[1] Ва Басалъил сандуқе аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш дую ним зироъ, ва фарохияш якуним зироъ, ва қадаш якуним зироъ буд.
[2] Ва онро аз дарун ва аз берун бо тиллои холис пӯшонид, ва барои он гирдогирд афсари тилло сохт.
[3] Ва барои он, бар чор гӯшаи он чор ҳалқаи тилло рехт: ду ҳалқа бар як паҳлуяш, ва ду ҳалқа бар паҳлуи дигараш.
[4] Ва дастакҳо аз чӯби ақоқиё сохта, онҳоро бо тилло пӯшонид.
[5] Ва он дастакҳоро ба ҳалқаҳое ки бар паҳлуҳои сандуқ ҳаст, дохил намуд, то ки сандуқ ба воситаи онҳо бардошта шавад.
[6] Ва сарпӯше аз тиллои холис сохт, ки дарозияш дую ним зироъ, ва фарохияш якуним зироъ буд.
[7] Ва ду каррубӣ аз тилло сохт; онҳоро яклухт, аз ду канори сарпӯш сохт.
[8] Як каррубиро аз ин канор, ва каррубии дигарро аз он канор сохт; каррубиёнро аз худи сарпӯш бар ду канори он сохт.
[9] Ва каррубиён болҳоро дар боло паҳн карда, сарпӯшро бо болҳои худ мепӯшониданд, ва рӯйҳошон сӯи якдигар буд; рӯйҳои каррубиён сӯи сарпӯш буд.
[10] Ва мизе аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш ду зироъ, ва фарохияш як зироъ, ва қадаш якуним зироъ буд.
[11] Ва онро бо тиллои холис пӯшонид, ва гирдогирдаш афсари тилло сохт.
[12] Ва ҳошияе гирдогирди он ба андозаи як қабза сохт, ва афсари тилло гирдогирди ҳошияи он сохт.
[13] Ва чор ҳалқаи тилло барои он сохт; ва ҳалқаҳоро бар чор гӯшаи чор почаи он барқарор намуд.
[14] Ҳалқаҳо ба баландии ҳошия мувофиқ буда, ҳамчун хонаҳои дастакҳо барои бардоштани миз хизмат мекард.
[15] Ва дастакҳоро аз чӯби ақоқиё сохт, ва онҳоро бо тилло пӯшонид, то ки барои бардоштани миз хизмат кунад.
[16] Ва колоеро, ки бар миз бояд бошад, яъне табақҳои он, ва қошуқҳои он, ва тосҳои он, ва пиёлаҳои онро, ки ҳадияи рехтаниро ба воситаи онҳо мерезанд, аз тиллои холис сохт.
[17] Ва чароғдоне аз тиллои холис сохт; чароғдонро яклухт сохт, ба тавре ки поя ва шохаҳои он, қуббаҳо, ғунчаҳо ва гулҳои он аз худи он буд.
[18] Ва шаш шоха аз паҳлуҳои он берун меомад: се шохаи чароғдон аз як паҳлуяш, ва се шохаи чароғдон аз паҳлуи Дигараш.
[19] Се қуббаи монанди гули бодом дар як шоха бо ғунча ва гул буд, ва се қуббаи монанди гули бодом дар шохаи дигар, бо ғунча ва гул; ҳамчунин дар шаш шохае ки аз чароғдон берун меомад.
[20] Ва дар пояи чароғдон чор қуббаи монанди гули бодом бо ғунчаҳо ва гулҳои он буд.
[21] Ва ғунчае зери ду шохаи он, ва ғунчае зери ду шохаи он, ва ғунчае зери ду шохаи он, — барои шаш шохае ки аз он берун меомад.
[22] Ғунчаҳояш ва шохаҳояш аз худи он буданд, он куллиятан яклухт аз тиллои холис буд.
[23] Ва ҳафт чароғаш ва анбӯрҳояш, ва маҷмарҳояшро аз тиллои холис сохт.
[24] Онро бо тамоми колои он аз як киккар тиллои холис сохт.
[25] Ва қурбонгоҳи бухурро аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш як зироъ, ва фарохияш як зироъ, яъне мураббаъ буд, ва қадаш ду зироъ; шохҳояш аз худаш буд.
[26] Ва онро бо тиллои холис пӯшонид: бомаш ва деворҳояшро гирдогирд ва шохҳояшро; ва афсари тилло барояш гирдогирд сохт.
[27] Ва ду ҳалқаи тилло барояш аз таги афсараш бар ду паҳлуяш, яъне бар ду тарафаш сохт, ҳамчун хонаҳои дастакҳо сохт, то ки онро ба воситаи онҳо бардоранд.
[28] Ва дастакҳоро аз чӯби ақоқиё сохт, ва онҳоро бо тилло пӯшонид.
[29] Ва равғани тадҳини муқаддас, ва бухури муаттари пок сохт, ки бо санъати атрсозӣ сохта шуда буд.