[1] Ва ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Малакути Худоро, ки бо қудрат меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд ҷашид».
[2] Ва баъд аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъкуб ва Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд:
[3] Либосаш дурахшон ва чун барф бағоят сафед шуд, ки дар рӯи замин ҳеҷ шустагаре наметавонад чунон сафед кунад.
[4] Ва Ильёс бо Мусо ба онҳо намоён шуда, бо Исо гуфтугӯ мекарданд.
[5] Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Эй Устод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс».
[6] Зеро намедонист, чӣ гӯяд: чунки ҳаросон буданд.
[7] Ва абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт, ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман; Ӯро бишнавед».
[8] Баногоҳ, чун ба атрофи худ нигаристанд, касеро ҷуз Исо назди худ надиданд.
[9] Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуд, ки то Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, он чи дидаанд, ба касе нагӯянд.
[10] Ва онҳо ин суханро дар ёд дошта, аз якдигар мепурсиданд, ки аз мурдагон эҳьё шудан чӣ маънӣ дорад?
[11] Ва аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки Ильёс бояд аввал биёяд?»
[12] Ӯ ба ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Ильёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад; ва Писари Одам, чунон ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, ранҷи бисьёр бинад ва ҳақир шумурда шавад;
[13] Лекин ба шумо мегӯям, ки Ильёс ҳам омад ва бо вай он чи хостанд, карданд, чунон ки дар бораи вай навишта шудааст».
[14] Чун назди шогирдонаш омад, мардуми бисьёрро гирди онҳо дид, ва китобдононро, ки бо онҳо мубоҳиса мекарданд.
[15] Дарҳол тамоми мардум, чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд ва давон‐давон омада, ба Ӯ салом доданд.
[16] Ӯ аз китобдонон пурсид: «Бо инҳо чӣ мубоҳиса мекунед?»
[17] Яке аз байни мардум ба ҷавоб гуфт: «Эй Устод! Писари худро назди Ту овардам, ки рӯҳе гунг дорад:
[18] Ҳар ҷо, ки вайро бигирад, ба замин мезанад, вай кафк бароварда, дандонҳо бо ҳам месояд ва карахт мешавад; ба шогирдони Ту гуфтам, ки онро берун кунанд, натавонистанд».
[19] Ӯ ба ҷавоби вай гуфт: «Эй насли беимон! То кай бо шумо бошам? То ба кай шуморо тоқат кунам? Вайро назди Ман биёред».
[20] Вайро назди Ӯ оварданд. Чун Ӯро дид, рӯҳ вайро ба ларза андохт; вай ба замин афтода ва ғел зада, кафк баровард.
[21] Ва аз падари вай пурсид: «Кай боз ба ин ҳолат гирифтор аст?» Гуфт: «Аз кӯдакӣ;
[22] Борҳо вайро дар оташ ва дар об афканд, то вайро ҳалок кунад; лекин, агар метавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрӣ расон».
[23] Исо ба вай гуфт: «Агар имон оварда тавонӣ, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст».
[24] Дарҳол падари кӯдак фарьёд зада, гирьякунон гуфт: «Имон меоварам, эй Худованд! Ба беимонии ман мадад кун».
[25] Чун Исо дид, ки мардум сӯяш шитоб мекунанд, рӯҳи палидро мазаммат намуда, гуфт: «Эй рӯҳи гунг ва кар! Ба ту амр мефармоям, ки аз вай берун рав ва дигар дохили вай нашав».
[26] Пас бонг зада, вайро сахт ба ларза андохта, берун рафт; вай монанди мурда гашт, ба тавре ки бисьёр касон гуфтанд, ки вай мурдааст.
[27] Лекин Исо дасташро гирифта бархезонд; вай ба по истод.
[28] Ва чун ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ ба танҳоӣ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?»
[29] Ба онҳо гуфт: «Ин ҷинс ба ҳеҷ ваҷҳ берун намеравад, ҷуз ба дуо ва рӯза».
[30] Ва аз он ҷо равона шуда, аз Ҷалил мегузаштанд; ва Ӯ намехост, ки касе Ӯро бишиносад.
[31] Зеро шогирдони Худро таълим дода мегуфт, ки Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро хоҳанд кушт; чун кушта шуд, пас аз се рӯз эҳьё хоҳад шуд.
[32] Лекин онҳо ин суханро нафаҳмиданд ва тарсиданд, ки аз Ӯ бипурсанд.
[33] Ба Кафарнаҳум омад; чун дар хона буд, аз онҳо пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар чӣ хусус муҳокима мекардед?»
[34] Онҳо хомӯш монданд, чунки дар роҳ бо якдигар муҳокима мекарданд, ки кист бузургтар.
[35] Ӯ нишаста, он дувоздаҳро наздаш хонд ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ мехоҳад нахустин бошад, вопасин ва хизматгори ҳама шавад».
[36] Пас кӯдакеро гирифта, дар миёни онҳо ба по гузошт ва, дар оғӯш кашида, ба онҳо гуфт:
[37] «Ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба исми Ман кабул кунад, вай Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, вай на Маро, балки Фиристандаи Маро қабул мекунад».
[38] Он гоҳ Юҳанно гуфт: «Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, лекин моро пайравӣ намекард, ва мо вайро манъ кардем, чунки моро пайравӣ намекард».
[39] Исо гуфт: «Вайро манъ накунед; зеро ҳеҷ касе нест, ки ба исми Ман мӯъҷиза бинмояду ба зудӣ дар ҳаққи Ман бад гуфта тавонад.
[40] Зеро ҳар кӣ зидди мо нест, бо мост.
[41] Ва ҳар кӣ ба исми Ман шуморо, аз он рӯ ки пайрави Масеҳ ҳастед, косаи обе бинӯшонад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, мукофоти худро зоеъ нахохад кард.
[42] Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар баҳр афкананд.
[43] Ва агар дастат туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки маъюб шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ба дӯзах равона шавӣ, дар оташе ки хомӯшнашаванда аст,
[44] Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.
[45] Ва агар поят туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки ланг шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду по дар дӯзах андохта шавӣ, дар оташе ки хомӯшнашаванда аст,
[46] Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.
[47] Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро бикан: барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба Малакути Худо дароӣ, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дӯзах андохта шавӣ,
[48] Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад.
[49] Зеро ҳар кас бо оташ намакин хоҳад шуд, ва ҳар курбон бо намак намакин хоҳад шуд.
[50] Намак хуб аст; лекин агар намак шӯр набошад, бо чӣ шумо онро ислоҳ мекунед? Пас дар худ намак бидоред, ва бо якдигар муросо кунед».