Skip to content
Opens in a new window

[1] Агар касе гове ё гӯсфанде бидуздад, ва онро бикушад ё бифрӯшад, — бояд дар ивази гов панҷ гов, ва дар ивази гӯсфанд чор гӯсфанд бидиҳад.

[2] Агар дуздеро шабона дар вақти рахна карданаш дида, тавре занандаш, ки вай бимирад, — барои вай гуноҳи хунрезӣ нахоҳад буд.

[3] Аммо агар бар вай офтоб тулӯъ карда бошад, — барои вай гуноҳи хун ҳаст, вай бояд албатта товон бидиҳад; агар вай чизе надошта бошад, вай бояд барои талофии дуздиаш фурӯхта шавад.

[4] Агар чизи дуздидаи вай, аз гов то хар ва гӯсфанд, дар дасташ зинда ёфт шавад, — вай бояд дучанд товон бидиҳад.

[5] Агар касе киштзоре ё токзореро талаф кунонида бошад, яъне чорпоёни худро сар дода, киштзори каси дигарро нобуд карда бошад, — вай бояд беҳтарин киштзори худ ва беҳтарин токзори худро барои товони он бидиҳад.

[6] Агар оташе баромада, хорҳоро фаро гирад, ва бандҳои ғалла ё хӯшаҳои нодаравида ё киштзорро бисӯзонад, — ҳар кӣ ин сӯхторро ба вуҷуд оварда бошад, бояд албатта товонашро бидиҳад.

[7] Агар касе нуқра ё колоеро назди ёри худ амонат бимонад, ва амонаташ аз хонаи он шахс дуздида шавад, — агар дузд ёфт шавад, вай бояд дучанд товон бидиҳад;

[8] Аммо агар дузд ёфт нашавад, — бигзор соҳиби хона назди доварон оварда шавад, то қасаме ёд кунад, ки ба моликияти ёри худ даст дароз накардааст.

[9] Дар ҳар масъалаи ҷанҷолӣ оид ба гов, хар, гӯсфанд, либос ва ҳар чизи гумшуда, ки касе даъвои он дошта бошад, кори ҳар ду бояд назди доварон оварда шавад; ҳар киро доварон айбдор кунанд, вай бояд ба ёри худ дучанд товон бидиҳад.

[10] Агар касе назди ёри худ харе, ё гове, ё гӯсфанде ва ё ҳар чорпои дигарро амонат бимонад, ва он бимирад, ё пояш бишканад, ё дузде онро бибарад, ба тавре ки шоҳид набошад, —

[11] Бигзор қасами Худованд дар миёни ҳар ду ба кор бурда шавад дар бораи он ки дасти худро ба моликияти ёри худ дароз накардааст; ва соҳибаш бояд қабул кунад, ва он кас товон надиҳад.

[12] Вале агар аз ӯ дуздида шавад, ӯ бояд ба соҳибаш товон бидиҳад.

[13] Агар дарида шавад, бояд онро барои исбот кардан биёрад; барои даридашуда товон нахоҳад дод.

[14] Ва агар касе аз ёри худ ҳайвонеро ба орият бигирад, ва он маиб шавад ё бимирад, дар сурате ки соҳибаш бо он набошад, — он кас бояд албатта товон бидиҳад.

[15] Агар соҳибаш бо он бошад, — товон нахоҳад дод; агар он киро карда шуда бошад, — товонаш ба киропулӣ дохил шудааст.

[16] Ва агар касе дӯшизаеро, ки номзад нашудааст, фирефта намуда, бо вай бихуспад, — ӯ бояд маҳр дода, варо барои худ ба занӣ бигирад.

[17] Агар падари вай розӣ нашавад, ки варо ба ӯ бидиҳад, — ӯ бояд баробари маҳри дӯшизагон нуқра бидиҳад.

[18] Ҷодугарро зинда намон.

[19] Ҳар кӣ бо ҳайвоне алоқаи ҷинси кунад, — бояд албатта кушта шавад.

[20] Касе ки барои худоён, ҷуз Худованди ягона, қурбонӣ кунад, — бояд маҳв карда шавад.

[21] Ва ғарибро фиреб надеҳ, ва ӯро ба танг наовар, зеро ки дар замини Миср ғариб будед.

[22] Ҳеҷ як бевазан ва ятимро азият надиҳед.

[23] Агар ӯро азият диҳӣ, ва ӯ сӯи Ман нола кунад, — Ман нолаи ӯро хоҳам шунид,

[24] Ва хашми Ман аланга хоҳад зад, ва Ман шуморо бо шамшер хоҳам кушт, ва занони шумо бева, ва фарзандони шумо ятим хоҳанд шуд.

[25] Агар ба камбағале аз миёни қавми Ман, ки ҳамсояи ту бошад, пул қарз диҳӣ, — ба вай мисли қарзхоҳ рафтор накун: суде ба гардани вай бор накун.

[26] Агар либоси ёри худро ба гарав гирӣ, то вақти ғуруби офтоб онро ба вай баргардон,

[27] Зеро ки он ягона пӯшоки вай аст, либосе барои бадани вай аст; пас, вай чӣ пӯшида хоб равад? Ва агар вай сӯи Ман нола кунад, — Ман хоҳам шунид, зеро ки Ман карим ҳастам.

[28] Доваронро таҳқир накун, ва ба раисе ки дар қавми туст, лаънат нагӯй.

[29] Дар овардани навбари ҳосилоти худ ва маҳсули чархушти худ даранг накун; нахустзодаи писаронатро ба Ман бидеҳ.

[30] Бо гов ва гӯсфанди худ низ чунин бикун; бигзор ҳафт рӯз назди модари худ бошад, дар рӯзи ҳаштум онро ба Ман бидеҳ.

[31] Ва барои Ман одамони муқаддас хоҳед буд, ва гӯштеро, ки дар саҳро дарида шудааст, нахӯред; онро назди сагон бипартоед.

Китоби дуоми Мусо, Хуруҷ — Chapters