[1] Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Барои худ ду лавҳи сангин мисли аввала битарош, ва Ман суханонеро, ки бар алвоҳи аввалин буд, ва ту онҳоро шикастӣ, бар ин алвоҳ хоҳам навишт.
[2] Ва барои субҳ тайёр бош, ва субҳгоҳ ба кӯҳи Сино баро, ва дар он ҷо бар қуллаи кӯҳ ба Ман мунтазир биист.
[3] Ва касе набояд бо ту барояд, ва низ касе набояд дар тамоми кӯҳ дида шавад; гӯсфандон ва говон низ набояд дар рӯ ба рӯи ин кӯҳ чаро кунанд».
[4] Ва Мусо ду лавҳи сангин мисли аввала тарошид, ва бомдодон бархоста, ба кӯҳи Сино баромад, чунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд; ва ду лавҳи сангинро ба дасти худ гирифт.
[5] Ва Худованд дар абр фурӯд омада, дар он ҷо бо ӯ биистод, ва исми Худовандро хонд.
[6] Ва Худованд аз пеши ӯ гузашта, нидо кард: «Худованд, Худованд, Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо,
[7] Ки марҳаматро барои ҳазорон насл нигоҳ медорад, гуноҳ ва маъсият ва хаторо меомурзад, вале осиёнро беҷазо намегузорад; барои гуноҳи падарон писарон ва писарони писаронро то насли сеюм ва чорум ҷазо медиҳад».
[8] Ва Мусо шитобон то ба замин хам шуда, саҷда бурд,
[9] Ва гуфт: «Агар ман манзури назари Ту, эй Худованд, шуда бошам, бигзор Худованд дар миёни мо равона шавад, зеро ки онҳо қавми гарданкаш ҳастанд, — ва Ту гуноҳҳо ва хатоҳои моро биомурз, ва моро мероси Худ гардон».
[10] Ва Ӯ гуфт: «Инак, Ман аҳд мебандам: пеши назари тамоми қавми ту мӯъҷизоте ба амал меоварам, ки дар тамоми дуньё ва дар ҳамаи халқҳо ба амал наомадааст; ва тамоми қавме ки ту дар миёнашон мебошӣ, амали Худовандро хоҳанд дид, зеро он чи Ман барои ту мекунам, саҳмгин аст.
[11] Он чиро, ки Ман ба ту имрӯз амр мефармоям, риоят намо; инак, Ман амӯриён, канъониён, ҳиттиён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиёнро аз пеши ту бадар хоҳам ронд.
[12] Эҳтиёт намо, ки бо сокинони замине ки ба он ҷо меравӣ, аҳд набандӣ, мабодо дар миёни шумо доме гардад,
[13] Балки қурбонгоҳҳои онҳоро хароб кунед, ва сутунҳои онҳоро бишканед, ва Ашераҳои онҳоро маҳв намоед,
[14] Чунки ту набояд ба худои дигаре саҷда барӣ, зеро Худованд, ки исмаш ғаюр аст, Худои ғаюр мебошад.
[15] Мабодо бо сокинони он замин аҳд бандӣ, ки онҳо худоёни худро фосидона пайравӣ намуда, барои худоёни худ қурбонӣ мекунанд, ва туро таклиф менамоянд, ва ту аз қурбонии онҳо мехӯрӣ,
[16] Ва аз духтарони онҳо барои писарони худ мегирӣ, ва духтарони онҳо худоёни худро фосидона пайравӣ намуда, писарони туро фосид мегардонанд, то ки худоёни онҳоро пайравӣ кунанд.
[17] Худоёни рехта барои худ насоз.
[18] Иди фатирро риоят намо: ҳафт рӯз, чунон ки ба ту амр фармудаам, дар мӯҳлати муайяни моҳи абиб фатир биҳӯр, зеро ки дар моҳи абиб аз Миср берун омадаӣ.
[19] Ҳар раҳимкушо аз они Ман аст, ва ҳар раҳимкушои наринаи чорпои ту, хоҳ аз гов бошад хоҳ аз гӯсфанд.
[20] Ва барои раҳимкушои ҳар баррае фидия бидеҳ, ва агар фидия надиҳӣ, гарданашро бишкан; барои ҳар нахустзодаи писаронат фидия бидеҳ. Ва ба ҳузури Ман тиҳидаст наоянд.
[21] Шаш рӯз кор кун, ва дар рӯзи ҳафтум истироҳат намо; дар мавсими шудгор ва дарав низ истироҳати шанберо риоят намо.
[22] Ва иди ҳафтаҳоро дар мавсими дарави навбари гандум ба ҷо овар; ва иди ҷамъовариро дар гардиши сол.
[23] Соле се маротиба тамоми наринаи ту бояд ба ҳузури Худованди Парвардигор, Худои Исроил ҳозир шаванд.
[24] Зеро ки Ман халқҳоро аз пеши ту бадар хоҳам ронд, ва ҳудуди туро васеъ хоҳам кард; ва ҳангоме ки ту соле се маротиба омада, ба ҳузури Худованд Худои худ ҳозир мешавӣ, ҳеҷ кас замини туро тамаъ нахоҳад кард.
[25] Хуни қурбонии Маро бар хамиртуруш нарез, ва қурбонии иди фисҳ то субҳ боқӣ намонад.
[26] Навбари аввалини заминатро ба хонаи Худованд Худои худ биёр, бузғоларо дар шири модари он напаз».
[27] Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ту ин суханонро бинавис, зеро ки мувофиқи ин суханон бо ту ва бо Исроил аҳд бастаам».
[28] Ва ӯ дар он ҷо чил рӯз ва чил шаб назди Худованд буд, нон нахӯрд ва об нанӯшид; ва суханони аҳд, яъне даҳ аҳкомро бар алвоҳ навишт.
[29] Ва ҳангоме ки Мусо аз кӯҳи Сино фурӯд меомад, — ва ду лавҳи шаҳодат дар дасти Мусо буд, вақте ки ӯ аз кӯҳ фурӯд меомад, — Мусо надонист, ки пӯсти чеҳрааш, ба сабаби гуфтугӯи Худо бо ӯ, медурахшид.
[30] Ва Ҳорун ва тамоми банӣ‐Исроил Мусоро диданд, ва инак, пӯсти чеҳрааш медурахшид, ва аз наздик шудан ба ӯ тарсиданд.
[31] Вале Мусо онҳоро хонд, ва Ҳорун ва ҳамаи раисони ҷамоат назди ӯ баргаштанд; ва Мусо ба онҳо сухан ронд.
[32] Ва баъд аз он тамоми банӣ‐Исроил наздик омаданд, ва ҳар он чиро, ки Худованд ба ӯ дар кӯҳи Сино гуфта буд, ба онҳо амр фармуд.
[33] Ва ҳамин ки Мусо ба онҳо сухан ронданро ба анҷом расонид, бар рӯи худ парда пӯшонид.
[34] Ва ҳангоме ки Мусо ба ҳузури Худованд медаромад, то ки бо Ӯ гуфтугӯ кунад, пардаро то вақти баромаданаш мекашид; ва баромада, он чиро, ки амр карда шуда буд, ба банӣ‐Исроил мегуфт.
[35] Ва банӣ‐Исроил чеҳраи Мусоро медиданд, ки пӯсти чеҳраи Мусо медурахшад; ва Мусо боз пардаро бар рӯи худ мепӯшонид, то вақте ки барои сухан рондан бо Худо дохил шавад.