[1] Ва ту бародарат Ҳорун ва писаронашро бо вай, аз миёни банӣ‐Исроил, ба худ муқарраб бикун, то ки вай ба Ман каҳонат намояд: Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу, Элъозор ва Итомор, писарони Ҳорун.
[2] Ва либосҳои муқаддас барои бародарат Ҳорун, аз баҳри иззат ва шукӯҳ бисоз.
[3] Ва ту ба ҳамаи донодилон, ки Ман дили онҳоро аз рӯҳи ҳикмат пур сохтаам, сухан бирон, ки либосҳои Ҳорунро барои тақдис кардани вай бисозанд, то ки вай ба Ман каҳонат намояд.
[4] Ва ин аст либосҳое ки бояд бисозанд: синабанд ва эфӯд ва ридо ва пероҳани катакчадор ва аммома ва камарбанд; ва бигзор либосҳои муқаддасро барои бародарат Ҳорун ва барои писаронаш бисозанд, то ки вай ба Ман каҳонат намояд;
[5] Ва онҳо тилло ва лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозукро бигиранд,
[6] Ва эфӯдро аз тилло ва лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бо бофти санъаткорона бисозанд.
[7] Ду китфпӯшаки пайвандшавандае бар ду канори он бояд бошад, то ки он пайваст шавад.
[8] Ва тасмаи бандубасти он, ки бар он аст, бояд бо ҳамон санъат, аз худи он, яъне аз лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бошад.
[9] Ва ду санги ҷазъ бигир, ва номҳои банӣ‐Исроилро бар онҳо ҳак намо.
[10] Шаш номи онҳоро бар як санг, ва шаш номи боқии онҳоро бар санги дигар, мувофиқи таваллудашон.
[11] Бо санъати ҳаккоки санг, мисли ҳакки мӯҳр, номҳои банӣ‐Исроилро бар ду санг ҳак намо; онҳоро дар нигинхонаҳои тилло бинишон.
[12] Ва ин ду сангро бар китфпӯшакҳои эфӯд ҷойгир намо, ки сангҳои ёдгорӣ барои банӣ‐Исроил бошад; ва бигзор Ҳорун номҳои онҳоро ба ҳузури Худованд бар ду китфи худ барои ёдгорӣ бардорад.
[13] Ва нигинхонаҳо аз тилло бисоз,
[14] Ва ду занҷир аз тиллои холис; онҳоро ба шакли танобе, бо санъати бофти морпеч бисоз; ва занҷирҳои морпечро ба нигинхонаҳо андармон бикун.
[15] Ва синабанди довариро бо бофти санъаткорона бисоз, бо ҳамон санъате ки эфӯдро бофтаӣ, яъне онро аз тилло, лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бисоз.
[16] Он бояд мураббаъ, дуқабата, дарозияш як ваҷаб ва фарохияш як ваҷаб бошад.
[17] Ва андарунаш сангҳои нигинхонадор, чор қатор санг бинишон: қатори иборат аз лаъл, ёқути зард ва зумуррад, ки ин қатори якум аст;
[18] Ва қатори дуюм — баҳрамон, ёқути кабуд ва алмос;
[19] Ва қатори сеюм — ёқути тар, ақиқи сӯхта ва ҷамаст;
[20] Ва қатори чорум — забарҷад, ҷазъ ва яшм; онҳо бояд бо нигинхонаҳои тилло нишонида шавад.
[21] Ва ин сангҳо бояд бо номҳои банӣ‐Исроил, яъне дувоздаҳ адад бо номҳои онҳо бошад; мисли ҳакки мӯҳр, барои дувоздаҳ сибт, ки ҳар яке ба номи худаш бояд бошад.
[22] Ва барои синабанд занҷирҳо ба шакли танобе бо санъати бофти морпеч аз тиллои холис бисоз.
[23] Ва барои синабанд ду ҳалқаи тилло бисоз, ва ин ду ҳалқаро ба ду канори синабанд андармон бикун.
[24] Ва он ду занҷири морпечро ба ин ду ҳалқа бар канорҳои синабанд андармон бикун.
[25] Ва ду сари дигари ду занҷири морпечро ба ду нигинхона пайванд намуда, бар китфпӯшакҳои эфӯд ба тарафи абраи он андармон бикун.
[26] Ва боз ду ҳалқаи тилло бисоз, ва онҳоро бар ду канори синабанд, ба он лабаш, ки ба тарафи астари эфӯд аст, андармон бикун.
[27] Ва боз ду ҳалқаи тилло бисоз, ва онҳоро бар ду китфпӯшаки эфӯд аз поён, аз тарафи абраи он, назди пайвандшавии он, аз болои тасмаи эфӯд андармон бикун.
[28] Ва бигзор синабандро аз ҳалқаҳояш ба ҳалқаҳои эфӯд бо риштаи лоҷвард банд кунанд, то ки он бар тасмаи эфӯд бошад, ва синабанд аз эфӯд ҷудо нашавад.
[29] Ва Ҳорун номҳои банӣ‐Исроилро дар синабанди доварӣ бар дили худ, ҳангоме ки ба қудс медарояд, барои ёдгорӣ ба ҳузури Худованд доимо хоҳад бардошт.
[30] Ва урим ва туммимро дар синабанди доварӣ бимон, то ки бар дили Ҳорун, ҳангоме ки ба ҳузури Худованд медарояд, бошад; ва бигзор Ҳорун мубашшири доварии банӣ‐Исроилро бар дили худ ба ҳузури Худованд доимо бардорад.
[31] Ва ридои эфӯдро комилан аз лоҷвард бисоз.
[32] Ва бигзор чоке барои даровардани сар дар миёнаи он бошад; лаблӯлае гирдогирди чокаш бо санъати бофтагарӣ бошад, яъне мисли гиребони ҷавшан бошад, то ки надаррад.
[33] Ва дар лаби доманаш анорҳо аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз бисоз, ки гирдогирди домани он бошад; ва зангӯлачаҳои тилло дар миёни онҳо гирдогирд бошад.
[34] Зангӯлачаи тилло ва аноре, зангӯлачаи тилло ва аноре дар лаби домани ридо гирдогирд бошад.
[35] Ва он бар тани Ҳорун ҳангоми хизматгузорияш хоҳад буд, ва садои он, ҳангоме ки ӯ ба қудс ба ҳузури Худованд медарояд, ва ҳангоме ки мебарояд, шунида хоҳад шуд, то ки ӯ намирад.
[36] Ва лавҳае аз тиллои холис бисоз, ва бар он, мисли ҳакки мӯҳр, чунин ҳак намо: „Муқаддас аст барои Худованд“.
[37] Ва онро бо риштаи лоҷвард ба аммома бибанд, то ки ба тарафи пеши аммома бошад.
[38] Ва он бар пешонии Ҳорун хоҳад буд; ва Ҳорун нуқси қурбониҳои муқаддасеро, ки банӣ‐Исроил бо ҳамаи ҳадияҳои муқаддаси худ тақдис менамоянд, хоҳад бардошт, ва он бар пешонии ӯ доимо хоҳад буд, то ки онҳо ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбанд.
[39] Ва пероҳани катакчадоре аз катони нозук бибоф, ва аммомае аз катони нозук бисоз; ва камарбанде бо санъати гулдӯзӣ бисоз.
[40] Ва барои писарони Ҳорун пероҳанҳо бисоз, ва барои онҳо камарбандҳо биссз; ва кулоҳҳо барояшон аз баҳри иззат ва шукӯҳ бисоз.
[41] Ва бо онҳо бародарат Ҳорун ва писаронашро ҳамроҳи ӯ ороста намо, ва онҳоро тадҳин бикун, ва онҳоро баргумор ва тақдис намо, то ки ба Ман каҳонат кунанд.
[42] Ва ба онҳо эзорҳои катон барои пӯшонидани авраташон бисоз, ки аз камар то зону бирасад;
[43] Ва бигзор бар Ҳорун ва писаронаш бошад, вақте ки ба хаймаи ҷомеъ дохил мешаванд, ё ки барои хизмати қудс ба қурбонгоҳ наздик меоянд, мабодо гирифтори гуноҳ гардида, бимиранд; ин фаризаи абадист барои ӯ ва барои насли ӯ баъд аз ӯ.