Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 11:49

[1] То иди фисҳ ва фатир ду рӯз монда буд; саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон бо ҳила Ӯро дастгир карда, ба қатл расонанд;

[2] Лекин мегуфтанд: «На дар ид, мабодо дар байни мардум ошӯбе рӯй диҳад».

[3] Ва ҳангоме ки Ӯ дар Байт‐Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯни махавӣ назди суфра нишаста буд, — зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо омад ва зарфро шикаста, бар сари Ӯ рехт.

[4] Баъзе касон норозӣ шуда, дар байни худ гуфтанд: «Чаро ин равғани атрафшон талаф шуд?

[5] Зеро онро ба зиёда аз сесад динор фурӯхта, ба мискинон тақсим карда додан мумкин буд». Ва он занро сарзаниш карданд.

[6] Лекин Исо гуфт: «Вайро ором гузоред; чаро вайро хиҷил мекунед? Вай барои Ман коре некӯ кард.

[7] Зеро мискинон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд ва ҳар гоҳ, ки бихоҳед, ба онҳо зҳсон карда метавонед; лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам.

[8] Вай он чи метавонист, ба ҷо овард: Бадани Маро барои дафн пешакӣ тадҳин кард.

[9] Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай эикр хоҳад ёфт».

[10] Ва Яҳудои Исқарьют, ки яке аз он дувоздаҳ буд, пеши саркоҳинон рафт, то ки Ӯро ба онҳо таслим кунад.

[11] Онҳо чун сухани вайро шуниданд, шод гаштанд ва ба вай пул доданӣ шуданд. Вай дар ҷустуҷӯи фурсати мувофиқ буд, ки Ӯро таслим кунад.

[12] Дар рӯзи аввали иди фатир, ки барои фисҳ курбонӣ мекарданд, шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ, ки фисҳро бихӯрӣ, то рафта тайёр кунем?»

[13] Пас ду нафарро аз шогирдонаш фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба шаҳр биравед; марде ба шумо рост хоҳад омад, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз ақиби вай равона шавед,

[14] Ба куҷое ки дарояд, ба соҳиби хона гӯед: „Устод мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогирдони Худ бихӯрам?“

[15] Вай ба шумо болохонаи калони мафрушу тайёрро нишон медиҳад; дар он ҷо барои мо тайёрӣ бинед».

[16] Шогирдонаш равона шуда, ба шаҳр омаданд ва, чунон ки Ӯ гуфта буд, ёфтанд; ва фисҳро омода карданд.

[17] Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ омад.

[18] Ва ҳангоме ки нишаста таом мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумоён, ки бо Ман таом мехӯрад, Маро таслим хоҳад кард».

[19] Онҳо ғамгин шуда, паси ҳамдигар ба Ӯ гуфтанд: «Оё он манам?» Ва дигаре: «Оё он манам?»

[20] Лекин Ӯ ба ҷавоби онҳо гуфт: «Яке аз дувоздаҳ, ки бо Ман даст дар табақ меандозад.

[21] Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим карда шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт».

[22] Ва ҳангоме ки таом мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Бигиред ва бихӯред, ки ин Бадани Ман аст».

[23] Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дод; ва ҳама аз он нӯшиданд.

[24] Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисьёр касон рехта мешавад.

[25] Ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман дигар аз шираи ангур нахоҳам нӯшид, то ҳамон рӯзе ки дар Малакути Худо майи тоза бинӯшам».

[26] Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд.

[27] Ва Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод; зеро навишта шудааст: „Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандон пароканда хоҳанд шуд“.

[28] Аммо пас аз эҳьё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт».

[29] Петрус ба Ӯ гуфт: «Агар ҳама ба васваса афтанд ҳам, ман намеафтам».

[30] Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки ту ҳоло, дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хохӣ кард».

[31] Лекин вай бо ҷидду ҷаҳди зиёдтар мегуфт: «Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, Туро ҳаргиз инкор накунам». Дигарон низ ҳамчунон гуфтанд.

[32] Ба мавзее омаданд, ки Ҷатсамонӣ ном дошт; ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо бинишинед, то Ман дуо гӯям».

[33] Ва Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро бо Худ бурд; ва дар изтироб афтод ва дилтанг шуд.

[34] Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бедор бошед».

[35] Ва, каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо гуфт, ки агар мумкин бошад, он соат аз Ӯ бигзарад;

[36] Ва гуфт: «Аббо, Падарам! Ҳама чиз назди Ту мумкин аст; ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту».

[37] Ва омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн! Ту хуфтаӣ? Оё натавонистӣ соате бедор бошӣ?

[38] Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед; рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон».

[39] Ва боз рафта бо ҳамон суханон дуо гуфт.

[40] Ва баргашта, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд; ва онҳо намедонистанд, ки ба Ӯ чӣ ҷавоб диҳанд.

[41] Ва бори сеюм омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Вассалом, соат расидааст; инак Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад;

[42] Бархезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад».

[43] Ва дарҳол, ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисьёре аз ҷониби саркоҳинон, китобдонон ва пирон бо шамшеру таёқҳо омаданд.

[44] Таслимкунандаи Ӯ ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бибӯсам, Ӯ ҳамон аст; Ӯро дастгир кунеду бо эҳтиёт баред».

[45] Ва чун омад, дарҳол ба Ӯ наздик шуда, гуфт: «Эй Устод! Эй Устод!» Ва Ӯро бӯсид.

[46] Ва онҳо дастҳои худро бар Ӯ андохта, Ӯро гирифтанд.

[47] Аммо яке аз ҳозирон шамшери худро кашида, ба ғуломи саркоҳин заду як гӯши вайро бурида партофт.

[48] Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед;

[49] Ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад будам ва таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед; лекин бигзор Навиштаҳо ба амал ояд».

[50] Он гоҳ ҳама Ӯро вогузошта, гурехтанд.

[51] Ҷавоне ҷисми бараҳнаи худро ба чодире печонда, аз ақиби Ӯ мерафт; ва сарбозон вайро дастгир карданд.

[52] Лекин вай чодирро партофта, тани бараҳна аз дасти онҳо гурехт.

[53] Ва Исоро назди саркоҳин оварданд; ва тамоми саркоҳинон ва пирон ва китобдонон назди вай гирд омаданд.

[54] Петрус аз дур, то даруни ҳавлии саркоҳин, аз паи Ӯ равона шуда, бо хизматгорон нишаст ва назди оташ худро гарм мекард.

[55] Саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон дар ҷустуҷӯи шаҳодате бар зидди Исо буданд, то Ӯро ба қатл расонанд, лекин наёфтанд.

[56] Зеро бисьёр касон бар зидди Ӯ шаҳодати бардурӯғ доданд, лекин ин шаҳодатҳо ба якдигар мувофиқ набуд.

[57] Ва баъзе касон бархоста, бар зидди Ӯ шаҳодати бардурӯғ дода, гуфтанд:

[58] «Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: „Ман ин маъбади бо дасти одам сохташударо вайрон мекунам ва дар се рӯз дигареро бино мекунам, ки бо дасти одам сохта нашуда бошад“».

[59] Лекин чунин шаҳодати онҳо низ мувофиқ набуд.

[60] Пас саркоҳин бархост ва дар миёна истода, аз Исо пурсид: «Чаро Ту ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?»

[61] Аммо Ӯ ҳомӯш монд ва ҳеҷ ҷавоб надод. Боз саркоҳин аз Ӯ пурсида, гуфт: «Оё Ту Масеҳ, Писари Худои Мутабаррак ҳасти?»

[62] Исо гуфт: «Ман ҳастам; ва шумо Писари Одамро ҳоҳед дид, ки ба ямини Кудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд».

[63] Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро дарронда, гуфт: «Дигар ба шоҳидон чӣ ҳоҷат дорем?

[64] Шумо куфрро шунидед; чӣ мулоҳиза доред?» Пас ҳама Ӯро айбдор карда, сазовори марг донистанд.

[65] Ва баъзе касон ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд ва рӯяшро пӯшида, Ӯро мезаданд ва мегуфтанд, ки: «Нубувват кун». Ва хизматгорон Ӯро торсакӣ мезаданд.

[66] Ҳангоме ки Петрус дар поён, дар рӯи ҳавлӣ буд, яке аз канизони саркоҳин омад

[67] Ва чун дид, ки Петрус худро гарм мекунад, ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Ту низ бо Исои Носирӣ будӣ».

[68] Лекин вай инкор карда, гуфт: «Намедонам ва намефаҳмам, ки ту чӣ мегӯӣ». Ва ба ҳавлии берун рафта буд, ки хурӯс бонг зад.

[69] Каниз бори дигар вайро дида, ба ҳозирон гуфт: «Ин яке аз онҳост».

[70] Вай бори дигар инкор кард. Пас аз муддате ҳозирон ба Петрус гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту яке аз онҳо мебошӣ; зеро ки ту аз Ҷалил ҳастӣ ва лаҳҷаи ту ҳамон хел аст».

[71] Лекин вай ба савганду қасам хӯрдан оғоз намуда, гуфт: «Он Одамро, ки мегӯед, намешиносам».

[72] Ҳамон дам хурӯс бори дуюм бонг зад. Он гоҳ Петрус сухани Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард». Ва оғоз ба гиристан намуд.

Инҷили Марқӯс — Chapters