[1] Ва баъд аз ин Мусо ва Ҳорун омада, ба фиръавн гуфтанд: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Қавми Маро равона кун, то ки барои Ман дар биёбон ид кунанд“».
[2] Ва фиръавн гуфт: «Худованд кист, ки ба овозаш гӯш дода, Исроилро равона кунам? Худовандро намешиносам, ва Исроилро низ равона нахоҳам кард».
[3] Ва онҳо гуфтанд: «Худои ибриён ба мо зоҳир шудааст; пас мо бояд роҳи серӯзаро дар биёбон тай намуда, барои Худованд Худои худ қурбонӣ кунем, мабодо моро Ӯ бо вабо ё бо шамшер зарба занад».
[4] Ва подшоҳи Миср ба онҳо гуфт: «Чаро шумо, эй Мусо ва Ҳорун, қавмро аз корҳошон бозмедоред? Ба корубори худ биравед».
[5] Ва фиръавн гуфт: «Инак, алҳол қавми мамлакат сершуморанд, ва шумо онҳоро аз корҳошон бозмедоред».
[6] Ва фиръавн дар он рӯз ба корфармоёни қавм ва ба нозирони онҳо амр фармуда, гуфт:
[7] «Минбаъд ба қавм барои хиштрезӣ, мисли пештара, коҳ надиҳед; бигзор худашон рафта, барои худ коҳ ҷамъ кунанд.
[8] Ва ҳамон миқдори хиштҳоро, ки онҳо пештар мерехтанд, ба гардани онҳо бор кунед, онро ба ҳеҷ ваҷҳ кам накунед, зеро ки онҳо танбаланд, бинобар ин дод зада мегӯянд: „Биравем, то ки барои Худои худ қурбонӣ кунем“.
[9] Бигзор меҳнати ин одамон сахттар шавад, то ки бо он банд шуда, барои суханони бекора фурсат наёбанд».
[10] Ва корфармоёни қавм ва нозирони онҳо берун омаданд, ва ба қавм сухан ронда, гуфтанд: «Фиръавн чунин мегӯяд: „Ба шумо коҳ намедиҳам;
[11] Худатон рафта, коҳ барои худ аз ҳар ҷо, ки биёбед, бигиред; ва аз кори шумо чизе кам нахоҳад шуд“».
[12] Ва қавм дар тамоми замини Миср пароканда шуданд, то ки ба ҷои коҳ хасу хошок ҷамъ кунанд.
[13] Ва корфармоён шитоб кунонида, мегуфтанд: «Корҳои худро ба миқдори ҳаррӯза, мисли он замоне ки коҳ буд, иҷро кунед».
[14] Ва нозиронеро, ки аз банӣ‐Исроил бар онҳо корфармоёни фиръавн таъин карда буданд, мезаданд ва мегуфтанд: «Чаро миқдори хиштрезии худро ҳам дирӯз ва ҳам имрӯз мисли пештара иҷро накардед?»
[15] Ва нозирони банӣ‐Исроил омаданд, ва назди фиръавн шикоят карда, гуфтанд: «Чаро ба бандагонат чунин рафтор мекунӣ?
[16] Коҳ ба бандагонат намедиҳанд, вале ба мо мегӯянд: „Хишт бирезед!“ Ва инак, бандагонатро мезананд, ва ин гуноҳи қавми туст».
[17] Ва ӯ гуфт: «Шумо танбал ҳастед, танбал; бинобар ин шумо мегӯед: „Биравем, то ки барои Худованд қурбонӣ кунем“;
[18] Ва алҳол рафта, кор кунед! Ва коҳ ба шумо дода нахоҳад шуд, ва миқдори хиштҳоро хоҳед дод».
[19] Ва нозирони банӣ‐Исроил худро гирифтори мусибат диданд, чунки фиръавн гуфт: «Аз миқдори ҳаррӯзаи хиштҳои худ ба ҳеҷ ваҷҳ кам накунед».
[20] Ва ҳангоме ки аз пеши фиръавн берун омаданд, бо Мусо ва Ҳорун вохӯрданд, ки дар рӯ ба рӯяшон истода буданд.
[21] Ва ба онҳо гуфтанд: «Бигзор Худованд шуморо бубинад ва доварӣ намояд, аз барои он ки моро дар назари фиръавн ва навкаронаш нафратангез гардонида, шамшер ба дасташон додаед, то ки моро бикушанд».
[22] Ва Мусо сӯи Худованд руҷӯъ намуда, гуфт: «Худовандо, чаро ин қавмро гирифтори мусибат кардӣ? Барои чӣ маро фиристодӣ?
[23] Зеро аз вақте ки ман назди фиръавн омадам, то ки аз исми Ту сухан ронам, муносибати вай ба ин қавм бадтар шудааст, валекин Ту қавми Худро раҳо накардӣ».