[1] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[2] «Диққат намо, ки Ман Басалъил ибни Урӣ ибни Ҳурро аз сибти Яҳудо ба ном хондаам.
[3] Ва Ман ӯро аз Рӯҳи Худо, аз ҳикмат ва фаҳм ва дониш ва ҳар ҳунар пур кардаам,
[4] То ки санъатҳоро омӯхта, бо тилло, нуқра ва мис кор кунад,
[5] Ва сангҳоро барои мурассаъкорӣ ҳак намояд, ва чӯбтарош гардида, ҳар корро ба ҷо оварад.
[6] Ва инак, Ман Оҳолиоб ибни Аҳисомокро аз сибти Дон мададгори ӯ таъин намудаам, ва ба дили ҳар каси донодил ҳикмат бахшидаам, то ҳар он чиро, ки ба ту амр фармудаам, ба амал оваранд:
[7] Хаймаи ҷомеъ, ва сандуқи шаҳодат, ва сарпӯше ки бар он аст, ва тамоми колои хайма,
[8] Ва миз ва колояш, ва чароғдони тиллои холис ва тамоми колояш, ва қурбонгоҳи бухур,
[9] Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ ва тамоми колояш, ва лаган ва пояаш,
[10] Ва либоси хизматӣ, ва либоси муқаддас барои Ҳоруни коҳин, ва либоси писаронаш барои каҳонат,
[11] Ва равғани тадҳин, ва бухури муаттар барои қудс, — ҳамаашро ончунон, ки ба ту амр фармудаам, онҳо ба амал хоҳанд овард».
[12] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[13] «Ва ту ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: „Аммо шанбеҳои Маро риоя намоед, зеро ки ин дар миёни Ман ва шумо дар наслҳои шумо аломате хоҳад буд, то бидонанд, ки Ман Худованд ҳастам, ки шуморо тақдис мекунам.
[14] Ва шанберо риоя намоед, зеро ки он барои шумо муқаддас аст; палидкунандагони он бигзор кушта шаванд, зеро ҳар кӣ дар он кор кунад, ҷони вай аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.
[15] Шаш рӯз бигзор кор карда шавад, ва дар рӯзи ҳафтум шанбеи оромии комил аст, ки муқаддас барои Худованд аст; ҳар кӣ дар рӯзи шанбе кор кунад, бигзор кушта шавад.
[16] Ва бигзор банӣ‐Исроил шанберо риоя намоянд: шанберо дар наслҳои худ ҳамчун аҳди абадӣ ба ҷо оваранд.
[17] Он дар миёни Ман ва банӣ‐Исроил аломати абадист, зеро ки Худованд дар шаш рӯз осмон ва заминро офарид, ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифта, фароғат намуд“».
[18] Ва ба Мусо, вақте ки суханро бо вай дар кӯҳи Сино ба итмом расонид, ду лавҳи шаҳодат, алвоҳи сангин дод, ки бо ангушти Худо бар онҳо навишта шуда буд.