[1] Ва касе аз хонадони Левӣ рафта, духтари левизодаро ба занӣ гирифт.
[2] Ва он зан ҳомила шуда, писаре зоид; ва чун ӯро дид, ки зеботалъат аст, ӯро се моҳ пинҳон дошт.
[3] Вале натавонист дигар ӯро пинҳон дорад, сабаде аз қамиш барои ӯ гирифт, ва онро бо қир ва зифт андовид, ва бачаро дар он монд, ва онро дар қамишзори лаби наҳр гузошт.
[4] Ва хоҳари ӯ аз дур истод, то бидонад, ки ҳоли ӯ чӣ мешавад.
[5] Ва духтари фиръавн барои шустушӯй ба наҳр фурӯд омад, ва канизонаш дар соҳили наҳр мегаштанд; вай сабадро андаруни қамишзор дида, канизи худро фиристод, то ки онро бигирад.
[6] Ва онро кушода, бачаро дид, ва инак, кӯдак гирья мекард; ва раҳмаш ба ӯ омада, гуфт: «Ин аз бачаҳои ибриён аст».
[7] Ва хоҳари ӯ ба духтари фиръавн гуфт: «Оё рафта, зани ширдореро аз занони ибриён назди ту бихонам, то ки бачаро барои ту шир диҳад?»
[8] Ва духтари фиръавн ба вай гуфт: «Бирав». Ва он дӯшиза рафта, модари бачаро хонд.
[9] Ва духтари фиръавн ба ӯ гуфт: «Ин бачаро бибар, ва ӯро барои ман бимакон, ва ман муздатро хоҳам дод». Ва он зан бачаро гирифта, маконид.
[10] Ва бача калон шуд, ва ӯро ба духтари фиръавн овард, ва ӯ барои вай писар шуд; ва ӯро Мусо ном монда, гуфт: «Зеро ки ӯро аз даруни об баровардаам».
[11] Ва дар он айём чунин воқеъ шуд, ки Мусо калон шуда, назди бародарони худ берун омад, ва корҳои сахти онҳоро мушоҳида намуд; ва марди мисриеро дид, ки марди ибриро, ки аз бародарони ӯ буд, мезанад.
[12] Ва ба ҳар тараф назар андохт, ва чун дид, ки касе нест, он мисриро кушта, дар рег пинҳон кард.
[13] Ва рӯзи дигар берун омад, ва инак, ду марди ибрӣ ҷидол мекунанд, ва ӯ ба шарир гуфт: «Чаро ёри худро мезанӣ?»
[14] Вай гуфт: «Кист, ки туро бар мо сардор ва довар таъин намудааст? Оё ту қасд дорӣ маро бикушӣ, чунон ки он мисриро куштӣ?» Ва Мусо тарсид ва дар дили худ гуфт: «Яқин аст, ки он ҳодиса маълум шудааст».
[15] Ва фиръавн ин ҳодисаро шунида, мехост Мусоро ба қатл расонад; ва Мусо аз пеши фиръавн гурехта, дар замини Мидьён маскан гирифт, ва назди чоҳе биншаст.
[16] Ва коҳини Мидьён ҳафт духтар дошт; ва онхо омаданд, ва об кашида, тағораҳоро пур карданд, то ки рамаи падари худро об диҳанд.
[17] Ва чӯпонон омада, онҳоро ҳай карданд; ва Мусо бархоста, онҳоро муҳофизат намуд, ва рамаи онҳоро об дод.
[18] Ва онҳо назди падари худ Рауил омаданд; ва ӯ гуфт: «Чӣ тавр шумо имрӯз бо зудӣ омадед?»
[19] Ва онҳо гуфтанд: «Марди мисрие моро аз дасти чӯпонон раҳо кард, ва низ барои мо об кашида, рамаро об дод».
[20] Ва ӯ ба духтаронаш гуфт: «Пас, вай куҷост? Чаро он мардро тарк кардед? Варо бихонед, то ки нон хӯрад».
[21] Ва Мусо розӣ шуд, ки назди он мард маскан гирад; ва ӯ духтари худ Сифӯраро ба Мусо дод.
[22] Вай писаре зоид, ва ӯ номашро Ҷершӯн монд, зеро ки гуфт: «Дар замини бегона ғариб будам».
[23] Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз айёми зиёде подшоҳи Миср мурд, ва банӣ‐Исроил аз кори сахт оҳу воҳ карда, фиғон кашиданд, ва истиғосаи онҳо аз кори сахт сӯи Худо баромад.
[24] Ва Худо нолаи онҳоро шунид, ва Худо аҳди Худро, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб баста буд, ба ёд овард.
[25] Ва Худо ба ҳоли банӣ‐Исроил назар андохт, ва Худо ғамхорӣ намуд.