[1] Ва Мусо ҷавоб дода, гуфт: «Валекин онҳо ба ман бовар нахоҳанд кард, ва ба овози ман гӯш нахоҳанд дод, зеро ки хоҳанд гуфт: „Худованд ба ту зоҳир нашудааст“».
[2] Ва Худованд ба вай гуфт: «Ин чист дар дастат?» Вай гуфт: «Асо».
[3] Ва Ӯ гуфт: «Онро ба замин парто!» Вай онро ба замин партофт, ва он ба море мубаддал шуд; ва Мусо аз пеши он гурехт.
[4] Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Дастатро ёзонида, аз думаш бигир». Вай дасташро ёзонида, онро гирифт, ва он дар дасташ ба асо мубаддал шуд.
[5] «Ин корро бикун, то бовар кунанд, ки Худованд Худои падаронашон, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ба ту зоҳир шудааст».
[6] Ва Худованд боз ба вай гуфт: «Дастатро зери бағалат бимон». Вай дасташро зери бағалаш монд; ва онро баровард, ва инак, дасташ аз махав мисли барф шудааст.
[7] Ва Ӯ гуфт: «Дастатро боз ба бағалат бимон». Вай дасташро боз ба бағалаш монд; ва онро аз бағалаш баровард, ва инак, он боз мисли баданаш солим шудааст.
[8] «Ва агар онҳо ба ту бовар накунанд, ва ба овози аломати якум гӯш надиҳанд, — ба овози аломати дуюм бовар хоҳанд кард.
[9] Вале агар ба ҳар дуи ин аломатҳо ҳам бовар накунанд, ва ба овози ту гӯш надиҳанд, — он гоҳ аз оби наҳр гирифта, бар хушкӣ бирез; ва обе ки аз наҳр гирифтаӣ, бар хушкӣ ба хун мубаддал хоҳад шуд».
[10] Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Лутфан, эй Худованд! Ман шахси сухандон нестам, на аз дирӯз, на аз парирӯз, на аз вақте ки Ту ба бандаи Худ сухан гуфтӣ, зеро ки ман тутила ва сақав ҳастам».
[11] Ва Худованд ба вай гуфт: «Кист, ки забон ба одам дод? Ё кист, ки гунг, ё кар, ё бино, ё нобиноро офарид? Оё на Ман, ки Худованд ҳастам?
[12] Ва алҳол бирав, ва Ман бо забонат хоҳам буд ва туро хоҳам омӯхт, ки чӣ бояд бигӯӣ».
[13] Вай гуфт: «Лутфан, эй Худованд, бифирист ба воситаи ҳар каси дигар!»
[14] Ва хашми Худованд бар Мусо аланга зад, ва Ӯ гуфт: «Бародарат, охир, Ҳоруни левизода аст; медонам, ки ӯ ба яқин сухан меронад; ва инак, ӯ низ ба истиқболи ту меояд, ва туро дида, дилшод хоҳад шуд.
[15] Ва ту бо ӯ сухан ронда, суханонро ба забонаш талқин хоҳӣ кард; ва Ман бо забони ту ва забони ӯ хоҳам буд, ва шуморо хоҳам омӯхт, ки чӣ бояд бикунед.
[16] Ва ӯ бо амри ту ба қавм сухан хоҳад ронд; ва ӯ барои ту мисли забон хоҳад буд, ва ту барои ӯ мисли Худо хоҳӣ буд.
[17] Ва ин асоро ба дастат бигир, ки ба воситаи он ту аломатҳо ба амал хоҳӣ овард».
[18] Ва Мусо рафта, назди падарарӯсаш Йитрӯ баргашт, ва ба вай гуфт: «Ман рафта, назди бародаронам, ки дар Миср мебошанд, бармегардам, то бубинам, ки оё ҳанӯз зинда ҳастанд?» Ва Йитрӯ ба Мусо гуфт: «Ба саломатӣ бирав».
[19] Ва Худованд дар Мидьён ба Мусо гуфт: «Рафта, ба Миср баргард, зеро ҳамаи онҳое ки қасди ҷони ту доштанд, мурдаанд».
[20] Ва Мусо занаш ва писаронашро гирифта, ба хар савор кард, ва ба замини Миср баргашт; ва Мусо асои Худоро ба дасти худ гирифт.
[21] Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Вақте ки рафта ба Миср баргаштӣ, диққат намо, ки тамоми мӯъҷизотеро, ки ба дастат супурдаам, ба ҳузури фиръавн ба амал оварӣ; ва Ман дили варо сахт хоҳам кард, то ки қавмро равона накунад.
[22] Ва ба фиръавн бигӯ: „Худованд чунин мегӯяд: Исроил писари нахустзодаи Ман аст;
[23] Ва ба ту мегӯям: писарамро равона кун, то ки Маро ибодат намояд, ва агар ба равона карданаш розӣ нашавӣ, инак, Ман писари нахустзодаи туро мекушам“».
[24] Ва дар миёни роҳ чунин вокеъ шуд, ки дар манзилгоҳ Худованд бо вай вохӯрда, қасди куштани вай кард.
[25] Он гоҳ Сифӯра корди сангие гирифта, ғилофаки писари худро бурид, ва онро ба пои Мусо расонида, гуфт: «Ту барои ман шавҳари хун шудӣ».
[26] Ва Ӯ аз вай даст кашид. Он гоҳ занаш гуфт: «Шавҳари хун шудӣ, — ба сабаби хатна».
[27] Ва Худо ба Ҳорун гуфт: «Ба истиқболи Мусо сӯи биёбон бирав». Вай равона шуд ва назди кӯҳи Худо бо ӯ вохӯрда, ӯро бӯса кард.
[28] Ва Мусо ба Ҳорун аз ҳамаи суханони Худованд, ки ӯро фиристода буд, ва аз тамоми аломоте ки ба ӯ амр фармуда буд, хабар дод.
[29] Ва Мусо ва Ҳорун рафта, ҳамаи пирони банӣ‐Исроилро ҷамъ карданд.
[30] Ва Ҳорун ҳамаи суханонеро, ки Худованд ба Мусо гуфта буд, нақл намуд, ва он аломотро пеши назари қавм ба амал овард.
[31] Ва қавм имон оварданд; ва чун фаҳмиданд, ки Худованд банӣ‐Исроилро тафаққуд намуда, мазаллати онҳоро дидааст, онҳо сар хам карда, саҷда бурданд.