандуқи шаҳодат бимон, ва пардаи даромадгоҳи масканро биовез.
[6] Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро пеши даромадгоҳи маскани хаймаи ҷомеъ бимон.
[7] Ва лаганро дар миёни хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ бимон, ва об дар он бирез.
[8] Ва саҳнро гирдогирд барпо намо, ва пардаи дарвозаи саҳнро биовез.
[9] Ва равғани тадҳинро гирифта, масканро бо ҳар он чи дар он аст, тадҳин намо, ва онро бо тамоми колояш тақдис кун, ва он муқаддас хоҳад шуд.
[10] Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро бо тамоми колояш тадҳин намо, ва қурбонгоҳро тақдис кун; ва ин қурбонгоҳ қудси қудсҳо хоҳад шуд.
[11] Ва лаган ва пояашро тадҳин намо, ва онро тақдис кун.
[12] Ва Ҳорун ва писаронашро ба даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ наздик биёр, ва онҳоро дар об ғусл деҳ.
[13] Ва Ҳорунро либоси муқаддас бипӯшон, ва ӯро тадҳин намо, ва ӯро тақдис кун, то ки барои Ман каҳонат намояд.
[14] Ва писарони ӯро наздик биёр, ва онҳоро пероҳанҳо бипӯшон.
[15] Ва онҳоро тадҳин намо, чунон ки падарашонро тадҳин кардӣ, то ки барои Ман каҳонат намоянд; ва тадҳин ёфтани онҳо барои каҳонати абадӣ дар наслҳои онҳо хоҳад буд».
[16] Ва Мусо ба амал овард; ончунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, ба ҷо овард.
[17] Ва дар моҳи аввали соли дуюм, дар рӯзи якуми моҳ, маскан барпо гардид.
[18] Ва Мусо масканро барпо намуд, ва пояҳояшро гузошт, ва тахтаҳояшро барқарор кард, ва ғалақахояшро ниҳод, ва сутунҳояшро барпо намуд.
[19] Ва хаймаро бар маскан паҳн кард, ва болопӯши хаймаро аз боло бар он гузошт, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
[20] Ва шаҳодатро гирифта, дар сандуқ гузошт, ва дастакҳоро ба сандуқ пайваст намуд, ва сарпӯшро аз боло бар сандуқ гузошт.
[21] Ва сандуқро ба маскан даровард, ва пардаи ҷудокунандаро овехта, сандуқи шаҳодатро рӯпӯш намуд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
[22] Ва мизро дар хаймаи ҷомеъ ба тарафи шимолии маскан берун аз парда ҷойгир кард.
[23] Ва бар он як даста нонро ба ҳузури Худованд тартиб дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
[24] Ва чароғдонро дар хаймаи ҷомеъ дар рӯ ба рӯи миз, ба тарафи ҷанубии маскан гузошт.
[25] Ва чароғҳоро ба ҳузури Худованд барафрӯхт, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
[26] Ва қурбонгоҳи тиллоро дар хаймаи ҷомеъ, пеши парда ҷойгир кард.
[27] Ва бухури муаттар бар он сӯзонид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
[28] Ва пардаи даромадгоҳи масканро овехт.
[29] Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро пеши даромадгоҳи маскани хаймаи ҷомеъ гузошт, ва қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордиро бар он тақдим намуд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
[30] Ва лаганро дар миёни хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ гузошт, ва дар он барои шустушӯй об рехт.
[31] Ва Мусо ва Ҳорун ва писаронаш дастҳо ва пойҳои худро аз он шустушӯ карданд,
[32] Вақте ки ба хаймаи ҷомеъ даромада, ба қурбонгоҳ наздик шуданд, шустушӯ карданд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
[33] Ва саҳнро гирдогирди маскан ва қурбонгоҳ барпо намуд, ва пардаи дарвозаи саҳнро овехт, ва Мусо корро ба анҷом расонид.
[34] Ва абр хаймаи ҷомеъро пӯшонид, ва ҷалоли Худованд масканро пур кард.
[35] Ва Мусо натавонист ба хаймаи ҷомеъ дохил шавад, зеро ки абр бар он сокин буд, ва ҷалоли Худованд масканро пур карда буд.
[36] Ва ҳангоме ки абр аз маскан боло мебаромад, банӣ‐Исроил дар тамоми сафари худ роҳсипор мешуданд.
[37] Ва агар абр боло намебаромад, то рӯзи боло баромадани он роҳсипор намешуданд.
[38] Зеро ки абри Худованд бар маскан рӯзона, ва оташ дар он шабона, пеши назари тамоми хонадони Исроил дар тамоми сафари онҳо буд.