Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 5:51

[1] Чун Исо аз маъбад мебаромад, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Бингар, чӣ навъ сангҳо ва чӣ навъ иморатҳост!»

[2] Исо ба ҷавоби вай гуфт: «Ин иморатҳои бузургро мебинӣ? Ҳамаи ин хароб хоҳад шуд, ба дараҷае ки санге бар санге нахоҳад монд».

[3] Ва чун Ӯ бар кӯҳи Зайтун дар муқобили маъбад нишаста буд, Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд:

[4] «Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад, ва аломати рӯй додани ҳамаи ин чӣ гуна аст?»

[5] Он гоҳ Исо дар ҷавоби онҳо ба гуфтан оғоз намуд: «Ҳушьёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад;

[6] Зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки ин Ман ҳастам, ва мардуми бисьёрро гумроҳ кунанд.

[7] Аммо чун ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанӯз интиҳо нест.

[8] Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард; ва дар ҳар ҷо зилзилаҳо рӯй ҳоҳад дод, ва қаҳтиҳо ва ошӯбҳо падид хоҳад омад. Инҳо ибтидои дардҳост.

[9] Лекин шумо худро эҳтиёт кунед; зеро шуморо ба маҳкамаҳо ҳоҳанд кашид, ва дар куништҳо тозиёна ҳоҳанд зад, ва шуморо назди ҳокимону подшоҳон ба хотири Ман ҳозир хоҳанд кард, то барои онҳо шаҳодате гардад.

[10] Ва лозим аст, ки Инҷил аввал дар байни тамоми ҳалқҳо мавъиза карда шавад.

[11] Чун шуморо барои таслим кардан гирифта баранд, пешакӣ ғамхорӣ ва андеша накунед, ки чӣ бояд бигӯед; балки он чи дар он соат ба шумо ато шавад, онро бигӯед: зеро гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳулқудс аст.

[12] Он гоҳ бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳад кард; ва фарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳанд расонд.

[13] Ва ҳама аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт; лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.

[14] Чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷое ки намебояд, бар по бубинед, — ҳар кӣ хонад, дарк кунад, — он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд;

[15] Ва ҳар кӣ бар бом бошад, поён нафурояд ва барои гирифтани чизе ба хонаи худ надарояд;

[16] Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад.

[17] Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём!

[18] Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон рӯй надиҳад.

[19] Зеро дар он айём чунон мусибате хоҳад шуд, ки аз ибтидои офариниш, ки Худо офарид, то ҳол нашудааст ва бори дигар нахоҳад шуд.

[20] Ва агар Худованд он айёмро кӯтоҳ намекард, касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагоне ки Ӯ интихоб намудааст, он айёмро кӯтоҳ кардааст.

[21] Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: „Инак Масеҳ дар ин ҷост“, ё „дар он ҷост“, — бовар накунед.

[22] Зеро масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизот нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд.

[23] Лекин шумо ҳушьёр бошед; инак, Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.

[24] Лекин дар он айём, пас аз он мусибат, офтоб хира шавад ва моҳ рӯшноии худро надиҳад.

[25] Ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд.

[26] Он гоҳ Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд.

[27] Ва он гоҳ Ӯ фариштагони Худро фиристода, баргузидагони Худро аз чор ҷониб, аз канори замин то канори осмон фароҳам хоҳад овард.

[28] Акнун аз дарахти анҷир мисол гиред; чун шохааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст;

[29] Ҳамчунин шумо чун дидед, ки ин чизҳо воқеъ шудааст, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст.

[30] Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд.

[31] Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.

[32] Аммо он рӯз ва соатро, ғайр аз Падар, касе намедонад, на фариштагони осмон, на Писар.

[33] Пас, барҳазар ва бедор бошед ва дуо гӯед; зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад.

[34] Монанди касе ки ба сафар рафта ва хонаи худро тарк карда, ба хизматгорони худ ихтиёр дод ва барои ҳар яке шуғли хосе муқаррар намуд ва дарбонро фармуд, ки бедор бошад.

[35] Пас, бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар шом, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурӯс, ё бомдодон;

[36] Мабодо ногаҳон омада, шуморо хуфта ёбад.

[37] Аммо он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама мегӯям: „Бедор бошед“».

Инҷили Марқӯс — Chapters