Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Ӯ ба Мусо гуфт: «Сӯи Худованд боло баро, ту ва Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу, ва ҳафтод нафар аз пирони Исроил, ва аз дур саҷда баред;

[2] Ва бигзор Мусо танҳо ба Худованд наздик ояд, ва онҳо наздик наоянд; ва қавм бо ӯ боло набароянд».

[3] Ва Мусо омада, ҳамаи суханони Худованд ва тамоми фароизро ба қавм ҳикоят кард; ва тамоми қавм бо як овоз ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Ҳамаи суханонеро, ки Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард».

[4] Ва Мусо ҳамаи суханони Худовандро навишт, ва бомдодон бармаҳал бархоста, қурбонгоҳе дар домани кӯҳ, ва дувоздаҳ сутун, мувофиқи дувоздаҳ сибти Исроил, бино кард.

[5] Ва ҷавононро аз миёни банӣ‐Исроил фиристод, ва онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим намуданд, ва қурбониҳои саломатӣ аз говон барои Худованд забҳ карданд.

[6] Ва Мусо нисфи хунро гирифта, дар тосҳо рехт, ва нисфи хунро бар қурбонгоҳ пошид;

[7] Ва китоби аҳдро гирифта, ба самъи қавм хонд, ва онҳо гуфтанд: «Ҳар он чи Худованд гуфтааст, ба амал хоҳем овард ва гӯш хоҳем дод».

[8] Ва Мусо хунро гирифта, бар қавм пошид, ва гуфт: «Ин аст хуни аҳде ки Худованд бар ҳамаи ин суханон бо шумо бастааст».

[9] Ва Мусо бо Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу ва ҳафтод нафар аз пирони Исроил боло баромад.

[10] Ва онҳо Худои Исроилро диданд, ва зери поҳои Ӯ чизе монанди хиштҳои ёқути кабуд, ва мисли асли осмон зулол буд.

[11] Ва Ӯ бар гузинони банӣ‐Исроил дасти Худро дароз накард, ва онҳо Худоро диданд, ва хӯрданд ва нӯшиданд.

[12] Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Назди Ман ба кӯҳ баро ва дар он ҷо бош, ва Ман алвоҳи санг ва Таврот ва аҳкомеро, ки барои таълим додан навиштаам, ба ту хоҳам дод».

[13] Ва Мусо бо Еҳушаъ бархост, ва Мусо ба кӯҳи Худо баромад.

[14] Ва ба пирон гуфт: «Дар ин ҷо ба мо мунтазир истед, то вақте ки назди шумо баргардем, ва инак, Ҳорун ва Ҳур бо шумо хоҳанд буд; бигзор ҳар кӣ даъво дошта бошад, назди онҳо ояд».

[15] Ва Мусо ба кӯҳ баромад, ва абр кӯҳро пӯшонид.

[16] Ва ҷалоли Худованд бар кӯҳи Сино маскан гирифт, ва шаш рӯз абр онро пӯшонид, ва дар рӯзи ҳафтум Ӯ Мусоро аз миёни абр хонд.

[17] Ва намуди ҷалоли Худованд мисли оташи сӯзанда дар назари банӣ‐Исроил бар қуллаи кӯҳ буд.

[18] Ва Мусо андаруни абр дохил шуда, ба кӯҳ баромад; ва Мусо чил рӯз ва чил шаб бар кӯҳ буд.

Китоби дуоми Мусо, Хуруҷ — Chapters