Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 7:46

[1] Пас бо масалҳо ба онҳо оғози сухан намуда, гуфт: «Касе ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.

[2] Чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то аз меваи токзор аз токдорон бигирад,

[3] Лекин онҳо вайро дошта заданд ва тиҳидаст равона карданд.

[4] Боз хизматгори дигарро назди онҳо фиристод; вайро низ сангборон карда, сарашро кафонданд ва дашном дода пеш карданд.

[5] Боз як нафари дигарро фиристод: вайро куштанд; ва бисьёр касони дигарро — баъзеро заданд ва баъзеро куштанд.

[6] Як писари азизаш буд, ва дар охир вайро низ назди онҳо фиристода, дар дили худ гуфт: „Аз писарам шарм хоҳанд дошт“.

[7] Лекин токдорон ба якдигар гуфтанд: „Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то мерос аз они мо гардад“.

[8] Вайро дастгир карда, куштанд ва аз токзор берун бароварда партофтанд.

[9] Пас соҳиби токзор чӣ хоҳад кард? Омада, токдоронро ба марг маҳкум хоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд.

[10] Магар ин Навиштаро нахондаед: „Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид:

[11] Ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳайратангез аст“?»

[12] Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд; зеро донистанд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо гуфта буд; пас Ӯро вогузошта рафтанд.

[13] Ва чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд, то Ӯро аз суханаш афтонанд.

[14] Онҳо омада, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳасти ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ, балки роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ; оё ба қайсар ҷизья додан ҷоиз аст ё не? Бидиҳем ё надиҳем?»

[15] Аммо Ӯ риёкории онҳоро дарьёфта, гуфт: «Чаро Маро меозмоед? Диноре ба Ман биёред, то онро бубинам».

[16] Онҳо оварданд. Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва рақам аз они кист?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар».

[17] Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо». Ва аз ҷавоби Ӯ дар ҳайрат монданд.

[18] Ва саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:

[19] «Эй Устод! Мусо ба мо навиштааст: „Агар бародари касе бимирад ва зане аз худ гузошта ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад, ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад“.

[20] Ҳафт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт;

[21] Вайро дуюмин ба занӣ гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт; сеюм низ ҳамчунин.

[22] Ҳамаи он ҳафт вайро гирифтанд ва насле нагузоштанд. Баъд аз ҳама зан низ мурд.

[23] Пас, дар қиёмат, ки ҳама эҳьё хоҳанд шуд, вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд».

[24] Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Магар гумроҳ нестед аз он рӯ, ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро?

[25] Зеро, ҳангоме ки аз мурдагон эҳьё мешаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагон дар осмон мебошанд.

[26] Аммо дар бораи мурдагон, ки эҳьё мешаванд, магар дар китоби Мусо нахондаед, ки чӣ сон Худо дар назди бутта ба вай гуфт: „Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб“?

[27] Вай на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон. Пас шумо басе гумроҳ шудаед».

[28] Яке аз китобдонон, чун мубоҳисаи онҳоро шунида, дид, ки ба онҳо ҷавоби некӯ дод, пеш омада, аз Ӯ пурсид: «Аввалини ҳамаи аҳком кадом аст?»

[29] Исо ба вай ҷавоб дод: «Аввалини аҳком ин аст: „Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст;

[30] Ва Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дӯст бидор“; аввалин аҳком ҳамин аст!

[31] Ва дуюмаш монанди он аст: „Ёри худро мисли худ дӯст бидор“; хукми дигаре бузургтар аз инҳо нест».

[32] Китобдон ба Ӯ гуфт: «Офарин, эй Устод! Ту рост гуфтӣ, ки Худо ягона аст ва ҷуз Ӯ дигаре нест;

[33] Ва Ӯро бо тамоми дил ва бо тамоми идрок ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва ёри худро мисли худ дӯст доштан аз ҳамаи курбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳо афзалтар аст».

[34] Чун Исо дид, ки вай оқилона ҷавоб дод, ба вай гуфт: «Ту аз Малакути Худо дур нестӣ». Пас аз он касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.

[35] Ва ҳангоме ки Исо дар маъбад таълим медод, савол дода, гуфт: «Чӣ сон китобдонон мегӯянд, ки Масеҳ писари Довуд аст?

[36] Ва ҳол он ки худи Довуд бар тибқи Рӯҳулқудс мегӯяд: „Худованд ба Худованди ман гуфт: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам»“.

[37] Инак худи Довуд Ӯро Худованд меномад: пас чӣ сон Ӯ писари вай будааст?» Ва мардуми бисьёр каломи Ӯро бо хушнӯдӣ мешуниданд.

[38] Ва Ӯ онҳоро таълим дода, мегуфт: «Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд ҷомаҳои дароз пӯшида гарданд, ва дар бозорҳо табрик бишнаванд,

[39] Ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой бигиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд;

[40] Онҳо, ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва барои намуд дуоро тӯл медиҳанд, аз ҳама сахттар маҳкум хоҳанд шуд».

[41] Ва Исо дар муқобили ганҷина нишаста нигоҳ мекард, ки чӣ сон мардум ба ганҷина пул меандозанд. Аксари сарватдорон бисьёр меандохтанд.

[42] Ва бевазани камбағале омада, ду фулус андохт, ки ним тин мешавад.

[43] Пас шогирдонашро пеши Худ хонда, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи ононе ки ба ганҷина андохтанд, бештар дод;

[44] Зеро ҳама аз зиёдатии худ доданд, лекин вай аз камбағалии худ ҳар чӣ дошт, андохт, яъне тамоми нафақаи худро дод».

Инҷили Марқӯс — Chapters