[1] Ва Худованд Мусоро хонд, ва аз хаймаи ҷомеъ ба ӯ сухан ронда, гуфт:
[2] «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки касе аз шумо бихоҳад барои Худованд қурбонӣ кунад, — қурбонии худро аз чорпоён, яъне аз галаи говон ва аз рамаи гӯсфандон ва бузон тақдим намояд.
[3] Агар қурбонии ӯ қурбонии сӯхтание аз гала бошад, бигзор чорпои нари беайбро тақдим намояд; онро назди дари хаймаи ҷомеъ тақдим намояд, то ки ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбад.
[4] Ва дасти худро бар сари қурбонии сӯхтанӣ мемонад, ва ӯ таваҷҷӯҳ меёбад, то ки гуноҳҳояш кафорат шавад.
[5] Ва гӯсоларо ба ҳузури Худованд забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хунро наздик меоваранд, ва хунро бар қурбонгоҳе ки назди хаймаи ҷомеъ аст, гирдогирд мепошанд.
[6] Ва ӯ қурбонии сӯхтаниро пӯст канда, ба андоми он пора мекунад.
[7] Ва писарони Ҳоруни коҳии бар қурбонгоҳ оташ гузошта, ҳезум бар оташ мечинанд.
[8] Ва писарони Ҳорун, коҳинон, ин андом, калла ва чарбуро бар ҳезуме ки бар оташи рӯи қурбонгоҳ мебошад, мечинанд.
[9] Ва ӯ амъои он ва почаҳои онро бо об мешӯяд, ва коҳин ҳар он чиро, ки бар қурбонгоҳ мебошад, месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.
[10] Ва агар қурбонии ӯ аз рама, яъне аз гӯсфандон ё аз бузон бошад, бигзор барои қурбонии сӯхтанӣ чорпои нари беайбро тақдим намояд.
[11] Ва онро бар тарафи шимолии қурбонгоҳ ба ҳузури Худованд забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.
[12] Ва ӯ онро ба андоми он пора карда, каллааш ва чарбуяшро ҷудо мекунад, ва коҳин онҳоро бар ҳезуме ки бар оташи рӯи қурбонгоҳ мебошад, мечинад.
[13] Ва ӯ амъо ва почаҳоро бо об мешӯяд; ва коҳин ҳамаашро наздик оварда, бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.
[14] Ва агар қурбонии ӯ барои Худованд, яъне қурбонии сӯхтанӣ аз парандагон бошад, бигзор қурбонии худро аз фохтаҳо ё аз чӯҷаҳои кабӯтар тақдим намояд.
[15] Ва коҳин онро ба қурбонгоҳ наздик оварда, каллаашро мешиканад, ва бар қурбонгоҳ месӯзонад, пас аз он ки хуни он бар девори қурбонгоҳ фушурда шавад.
[16] Ва чиғилдонашро бо парҳояш ҷудо мекунад, ва онро назди қурбонгоҳ, ба тарафи шарқӣ, дар маконе ки хокистар мебошад, мепартояд.
[17] Ва онро аз миёни болҳояш чок мекунад, вале аз ҳам ҷудо намекунад, ва коҳин онро бар қурбонгоҳ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.