Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 5:57

[1] Фарисиён ва баъзе китобдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, назди Ӯ ҷамъ шуданд;

[2] Ва чун диданд, ки баъзе шогирдони Ӯ бо дастҳои нопок, яъне ношуста, нон мехӯранд, сарзаниш карданд.

[3] Зеро ки фарисиён ва ҳамаи яҳудиён ба ривоятҳои муршидон пайравӣ намуда, то дастҳои худро бодиққат нашӯянд, хӯрок намехӯранд;

[4] Ва чун аз бозорҳо оянд, то нашӯянд, чизе намехӯранд. Ва бисьёр расмҳои дигар ҳаст, ки нигоҳ медоранд: монанди шустани пиёлаҳо, кӯзаҳо ва курсиҳо.

[5] Пас фарисиён ва китобдонон аз Ӯ пурсиданд: «Чаро шогирдони Ту ба ривоятҳои муршидон пайравӣ намекунанд, балки бо дастҳои ношуста нон мехӯранд?»

[6] Ӯ ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Ишаъё дар бораи шумо, эй риёкорон, некӯ пайғом додааст, чунон ки навишта шудааст: „Ин мардум бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст;

[7] Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд“.

[8] Зеро шумо ҳукми Худоро як сӯ гузошта, ривоятҳои инсониро, монанди шустани кӯзаҳо ва пиёлаҳо, нигоҳ медоред ва бисьёр расмҳои дигарро ба ҷо меоваред».

[9] Ва ба онҳо гуфт: «Оё хуб аст, ки шумо ҳукми Худоро ботил мекунед, то ки ривояти худро риоя намоед?

[10] Зеро Мусо гуфтааст: „Падару модари худро иззат намо“; ва: „Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад“.

[11] Лекин шумо мегӯед: „Ҳар гоҳ касе ба падар ё модари худ гӯяд: «Он чи аз ман нафъ ёбӣ, қурбон, яъне ҳадия барои Ҳудост»“, —

[12] Ва баъд аз ин намегузоред, ки вай ба падар ё модари худ ягон чиз кунад,

[13] Дар айни ҳол каломи Худоро бо ривояти худ, ки ҷорӣ сохтаед, бартараф менамоед; ва бисьёр расмҳои монанди инро ба ҷо меоваред».

[14] Ва он ҷамоатро назди худ даъват намуда, гуфт: «Ҳама ба Ман гӯш диҳед ва бифаҳмед.

[15] Чизе нест, ки аз берун ба даруни одам даромада, вайро палид карда тавонад; балки чизе ки аз дарунаш баромада бошад, одамро палид мекунад.

[16] Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»

[17] Ва чун аз назди ҷамоат ба хона даромад, шогирдонаш маънии ин масалро аз Ӯ пурсиданд.

[18] Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё шумо низ чунин бефаҳм ҳастед? Оё намедонед, ки ҳар чизе аз берун ба даруни одам дарояд, наметавонад вайро нопок кунад?

[19] Зеро ба даруни дилаш намедарояд, балки ба шикамаш меравад ва аз он хориҷ мешавад, ва ба ин сурат ҳар хӯрок пок мегардад».

[20] Баъд гуфт: «Он чи аз одам берун ояд, одамро нопок месозад;

[21] Зеро ки аз даруни дили одам хаёлоти бад, зино, фисқ, катл,

[22] Дуздӣ, тамаъ, кина, макр, ҳирс, чашми бад, куфр, ғурур ва ҷаҳолат пайдо мешавад.

[23] Тамоми ин чизҳои бад аз дарун пайдо шуда, одамро палид мекунад».

[24] Ва аз он ҷо равона шуда, ба худуди Сӯр ва Сидӯн расид; ва ба хонае даромада, нахост, ки касе Ӯро шиносад; лекин натавонист пинҳон монад.

[25] Зеро зане ки духтараш рӯҳи палид дошт, хабари Ӯро шунид ва ҳамон дам омада, пеши пои Ӯ афтод;

[26] Ва он зан юнонӣ, аз аҳли Финиқияи Сурия буд; ва аз Ӯ илтимос намуд, ки девро аз духтараш берун кунад.

[27] Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор аввал бачагон сер шаванд; зеро нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест».

[28] Зан ҷавоб дода гуфт: «Оре, Худовандо; лекин сагон низ пасмондаҳои бачагонро зери суфра мехӯранд».

[29] Ба вай гуфт: «Аз барои ин сухан бирав, ки дев аз духтарат берун шуд».

[30] Чун зан ба хонаи худ омад, девро беруншуда ва духтарро бар бистар хуфта ёфт.

[31] Боз аз ҳудуди Сӯр ва Сидӯн баромада, Ӯ ба воситаи ҳудуди Декаполис сӯи баҳри Ҷалил равона шуд.

[32] Назди Ӯ якеро оварданд, ки гӯши кар ва лакнати забон дошт, ва илтимос карданд, ки даст бар вай гузорад.

[33] Вайро аз миёни ҷамоат ба хилват бурда, ангушти Худро дар гӯшҳои вай ниҳод ва туф карда, забонашро ламс кард;

[34] Ва ба осмон нигариста, оҳе кашид ва ба вай гуфт: «Ифатаҳ», яъне: «Воз шав».

[35] Дарҳол гӯшҳояш кушода ва гиреҳи забонаш яла шуда, ба дурустӣ сухан гуфт.

[36] Ва ба онҳо таъин кард, ки ба касе хабар надиҳанд. Лекин ҳар чанд ба онҳо манъ мекард, онҳо бештар овоза мекарданд.

[37] Ва бағоят ҳайрон монда, мегуфтанд: «Ҳар корро нағз мекунад: карҳоро шунаво ва гунгҳоро гӯё мегардонад».

Инҷили Марқӯс — Chapters