Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва ин аст номҳои банӣ‐Исроил, ки ба Миср омаданд, ҳар яке бо аҳли байти худ ҳамроҳи Яъқуб омаданд.

[2] Реубен, Шимъӯн, Левӣ ва Яҳудо,

[3] Иссокор, Забулун ва Биньёмин,

[4] Дон ва Нафтолӣ, Ҷод ва Ошер.

[5] Ва тамоми нуфусе ки аз камари Яъқуб ба вуҷуд омаданд, ҳафтод нафар буданд; ва Юсуф дар Миср буд.

[6] Ва Юсуф ва ҳамаи бародаронаш ва тамоми он насл мурданд.

[7] Ва банӣ‐Исроил борвар шуданд ва афзоиш ёфтанд, ва сершумор ва ниҳоятдараҷа пурзӯр гардиданд; ва замин аз онҳо пур шуд.

[8] Ва подшоҳи наве бар Миср бархост, ки Юсуфро намешинохт,

[9] Ва ба қавми худ гуфт: «Инак, қавми банӣ‐Исроил аз мо сершумортар ва пурзӯртаранд.

[10] Биеёд, ба зидди онҳо тадбири пурҳикмате биандешем, то ки афзоиш наёбанд; вагар на, вақте ки ҷанге ба вуқӯъ ояд, онҳо низ ба душманони мо ҳамроҳ шуда, ба муқобили мо ҷанг хоҳанд кард, ва аз мамлакат берун хоҳанд рафт».

[11] Ва саркорони меҳнати маҷбуриро бар онҳо таъин карданд, то ки онҳоро бо корҳои сахт ба танг оваранд; ва онҳо барои фиръавн шаҳрҳои захираҳо — Фитум ва Раамсисро бино карданд.

[12] Вале ҳар қадар зиёдтар онҳоро ба танг меоварданд, ҳамон қадар бештар онҳо афзоиш ёфта, сершумор мегардиданд, ба тавре ки мисриён аз банӣ‐Исроил бим доштанд,

[13] Ва банӣ‐Исроилро бо зулму зӯрӣ кор мефармуданд.

[14] Ва зиндагонии онҳоро бо меҳнати сахти гилкорӣ ва хиштрезӣ ва бо ҳар кори саҳро талх мегардониданд; ҳар навъ кори худро ба гардани онҳо бо зулму зӯрӣ бор мекарданд.

[15] Ва подшоҳи Миср ба дояҳои ибрӣ, ки номи яке Шифро ва номи дигаре Фуо буд, амр фармуда,

[16] Гуфт: «Вақте ки занони ибриро мезоёнед, ба сангҳои зоёниш нигоҳ кунед: агар писар бошад, ӯро бикушед, ва агар духтар бошад, — бигзор зинда монад».

[17] Вале дояҳо аз Худо тарсиданд, ва он чиро, ки подшоҳи Миср ба онҳо амр фармуда буд, ба амал наоварданд, ва писаронро зинда гузоштанд.

[18] Ва подшоҳи Миср дояҳоро хонда, ба онҳо гуфт: «Чаро ин корро кардед, ва писаронро зинда гузоштед?»

[19] Ва дояҳо ба фиръавн гуфтанд: «Занони ибрӣ, охир, мисли занони мисрӣ нестанд, балки бақувватанд, ва пеш аз он ки доя назди онҳо биёяд, мезоянд».

[20] Ва Худо ба дояҳо марҳамат кард; ва қавм афзоиш ёфта, бағоят пурзӯр гардиданд.

[21] Ва азбаски дояҳо аз Худо тарсиданд, Ӯ барояшон аҳли байт ба вуҷуд овард.

[22] Ва фиръавн ба тамоми қавми худ амр фармуда, гуфт: «Ҳар писареро, ки таваллуд ёбад, ба наҳр андозед, ва ҳар духтарро зинда нигоҳ доред».

Китоби дуоми Мусо, Хуруҷ — Chapters