[1] «Ва ин аст фароизе ки ба онҳо пешниҳод хоҳӣ кард:
[2] Агар ғуломи ибрӣ бихарӣ, бигзор ӯ шаш сол кор кунад, ва дар соли ҳафтум муфт ба озодӣ барояд.
[3] Агар ӯ танҳо омада бошад, бигзор танҳо барояд; агар соҳиби зан бошад, бигзор занаш бо ӯ барояд.
[4] Агар оғояш зане ба ӯ дода бошад, ва вай барои ӯ писарон ё духтарон зоида бошад, бигзор зан ва бачагонаш назди оғои ӯ бимонанд, ва ӯ танҳо барояд.
[5] Вале агар он ғулом гӯяд: „Оғои худ, занам ва бачагонамро дӯст медорам, намехоҳам ба озодӣ бароям“, —
[6] Бигзор оғояш ӯро назди худоён биёрад, ва ӯро ба дар ё ба паҳлударӣ наздик оварад, ва оғояш гӯши ӯро бо бигиз сӯрох кунад, ва ӯ якумрӣ ғуломи вай хоҳад буд.
[7] Ва агар касе духтари худро ба канизӣ бифрӯшад, вай мисли баромадани ғуломон наметавонад барояд.
[8] Агар вай ба назари оғояш, ки варо барои худ номзад карда буд, писанд наомада бошад, бигзор ӯ имконият диҳад, ки барои вай фидия диҳанд; аммо ӯ ҳақ надорад, ки варо ба қавми бегонае бифрӯшад, дар сурате ки худаш дар ҳаққи вай хиёнат кардааст.
[9] Ва агар ӯ варо барои писари худ номзад кунад, бигзор нисбат ба вай мувофиқи ҳуқуқи духтарон рафтор намояд.
[10] Агар ӯ зани дигаре барои худ гирад, набояд зани аввалро аз хӯрок, либос ва ҳуқуқи заношӯӣ маҳрум кунад.
[11] Ва агар ин се тадбирро барои вай наандешад, бигзор вай муфт, бе фидия барояд.
[12] Ҳар кӣ касеро бизанад, ва он кас бимирад, бигзор вай маҳкуми қатл гардад.
[13] Вале агар вай қасдан амал накарда бошад, балки Худо он касро зери дасти вай рост оварда бошад, — Ман маконе барои ту муқаррар хоҳам кард, то ки вай ба он ҷо бигрезад.
[14] Ва агар шахсе ба ёри худ қасд карда бошад, ки варо бо роҳи фиреб бикушад, — варо аз пеши қурбонгоҳи Ман гирифта, ба қатл бирасон.
[15] Ва ҳар кӣ падар ё модари худро бизанад, бигзор вай маҳқуми қатл гардад.
[16] Ва ҳар кӣ касеро дуздида бифрӯшад, ё ӯ дар дасташ ёфт шавад, бигзор вай маҳкуми қатл гардад.
[17] Ва ҳар кӣ падар ё модари худро таҳқир намояд, бигзор вай маҳкуми қатл гардад.
[18] Ва агар одамон хархаша карда, яке дигареро бо санг ё бо мушт бизанад, ва ӯ намирад, балки бемори бистарӣ шавад, —
[19] Агар ӯ бархезад ва бо асо дар кӯча роҳ равад, он гоҳ шахсе ки ӯро задааст, аз ҷазо фориғ хоҳад буд; аммо вай бояд талофии бекории ӯро бидиҳад ва харҷи табобаташро адо намояд.
[20] Ва агар шахсе ғуломи худ ё канизи худро бо таёқе бизанад, ва ӯ зери дасти вай якбора бимирад, — вай бояд махкуми интиқом гардад.
[21] Вале агар ӯ як‐ду рӯз зинда монад, — набояд вай маҳкуми интиқом гардад, зеро ки ӯ зархариди вай аст.
[22] Ва агар одамон дастбагиребон шаванд, ва зани ҳомиладорро бизананд, ва ӯ бача афтонад, вале зарари дигаре ба ӯ нарасад, — айбдор бо ҷаримае ҷазо дода мешавад, вақте ки шавҳари зан онро аз вай талаб кунад, ва онро вай бояд мувофиҳи ҳукми доварон адо намояд.
[23] Ва агар зараре ба ӯ расад, он гоҳ ҷон дар ивази ҷон бидеҳ,
[24] Чашм дар ивази чашм, дандон дар ивази дандон, даст дар ивази даст, пой дар ивази пой,
[25] Сӯзониш дар ивази сӯзониш, ҷароҳат дар ивази ҷароҳат, лат дар ивази лат.
[26] Ва агар касе чашми ғуломи худ ё чашми канизи худро бизанад, ва онро маиб кунад, — бигзор варо дар ивази чашмаш озод карда фиристад.
[27] Ва агар дандони ғуломи худ ё дандони канизи худро зада ғалтонад, — бигзор варо дар ивази дандонаш озод карда фиристад.
[28] Ва агар гове мард ё занро шох занад, ва ӯ бимирад, — он говро бояд сангсор кунанд ва гӯшташро нахӯранд; вале соҳиби гов айбдор нест.
[29] Ва агар гов дирӯз ва парирӯз ҳам шохзан бошад, ва соҳибаш аз ин огоҳӣ ёфт, вале онро саришта накард, ва он марде ё занеро кушт, — бигзор говро сангсор кунанд, ва низ соҳибашро ба қатл расонанд.
[30] Агар бар вай фидия гузошта шавад, бигзор вай фидияи ҷони худро, ҳар қадар ки бар вай гузошта шуда бошад, адо намояд.
[31] Агар писаре ё духтареро шох зада бошад, мувофиқи ҳамин фариза бояд ба вай амал кунанд.
[32] Агар гов ғуломе ё канизеро шох занад, — сӣ сиқл нуқра ба оғои ӯ бояд дода шавад, ва гов сангсор карда шавад.
[33] Агар касе чоҳеро кушояд, ё касе чоҳе канад, ва онро напӯшонад, ва гове ё харе дар он афтад —
[34] Соҳиби чоҳ бояд товони онро адо намояд, яъне ба соҳиби он нуқра бидиҳад, ва лоша аз они ӯ хоҳад буд.
[35] Ва агар гови касе гови ёри ӯро шох занад, ва он бимирад, — бигзор гови зиндаро фурӯхта, пулашро тақсим кунанд; ва низ гови мурдаро тақсим кунанд.
[36] Ё агар маълум шуда бошад, ки он гов дирӯз ва парирӯз ҳам шохзан буд, вале соҳибаш онро саришта накард, — ӯ бояд гове дар ивази гов бидиҳад, ва гови мурда аз они ӯ хоҳад буд.