[1] Чун наздики Ерусалим, ба Байт‐Фоҷӣ ва Байт‐Ҳинӣ, бар кӯҳи Зайтун расиданд, Ӯ ду шогирди Худро фиристода,
[2] Ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, биравед; чун даромадед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, ин ҷо биёред;
[3] Ва агар касе ба шумо гӯяд: „Чаро чунин мекунед?“, ба ҷавобаш бигӯед, ки Худованд ба он эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онро ба ин ҷо мефиристад».
[4] Онҳо рафта, курраро ёфтанд, ки дар кӯча назди дарвозае бастагӣ буд; ва онро воз карданд.
[5] Баъзе касоне ки дар он ҷо истода буданд, ба онҳо гуфтанд: «Чӣ кор доред, ки курраро воз мекунед?»
[6] Ба ҷавоби онҳо он чиро гуфтанд, ки Исо фармуда буд; ва онҳоро ба ҳоли худ гузоштанд.
[7] Ва курраро назди Исо оварда, ҷомаҳои худро бар он афканданд, то бар он савор шуд.
[8] Бисьёр касон ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд.
[9] Ва онҳое ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд; «Ҳӯшаъно! Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!
[10] Муборак аст малакути падари мо Довуд, ки ба исми Худованд меояд! Ҳӯшаъно дар арши аъло!»
[11] Ва Исо вориди Ерусалим шуда, ба маъбад даромад; ва ҳама чизро аз назар гузаронд, ва чун рӯз бевақт шуда буд, бо он дувоздаҳ ба Байт‐Ҳинӣ рафт.
[12] Рӯзи дигар, чун аз Байт‐Ҳинӣ берун омаданд, гурусна монд;
[13] Ва аз дур дарахти анҷирро, ки барг дошт, дида, омад, то шояд чизе бар он биёбад; чун наздик шуд, ҷуз баргҳо чизе наёфт, зеро ки мавсими анҷир ҳанӯз нарасида буд.
[14] Ва Исо ба он гуфт: «Пас аз ин то абад касе аз ту мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инро шуниданд.
[15] Ба Ерусалим омаданд. Исо ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳое ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, оғоз намуд; мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард;
[16] Ва нагузошт, ки касе чизеро аз миёни маъбад бардошта гузарад.
[17] Ва онҳоро таълим дода, мегуфт: «Оё навишта нашудааст, ки „хонаи Ман хонаи ибодати ҳамаи халқҳо номида хоҳад шуд“? Аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».
[18] Чун китобдонон ва саркоҳинон шуниданд, дар тараддуди он шуданд, ки чӣ тавр Ӯро ба ҳалокат расонанд; зеро аз Ӯ метарсиданд, чунки тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат буданд.
[19] Чун рӯз бевақт шуд, Ӯ аз шаҳр берун рафт.
[20] Бомдодон, вақте ки мегузаштанд, дарахти анҷирро диданд, ки то реша хушк шудааст.
[21] Ва Петрус ба ёд оварда, гуфт: «Эй Устод! Инак дарахти анҷире ки нафрин кардаӣ, хушк шудааст».
[22] Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:
[23] «Ба Худо имон оваред. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба ин кӯх гӯяд: „Бархоста, худро дар баҳр афкан“, ва дар дили худ шак надошта бошад, балки яқин дорад, ки он чи гӯяд мешавад, — ҳар чӣ гӯяд ба вай ато хоҳад шуд.
[24] Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард, — ва ба шумо ато хоҳад шуд.
[25] Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе ранҷу озоре кашида бошед, гуноҳи вайро афв намоед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо биомурзад;
[26] Аммо агар афв накунед, Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо наомурзад».
[27] Боз ба Ерусалим омаданд. Ва ҳангоме ки Ӯ дар маъбад мегашт, саркоҳинон, китобдонон ва пирон назди Ӯ омада,
[28] Гуфтанд: «Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин қудратро ба Ту додааст, то ин корҳоро кунӣ?»
[29] Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ба Ман ҷавоб диҳед; он гоҳ Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам;
[30] Таъмиди Яҳьё аз осмон буд, ё аз инсон? Ба Ман ҷавоб диҳед».
[31] Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд: «Агар гӯем, ки „аз осмон буд“, Ӯ бигӯяд: „Пас чаро ба вай имон наовардед?“
[32] Ва агар гӯем, ки „аз инсон буд“» — аз мардум метарсиданд; зеро ки ҳама Яҳьёро набии барҳақ медонистанд.
[33] Ба Исо ҷавоб дода гуфтанд: «Намедонем». Исо ҳам ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом кудрат ин корҳоро мекунам».