[1] Аз он ҷо баромада, ба он сӯи Урдун, ба худуди Яҳудо омад. Боз мардум назди Ӯ шитофтанд; ва Ӯ, аз рӯи одаташ, боз онҳоро таълим медод.
[2] Фарисиён наздик омада ва Ӯро озмуданӣ шуда, пурсиданд: «Оё ҷоиз аст, ки мард зани худро талоқ диҳад?»
[3] Ба ҷавоби онҳо гуфт: «Мусо ба шумо чӣ фармудааст?»
[4] Гуфтанд: «Мусо иҷозат додааст, ки талоқномае навишта ҷудо шаванд».
[5] Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо ин ҳукмро барои шумо навиштааст;
[6] Лекин аз ибтидои офариниш Худо онҳоро марду зан офарид.
[7] Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад,
[8] Ва ҳар ду як тан мешаванд, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд.
[9] Пас он чиро, ки Худо ба ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад».
[10] Дар хона шогирдонаш боз дар ин бора аз Ӯ пурсиданд.
[11] Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро никоҳ кунад, дар ҳаққи вай зино карда бошад;
[12] Ва агар зане аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба никоҳи дигаре дарояд, низ зино карда бошад».
[13] Кӯдаконро назди Ӯ меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад; лекин шогирдон ба оварандагон монеъ мешуданд.
[14] Чун Исо дид, дарғазаб шуда, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад.
[15] Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».
[16] Ва онҳоро ба оғӯш кашид ва даст бар онҳо ниҳода, дуои хайр кард.
[17] Вақте ки ба роҳ мебаромад, касе назди Ӯ шитофта, зону бар замин зад ва пурсид: «Эй Устоди некӯ, чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?»
[18] Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худон ягона.
[19] Аҳкомро медонӣ: „Зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; озор надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун“».
[20] Вай ба ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам».
[21] Исо ба вай нигариста, дӯст дошт ва гуфт: «Туро як чиз намерасад: бирав, ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва омада, салиб бардор ва Маро пайравӣ кун».
[22] Лекин вай аз ин сухан ошуфта ва ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисьёр дошт.
[23] Исо ба гирду пеш нигариста, ба шогирдонаш гуфт: «Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст!»
[24] Шогирдон аз суханони Ӯ дар ҳайрат шуданд. Исо боз ба ҷавоби онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Ба онҳое ки умеди сарват доранд, даромадан ба Малакути Худо чӣ гуна душвор аст!
[25] Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад».
[26] Онҳо бағоят дар ҳайрат шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?»
[27] Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин на ба Худо; зеро ки ба Худо ҳама чиз имконпазир аст».
[28] Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем».
[29] Исо ба ҷавоб гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунаду
[30] Алҳол, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда хаёти ҷовидонӣ наёбад;
[31] Лекин басо аввалин, ки охирин хоҳанд шуд, ва охирин — аввалин».
[32] Чун дар роҳи сӯи Ерусалим буданд, Исо пешопеши онҳо мерафт, ва онҳо дар ҳайрат буданд, ва чун аз ақиби Ӯ мерафтанд, ҳаросон мешуданд. Ва Ӯ он дувоздаҳро назди Худ хонда, боз ба гуфтани он чи ба сараш меояд, оғоз намуд:
[33] «Инак мо сӯи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро ба марг маҳкум кунанду ба дасти ғайрияҳудиён таслим кунанд;
[34] Ва Ӯро тамасхур кунанд, тозиёна зананд, туфборон кунанд, бикушанд; ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад».
[35] Он гоҳ Яъқуб ва Юҳанно, ду писари Забдой, назди Ӯ омада, гуфтанд: «Эй Устод! Мехоҳем, он чи аз Ту хоҳиш кунем, барои мо бикунӣ».
[36] Ба онҳо гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барои шумо бикунам?»
[37] Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо лутф намо, ки яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат дар ҷалоли Ту биншинем».
[38] Исо ба онҳо гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, биёбед?»
[39] Онҳо ба ҷавоб гуфтанд: «Метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Косаеро, ки Ман менӯшам, хоҳед нӯшид ва таъмидеро, ки Ман меёбам, хоҳед ёфт;
[40] Лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам; ҷуз онҳое ки барояшон муҳайё шуда бошад».
[41] Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз Яъқуб ва Юҳанно норозӣ шуданд.
[42] Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда гуфт: «Шумо медонед, ононе ки мири халқҳо ба шумор мераванд, бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд;
[43] Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад;
[44] Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи ҳама шавад;
[45] Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад».
[46] Ба Ериҳӯ омаданд. Вақте ки Ӯ бо шогирдонаш ва мардуми бисьёр аз Ериҳӯ мебаромад, Бартимай ибни Тимай ном кӯре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид.
[47] Чун шунид, ки ин Исои Носирист, фарьёдкунон гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман раҳм кун».
[48] Бисьёр касон вайро ба хомӯш шудан водор мекарданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман раҳм кун».
[49] Исо истода, фармуд, ки вайро бихонанд. Онҳо кӯрро хонда, гуфтанд: «Осуда бош, бархез, ки туро мехонад».
[50] Вай ҷомаи худро кашида, бархосту назди Исо омад.
[51] Исо ба вай ҷавоб гардонда, гуфт: «Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?» Кӯр ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Мехоҳам бино шавам».
[52] Исо ба вай гуфт: «Бирав, ки имонат туро шифо бахшид». Вай дарҳол бино гашта, аз ақиби Исо дар роҳ равона шуд.