Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва қурбонгоҳе аз чӯби ақоқиё бисоз, ки дарозияш панҷ зироъ, ва фарохияш панҷ зироъ, яъне қурбонгоҳи мураббаъ бошад; ва қадаш се зироъ.

[2] Ва шохҳои онро бар чор гӯшаи он бисоз, ба тавре ки шохҳояш аз худи он бошад; ва онро бо мис бипӯшон.

[3] Ва тосҳояшро барои баровардани хокистараш, ва хокандозҳояш ва косаҳояш ва чанголҳояш ва маҷмарҳояшро бисоз; тамоми колояшро аз мис бисоз.

[4] Ва барояш панҷарае аз мис ба сурати шабака бисоз, ва бар он шабака чор ҳалқаи мисин, бар чор гӯшааш, бисоз.

[5] Ва онро зери канораи қурбонгоҳ аз поён бимон, ба тавре ки шабака то нисфи қурбонгоҳ бошад.

[6] Ва дастакҳо барои қурбонгоҳ бисоз, дастакҳо аз чӯби ақоқиё бошад, ва онҳоро бо мис бипӯшон.

[7] Ва дастакҳояшро ба ҳалқаҳо бигзаронанд; ва дастакҳо дар ҳар ду паҳлуи қурбонгоҳ бошад, вақте ки онро бардоранд.

[8] Онро аз тахтаҳо дарунхолӣ бисоз; бигзор ончунон, ки дар кӯҳ ба ту нишон дода шуд, бисозанд.

[9] Ва саҳни масканро бисоз; ба тарафи ҷанубӣ пардаҳо барои саҳн аз катони нозуки дутоба бошад, дарозии онҳо ба як тараф сад зироъ бошад.

[10] Ва сутунҳояш бист адад, ва пояҳои онҳо бист адад аз мис бошад; илмакҳои сутунҳо ва бандҳои онҳо аз нуқра бошад.

[11] Ва ҳамчунин ба дарозии тарафи шимолӣ пардаҳо сад зироъ дарозӣ дошта бошад, ва сутунҳои он бист адад, ва пояҳои онҳо бист адад аз мис бошад; илмакҳои сутунҳо ва бандҳошон аз нуқра бошад.

[12] Ва ба фарохии саҳн ба тарафи ғарбӣ пардаҳо панҷоҳ зироъ бошад; сутунҳошон даҳ адад, ва пояҳошон даҳ адад.

[13] Ва фарохии саҳн ба тарафи офтоббарои шарқӣ панҷоҳ зироъ бошад.

[14] Ва пардаҳои як паҳлуи дарвоза понздаҳ зироъ; сутунҳошон се адад, ва пояҳошон се адад.

[15] Ва пардаҳои паҳлуи дигари он понздаҳ зироъ; сутунҳошон се адад, ва пояҳошон се адад.

[16] Ва барои дарвозаи саҳн бист зироъ парда аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бо санъати гулдӯзӣ бошад; сутунҳошон чор адад, ва пояҳошон чор адад.

[17] Ҳамаи сутунҳои саҳн гирдогирд бо бандҳои нуқрагин пайваст буда, илмакҳошон аз нуқра, ва пояҳошон аз мис бошад.

[18] Дарозии саҳн сад зироъ, ва фарохияш панҷоҳ зироъ дар муқобили панҷоҳ зироъ, ва қадаш панҷ зироъ, ва пардаҳояш аз катони нозуки дутоба, ва пояҳои сутунҳояш аз мис бошад.

[19] Тамоми колои маскан барои ҳар хизматаш, ва ҳамаи мехҳояш ва ҳамаи мехҳои саҳн аз мис бошад.

[20] Ва ту ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки равғани зайтуни зулоли кӯфташуда барои рӯшноӣ назди ту биёранд, то ки чароғҳо доимо афрӯхта шавад.

[21] Дар хаймаи ҷомеъ, берун аз пардае ки бар сандуқи шаҳодат аст, бигзор онро Ҳорун ва писаронаш аз шом то субҳ ба ҳузури Худованд барафрӯзанд; ин фароизи абадӣ насл ба насли онҳо аз банӣ‐Исроил хоҳад буд.

Китоби дуоми Мусо, Хуруҷ — Chapters